Муноқишаи навбатие, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба миён омад, ин навбат ҳам боиси баҳси тезу тунди рӯзноманигорону блогерон ва ҷомеаи шаҳрвандии ду ҷониб гардид ва ҷанги иттилоотии шадидеро ба миён овард. Ин ҷанги иттилоотӣ чӣ пайомадҳоро ба бор овард? Дар ин хусус чанд нафар коршиносон ва рӯзноманигорон и масоилиҳассоси вобаста ба марз кор назари хешро баён намуданд.
Иброҳим Усмонов – профессор:
- Бо пайдо шудани Интернет ҳамчун василаи ахбор хусусияти воситаҳои ахбор тамоман дигар шуд. Ин чиз ба истилоҳ пропагандаи замони капитализми ваҳширо ба ёд меорад, гӯё капитализм аз нав пайдо шуда бошад. Зеро Интернет ва ончӣ, ки сомонаҳо менависанд, ин журналистика нест. Ин фикри як шахс, ки дар кунҷи хонааш нишаста дар бораи воқеаҳои баамалоянда фикри худро баён мекунад ва гӯё ин фикри вай фикри умум бошад ва ё барои умум мегуфта бошад. Бинобар ҳамин ман дар яке аз маҳфилҳое, ки АМВАОМТ ташкил намуда гуфта будам, ки Интернет ва сомонаҳои нав ин хатарноктарин воситаи ахбор мешавад ва ҳамин хел ҳам шуд.
Ин ҷо суоле, ки ба миён омадааст, комилан ҷон дорад, зеро ин ҳаёҳуе, ки дар атрофи воситаҳои ахбор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебардоранд, як шарораро ба аланга табдил медихад. Яъне, як чизи майдаро ба мисли кӯҳ калон нишон медихад, хоҳ рост гӯянд хоҳ дурӯғ ва дар натиҷа хоҳу нохоҳ дар байни тарафҳои ба ҳам муқобил истода як навъ шӯр меангезанд. Ин навъи ҷангро дар замони ҳозира “ҷанги омехта” (гибридная война) ҳам ном кардаанд. Умуман дар ҷахони ҳозира ҷанге, ки ҳам силоҳ дорад, ҳам сухан дорад, ҳам талошҳои оддӣ ва ҳам воҳима дорад, ба номи “ҷанги омехта” ёдоварӣ мешавад, яъне ҳама василаҳоро истифода мебаранд. Бинобар ин беҳтарин амал он аст, ки воситаҳои ахбори умум рӯзномаю маҷаллаҳо сарфи назар аз он ки онҳо расмию ҳукуматӣ ва ё шахсию хусусӣ ҳастанд, дар ин масъала бештар ба манбаҳои боэътимод, ҳадди ақал дар як мавзуъ ба ду манбаъ такя карда нависанд.Ин аст ифодаи воқеияте, ки ба амал меояд вале онҳое, ки аз хонаашон набаромада менависанд ва ё ба хамон наздикиҳо рафта ба овозаҳо такя мекунанд, ин танҳо иғво асту бас.
Шокирҷон Ҳакимов – ҳуқуқшинос, фвъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ:
Мутаассифона ин воқеияти имрузаи мост, ки бо сабабҳои маълум сифати фаъолияти ВАО бо тамоми шаклҳояш талаботи аудиторияро конеъ намекунад. Ва кӯшиши ба таври қатъӣ танзим кардани тартиби инъикоси муноқишаи байни мо ва кишвари ҳамсоя аз ҷониби субъектҳои фазои иттилоотӣ, новобаста аз шакли моликият, тобеияти идоравӣ ва маъмурӣ тасаввуроти эҷодӣ ва муносибати объективии инъикоси сабабҳоро хеле маҳдуд мекунад. Муносибатҳо инчунин дигар омилҳои объективӣ ва субъективӣ, ки боиси ноором шудани вазъ дар баъзе ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон ба вуҷуд меоянд, хеле муҳим ва стратегӣ аст, ки ҷомеаи журналистӣ меъёри қобилиятро риоя намояд. Имкон надиҳад, ки нашрияҳои чопӣ ва дигар васоити ахбори оммаи Қирғизистон иттилоотро ҳамчун далели муқобилият, тафсири нодуруст ва импровизатсия бар зидди кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ истифода баранд. Бояд миёни рӯзноманигорон бо марказҳои робита бо ҷомеа, инчунин марказҳои матбуотии сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҳамкориҳои созанда вуҷуд дошта бошад. Илова бар ин мехоҳам таъкид намоям, ки дар Кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паҳн кардани маълумоти мухталифи бардурӯғ ва тасдиқнашуда аз ҷониби рӯзноманигорон ва иттиҳодияҳои онҳо, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Абдумалик Қодиров – котиби генералии Медиа Алянси Тоҷикистон:
Аслан ба ин масъала аз чанд нуқтаи назар бояд нигоҳ кард. Аз нуқтаи назари профессионализми журналистӣ ҳамагуна маълумоти носанҷида ва яктарафаро паҳн кардан ин аллакай хиёнат ба журналистика аст, яъне вайрон кардани одоби журналистӣ аст. Дар ин мавзуъ чӣ дар Точикистон ва чӣ дар Қирғизистон қонун набошад ҳам лекин санадҳои корпоративии қабулшуда амал мекунад. Масалан дар Тоҷикистон Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ вуҷуд дорад ва дар Қирғизистон низ ҳамчунин. Воқеан ҳам ҳар як журналист ва блогер пеш аз он ки як маълумотро нашру паҳн кунад аввал масъаларо пурра санҷад. Албатта дар давраи ҷанг санҷидани маълумот қариб, ки имконнопазир аст. Масалан, чӣ тавр як журналисти тоҷик метавонист даргириҳои он тарафи сарҳадро санҷад ва мисли ҳамин журналистони қирғиз низ ҳам наметавонистанд ин корро кунанд. Аммо бо вайрон намудани меъёрхои ахлоқи журналистӣ ва дигар василаҳо ҷониби Қирғизистон тавонистанд ҷониби моро оғозкунандаи чанг нишон диҳанд.
Чанд сол пештар АМВАОМТ як лоиҳаеро роҳандозӣ намуда буд, ки журналистони Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам даст дода буданд, ки дар ҳолатҳои ба миён омадани низоъ маълумоти заруриро бо ҳамдигар мувофиқа кунанд. Имрӯз бошад, вақте ин ҳодиса сар зад, ҷониби Қирғизистон умуман аз этикаи журналистӣ даст кашиданд. Журналистони қирғиз аз нуқтаи назари ватандустии худ назар карданд. Яъне онҳо эътироф карданд, ки ҷанги иттилоотӣ ҷараён дорад ва онҳо дар мавқеи худ устуворанд ва “ғолиби майдон”-анд. Онҳо тавонистанд мавқеи худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонданд. Албатта ин тамоман нодуруст аст, чунки онҳо этикаи журналистиро комилан вайрон карданд. Ҷониби Тоҷикистон блогерон ва онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешинанд, шӯру мағал бардоштанд, ки чаро мо хомӯшем? Вале ягон нафар ба ҷои шӯру мағал кардан кӯшиш накард, ки ягон маълумот ва маводи заруриро паҳн кунад. Интизор буданд , ки каси дигар ба ҷои онҳо ин корро мекунад. Ҳама аз блогеру журналистон шикоят карданд. Аз нуқтаи этикаи журналистӣ гирем, набояд журналистикаро ба эҳсосот табдил диҳем ва набояд журналистон ва блогерон ба эҳсосот дода шаванд. Онхо бояд, ки дар ин маврид рисолати касбии худро бояд дуруст иҷро кунанд. Дар ин масъалае, ки ба миён омад, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон, махсусан аз маркази матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ маълумоти заруриро сари вақт ба воситаи ахбори омма ба мардум расонида нашуд, мо мавқеъгирӣ карда натавонистем. Яъне бо сабаби таъхири марказҳои матбуотии мақомоти дахлдор мавқеи худро бой додем. Имрӯз як мафҳуме аст бо номи изи (пайи) рақамӣ (цифровой след), яъне ҳар касе ки сари вақт маълумотро нашр кард, мавқеи ӯ мавқеи расонаӣ мешавад. Ҳамсояҳои мо дар ҳамин чиз бисёр пешдастӣ карданд. Вақте мо гуфтем, ки қирғизҳо соати 4:50 ҷангро оғоз карданд, вале ин маълумотро расман чоп накардем. Яъне иззи рақамии худро нагузоштем то дар ҳолатҳои зарурӣ исбот карда тавонем, ки шумо аввал ҷангро оғоз кардед.
Номвар Қурбонов – журанлист, коршиноси масоили марзӣ:
Ба андешаи ман сари эҳсосот баҳс кардан, масъаларо таҳлил накарда ҳаргуна хабарҳоро ба сари ҳамдигар бор кардан вазъиятро мураккабтар мекунад. Чӣ тавре мегӯянд “ дузди зӯр соҳиби говро бастааст”, қирғизҳо худ муноқишаро оғоз карданд ва расонаҳояшон ҷониби Тоҷикистонро гунаҳгор нишон доданд. Лекин аз ҷониби мо низ нафароне ҳастанд, ки андешахояшонро баён карда вазъиятьро то андозае мураккабтару печидатар мекунанд. Бо назардошти ҳамин масъала хуб мешуд агар бештар расонаҳои давлатии мо мавқегирӣ карда аз нуқтаи назари манфиатҳои миллӣ ба ин масъала рӯшанӣ андозанд, то ин ки ҷомеа ба таҳлука наафтад. Хуб мешуд, агар нуқтаи назари коршиносонро дар ин масъала гирифта дар расонаҳои давлатӣ, телевизион ва радио бештар нишон медодем, то ҳолати руҳии мардумро, ки бештар ҷабрдида ҳастанд, ором намоем. Мо меъёрхои байналмиллалӣ, ҳуқуқҳои ҳамсоядорӣ яъне муносибатҳои дипломатиро риоя мекунем, вале онҳо аз ҳама ҷиҳат хато карданд, ҳамагуна меъёрҳоро вайрон карданд, аммо бо вуҷуди ин моро гунаҳкор ҳисобиданд. Бинобар ҳамин расонаҳои давлатии мо низ баробари расонаҳои хусусию ғайридавлатӣ бештар дастбакор шаванд.
Фируз Баротзода – журналист, коршиноси масоили ВАО:
Дар вақти низоъҳои сарҳадӣ, маводи носанҷида паҳн кардани блогерону хабарнигорон албата хавнок аст. Ин ҳолат ба муташанниҷ шудани вазъ сабаб мешавад. Яъне, ба оташи низоъ равған рехтан аст. Махсусан, дар ҳамин вақт иттилооти росту дақиқ ва бо факту далел чун обу ҳаво зарур аст. Ҳолати мардумро ҳам фаҳмидан мумкин, онҳо аз ҳаррӯза дида дар ин давра ташнаи иттилоот мешаванд. Аз ин рӯ ҳодисаро бо факту далел расонидани хабарнигорон ё журналистони ва блогерон муҳим аст. Айнан ҳамин корро дар шабакаҳои иҷтимоии шаҳрвандони Қирғизистон зиед дидем. Ҳамчунин шаҳрвандони ноҳияҳои наздимарзӣ низ ба эҳсосот дода шуда наворҳое нашр карданд, ки дар оянда он ба муқобили Тоҷикистон, ки дар ин низоъ ба андешаи ман ҷабрдида аст, истифода мешаванд.
Як амали бисер нангин ва душманона дар ин низоъ паҳн кардани маводи фейк ва дуруғину иғвобарангез аст. Паҳнкунандагони ин мавод баробар ба қотилу дузду авбошанд. Онҳо домани ҷангро васеъ карда, аз бадбахтии одамон лаззат мебаранд. Ин гуна одамон шахсони беарзише хастанд, ки шояд бархе бо ғаразҳои сиесӣ ва бархе барои лайку ҷамъи тамошобин ба ин кор даст зананд.
Таҳияи Мавзунаи Муҳаммадалӣ, журналист