"Хатти қирмиз" барои журналист куҷост: дар Точикистон инъикоси кадом мавзӯъҳо дар ВАО мушкил аст?
     TJ RU EN
07:34 / 2024-11-16

"Хатти қирмиз" барои журналист куҷост: дар Точикистон инъикоси кадом мавзӯъҳо дар ВАО мушкил аст?

Zajnuddin OrifiТоҷикистон баъди дарёфти соҳибистиқлолӣ аз тақсими майдонҳои гирдиҳамоӣ ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Як сухани бемавриди аҳли қалам ба торҳои эҳсоси ҷомеа нохун зада метавонад. Дар тарозуи ақл баркашида ин ё он мавзуро мебояд баррасӣ намуд. Аммо мавриди инъикоси мавзуҳои иқтисодӣ барои таҳлили хуб мушкилоти дастрасӣ ба маълумот пеш меояд. Яъне назари ду ҷониби масъала баён карда шавад, вале дарёфти омори дақиқ ва ё назари холиси коршиносро ба даст овардан ба осонӣ даст намедиҳад. “Хатти қирмиз”барои журналист ин берун нашудан аз чорчубаи қонунҳои мавҷудаи кишвар аст. “Ҳафт бор чен куну як бор бур...”мақолро на бояд фаромуш кард ва хома бояд созанда бошад на сузанда. Ана ҳамин хатти қирмизро набояд убур кард.

Зайнудин Орифи,
журналист

 

Joqub HalimovТо он ҷо, ки ман огоҳам чунин як дастури хаттие мавҷуд нест, ки "хатти қирмиз"-ро барои расонаҳои Тоҷикистон – чӣ давлатӣ, чӣ хусусӣ – таъйин кунад. Аз мушоҳидаҳо ва мутолеаҳову шунидаҳо мегӯям, ки расонаҳои давлатӣ тақрибан ҳеҷ матлабу навори интиқодӣ аз фаъолияти шохаҳои ҳокимият, аз воқеиятҳоиТоҷикистонро нашр намекунанд. Яъне, амалан ба дастгоҳи "пропаганда" табдил шудаанд. Ҳарчанд номи расонаро доранд, меъёрҳои муосири расона буданро риоя намекунанд. Дар расонаҳои хусусӣ ба мушоҳидаи ман бештар касбият намерасад. Вагарна мешавад ҳар гунна мавзуро инъикос кард. Зоҳиран "хатти қирмиз"-ро расонаҳои хусусӣ худ барои худ таъйин кардаанд ва аз инъикоси мавзуҳое, ки эҳтимол дорад, дарди сар оранд, парҳез мекунанд.

Ёкуб Халим,
журналист

 

Abdulaziz VoseevМутаассифона солҳои охир доираи мавзӯъҳое, ки журналистон аз инъикоси онхо даст мекашанд, ҳарчӣ бештар тангтар мешавад. Худсенсорӣ ҳам ба дараҷаи баланд расидааст. Агар 10 сол пештар мавзӯъҳои барои расонаҳо "табӯ" як ё дуто буд, ҳоло барои ҳисоб кардани онҳо ангуштони ду даст ҳам камӣ мекунанд. Мутаассифона чунин аст.

Абдулазиз Восеев,
журналист


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима