ВКД: “Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба фаъолияти экстремистӣ гумонбар мешавад”
     TJ RU EN
10:31 / 2024-12-20

ВКД: “Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба фаъолияти экстремистӣ гумонбар мешавад”

Pirmuhammadzoda AРӯзноманигор ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Ҳафиззода Шодӣ, сардори Раёсати ҷиноятҳои муташакили ВКД дар нишасти матбуотии имрӯза гуфт, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, блогер ва журналисти боздоштшудаи тоҷик барои фаъолияти экстремистӣ гумонбар мешавад ва нисбати ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ба таъкиди ӯ, Пирмуҳаммадзода ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта додситонии кул гуфта буд, ки Абдусаттор, 9 июл аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат барои итоат накардан ба талаботи корманди пулис дастгир шудааст.

- Нисбати Абдусаттор Пирмуҳаммадзода маводҳои санҷишӣ тартиб дода шуда, ҳоло нисбаташ қарор ниҳоӣ қабул карда нашудааст. То 19 июл бо қарори суд, ки ҳукми қонунӣ пайдо кардааст, дар боздошт мемонад, - гуфта буданд аз додситонӣ.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 9 июл аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт шуд. Наздиконаш бо изҳори нигаронӣ гуфта буданд, ки аз ӯ хостаанд, дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нанависад ва танҳо дар мавзуъҳои сайёҳӣ ва таърихӣ мавод таҳия кунад.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, корманди пешини радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон, солҳои охир асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ назару андешаҳои худро баён медошт. Махсусан, пас аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ӯ аз ангуштнамо рӯзноманигоре буд, ки ба ҳимоят аз онҳо садо баланд кард.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20220719/vkd-abdusattor-pirmuammadzoda-ba-faoliyati-ekstremist-gumonbar-meshavad


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима