Озодии баён: Риояи қонун бояд аз ду ҷониб ва дар як тавозун бошад...
     TJ RU EN
07:54 / 2024-11-16

Озодии баён: Риояи қонун бояд аз ду ҷониб ва дар як тавозун бошад...

Halim JuraevМушоҳида ва таҷрибаи корӣ дар чанд соли ахир нишон медиҳад, ки бозтоби мавзуҳои вобаста ба муноқишаҳои марзӣ, фасодкории баъзе мансабдорони давлатӣ ва то ҳатто муаммоҳои доғи иҷтимоӣ низ ба рӯзноманигорони хосатан расонаҳои мустақил ба осонӣ даст намедиҳад. Як паҳлуи масъала ин аст, ки дарёфти тасдиқи дурустии иттилоъ аз забони ниҳод ё масъули расмии воқиф аз мавзуъ дар бисёр маврид саривақт ба даст намеояд. Ё ин, ки нафарони масъул аз суҳбат худдорӣ мекунанд ва ҷузъиёти ҳодиса ё мавзуро ба ҷомеъа шарҳ намедиҳанд ва худро канор мекашанд. Вазъ ба гунае тағйир хӯрдааст, ки гоҳо мутасаддии ин ё он ниҳод мавзуи марбут ба зери дасташонро, ки аслан аз салоҳияти онҳо берун нест бидуни ризоияти роҳбарияти худ шарҳ намедиҳанд ва ё намехоҳанд масъала расонаӣ шавад. Ҳамин тавр хостаҳои мардум, ки посухи роҳи ҳалли масъаларо аз масъулини марбута мунтазир мешаванд иҷро нашуда мемонад.

ВАО минбарест, барои ҳама қишри ҷомеъа, ки мавзуеро матраҳ кунанд ба баҳс кашанд, роҳи ҳал ёбанд ва ҳамин тавр заминае барои пешрафт гузоранд маҳсуб меёбад. Вале ангуштшумор будани касони расмии дорои фикри афкорсоз, ки дар расонаҳо чарх мезанад ин фазоро холӣ кардааст ва ҳамин тавр мардум гоҳо ба хабарҳои расман тасдиқношуда ва бидуни ҷузъиёти комил паҳншуда бовар ҳосил мекунанд.

Барои рӯзноманигор “хатти қирмиз” ҳатмист ва он бояд қонун ва меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ бошад. Аммо риояи қонун бояд аз ду ҷониб ва дар як тавозуне бошад, ки ба он ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам рӯзноманигорон арҷ гузоранд. Вале гоҳо бо маҳдуд кардани иттилоъ ва пинҳон нигоҳ доштани он гӯё дасту пойи рӯзноманигоронро мебанданд, ки инъикоси он бидуни фикри тасдиқшуда ғайриимкон аст. Ҳамин тавр пиёда шудани як хатти маҳдудияти дохилии худсохт аз суйи мақомот, ки дар асл берун аз талаботи қонун аст, фазои иттилоърасониро барои рӯзноманигор тангтар кардааст.

Ҳалим Ҷураев
журналист


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима