Вазорати мудофиа: «Нисбат ба ашхосе, ки дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳ маълумоти бардурўғ ва носаҳеҳ паҳн мекунанд, ҷазо дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ татбиқ гардад»
     TJ RU EN
11:16 / 2024-12-20

Вазорати мудофиа: «Нисбат ба ашхосе, ки дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳ маълумоти бардурўғ ва носаҳеҳ паҳн мекунанд, ҷазо дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ татбиқ гардад»

VmudofiaБо мақсади пешгирӣ намудан аз паҳн кардани ҳар гуна маълумоти бардурўғ ва носаҳеҳ тавассути воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ оид ба шарту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оид ба раванди баргузории маъракаҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дигар ахбороту овозаҳои бардурўғу бофташудае, ки боиси коста гардидани шаъну шарафи Артиши миллӣ ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Омўзиши таҷрибаи дигар кишварҳо нишон медиҳад, ки паҳн кардани маълумоти бардурӯғи дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва оммавӣ, аз ҷумла дар бораи ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва бехатарии одамон таҳдид мекунанд, боиси оқибатҳои вазнин гардида, чунин кирдор дар қонунгузории онҳо акнун ҷиноят ҳисобида мешавад, — гуфтанд дар ниҳоди мудофиавии мамлакат.

Мавриди зикр аст, ки афзоиши шумораи хабарҳои бардурӯғи паҳншуда дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби баъзе кормандони ВАО ва дигар ашхоси дорои мақсаду нақшаҳои ғаразнок, ҷустуҷӯйи роҳҳои нави мубориза бо чунин маълумоти бардурӯғ, аз ҷумла ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки раванди торафт паҳн шудани ҳар гуна иттилооти бардурўғ дар миёни ҷомеа эътимоду боварӣ ва тарафдории мардумро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заиф намуда, ба қадру манзалат ва иқтидори мудофиавии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамзамон бо назардошти сиёсати инсондўстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар марҳилаи кунунӣ танҳо ҷорӣ кардани ҷарима ё ҳабси маъмуриро барои вайронкунандагони он пешбинӣ менамояд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар масъалаи коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.

https://khovar.tj/2022/07/vazorati-mudofia-nisbat-ba-ashhose-ki-dar-borai-uvva-oi-musalla-malumoti-barduru-va-nosa-e-pa-n-mekunand-azo-dar-namudi-arima-yo-absi-mamur-tatbi-gardad/


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима