Аслан мавзӯе вуҷуд надорад, ки навиштанаш осон бошад. Бавижа ҳоло, ки манбаъҳои хабарии зиёди расмиву ғайрирасмӣ пайдо шудаанд, танҳо маълумоти мӯътамад ва дар шакли креативу касбӣ пешниҳодшуда метавонад харидор ёбад. Яъне гап сари пешниҳоди касбии матолиб аст. Яке аз сабабҳои таҳия нашудани матлабҳо аз рӯи меъёрҳои касбии байналмилалӣ дар аксари расонаҳои мо, агар ба ҳунари касбии ҳамкасбони мо марбут бошад, аз сӯи дигар омилҳои воқеӣ ҳам дорад. Муҳимтарин омил ин дастрасӣ надоштани журналистон ба ахбору маълумот аст, ки дар ин бора хеле зиёд гуфтаанд. Мутаассифона журналистон ва ҳамин тавр ҷомеа аз ахбори муҳими иҷтимоӣ ё ноогоҳ мемонанд, ё онро аз расонаҳои хабарии беруна дар шакли таҳрифшуда, ё ҳатто аз воқеиятҳо дур хоҳанд шуниду хонд. Дар замони ҷангҳои хабарии даҳшатнок ҳеҷ кас дар дохил аз ин гуна бархӯрд манфиат намебинад ва маблағи зиёди мардум ҳам, ки дар буҷаи кишвар ифода ёфтааст, барҳадару бенатиҷа масраф мешавад.
Маҳз бо ҳамин сабаб ва баъдан хоҳишу бардошти масъулин, ки журналистикаро ҳоло бадтар аз замони шӯравӣ абзори сахти идеологӣ тасаввур мекунанд, матолиби аксари ҳамкасбони мо, хоса дар расонаҳои ҳукуматӣ хеле дилбазану аз назари мухотабон дур ба назар мерасанд. Бубинед, ҳоло тақрибан ҳар хабару матлабро дар ин расонаҳо ҷомаи пропагандӣ медиҳанд. Албатта ин гуна бархӯрд хонандаву бинандаву шунавандаро ҳарчӣ дуртар мебарад. Ин ҳам як мушкили хос аст. Вақте ҳар журналист мебинад, ки оддитарин матлабашонро аз рӯи қолаби шахшуда ва бе оҳанги таблиғии ҳукумат таҳия карда наметавонад, дар бораи пешрафтҳои касбиаш камтар фикр мекунад. Беҳтар медонад “тафаккури қолабӣ” дошта бошад.
Мавзӯи дуюм албатта ба “хатти сурх” бармехӯрад. Мутаассифона ҳоло мавзӯъҳои зиёди оҳанги иҷтимоидошта дорем, ки дар расонаҳои дохилӣ инъикоси худро намеёбанд. Ин гуна муносибат агар аз як ҷониб матбуоту расонаҳои моро дар назари мухотабонаш беэътимоду камобрӯ гардонад, аз сӯи дигар “хӯроки тайёр” –и расонаҳои дигар, аз ҷумла мухолифи беруна мегардад. Албатта онҳо бо ғаразҳои хос аз ин ҳолат истифода мекунанд. Бубинед, ҳамин чанд рӯз пеш гурӯҳи расонаҳои “Азия плюс” эълон кард, ки дар бораи ҳаводиси иттифоқафтода дар Бадахшон чизе намегӯяд. Сабабашро ба он вобаста донист, ки ҳушдорҳое гирифтаанд ва метавонад боис ба қатъи фаъолияташон гардад. Ин як ҳушдори ҷиддӣ буд. Дар замина расонаҳои дигар ҳам аз пӯшиши хабарии ин ҳодисаҳо даст кашиданд, ё матолиберо нашр карданд, ки ба эҳтимоли қавӣ дар ниҳодҳои махсус таҳия шуда буданд ва албатта касбӣ низ набуданд.
Пас гуфтан мумкин, ки ҷомеаи дохилу хориҷ аз ҳаводиси Бадахшон ва “амалиёти махсус” –и мақомот бехабар монд? Албатта не. Аммо расонаву шабакаҳои хориҷӣ ё марбут ба мухолифини ҳукумат онҳоро ба манфиати худ истифода карданд ва дар чашми мардум ҳамчун “расонаи мустақил” бозтоб шуданд. Дар ҳоле, ки маълумоти дурӯғ ҳам паҳн шуд, аз ҷумла дар мавриди “суқути вертолёт аз ҷониби “Толибон”, ки баъдан мақомот маҷбур шуданд онро такзиб намоянд. Зеро мавзӯъ хеле ҷиддӣ шуд ва метавонист мушкилоти дигари тактикиву стратегиро ба миён биёрад. Дар замони ҷангҳои иттилоотӣ ин як амри табиист.
Мутаассифона чунин ҳолатҳо кам набуд. Дар натиҷа мақомот танҳо нақши “момоҷавобак” –ро гирифтанду маълумоти нодурусти пешниҳодшударо такзиб намуданд. Пас беҳтар нест, ки онҳо бо расонаҳои дохилӣ робитаи касбӣ дошта бошанду аз онҳо бозтоби касбиро тақозо намоянд ва ҷой барои чунин ҳолатҳо пайдо нашавад?
Ҳамин тавр, мавзӯъҳое чун дороии мансабдорон, коррупсия, “дасти дарози бархе мансабдорон ва аҳли оилаи президент” дар Тоҷикистон мисли табу ба назар мерасанд, ки аслан ба онҳо матбуоти ватанӣ дахл намекунад, ё як ё ду расонаву журналисти мустақиле ҳаст, ки онҳоро хеле боэҳтиёт бозтоб медиҳанд.
Ҳамин тавр, аз ҳолати мавҷуда ду масъала пеш меояд. Яке, пайдо шудани нобоварӣ ва камобрӯ шудани расонаву журналистони ватанӣ ва дуюм, ба ин мавзӯъҳо таваҷҷӯҳ кардани мардум тавассути расонаҳои берунаву шабакаҳои иҷтимоии марбут ба мухолифин.
Фикр мекунам, ки фурсат барвақт расидааст, ки ҳукумат ва масъулинаш ахиран дарк кунанд, ки дар асри 21 ҳеҷ маълумотро пинҳон кардан имкон надорад. Пас беҳтар аст бо ҳамкасбони мо аз расонаҳои Тоҷикистон ҳамкории касбиро роҳандозӣ намоянд ва аз “қолабҳои идеологии” ҳатто бадтар аз замони шӯравӣ канор раванд. Ҳол он ки худи онҳо аниқ медонанд, ки чунин шеваи кор ҳеҷ натиҷае надорад, илло аз он ки чанд нафар шояд соҳиби пул ва манфиат мегардад. Аммо манфиатҳои ватаниро кӣ фикр хоҳад кард?
Раҷаб Мирзо
журналист