Намояндаи САҲА дар умури озодии расонаҳо Тереза Рибейро имрӯз ҳамла ба хабарнигорон дар Душанберо маҳкум кард ва аз амнияти кормандони расонаҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ кард. Ин дар ҳолест, ки гузоришҳо дар бораи ду ҳамлаи ҷудогона дар Душанбе ба кормандони шабакаи хабарии телевизионӣ ва рақамии русизабони "Настоящее время" ва бахши тоҷикии Радиои Свобода/Радиои Озодӣ пас аз гирифтани мусоҳиба дар бораи ҳаводиси ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ).
"Ман ҳамлаҳои дирӯз дар Душанбе нисбат ба ин рӯзноманигорон рухдодаро маҳкум намуда, бори дигар аз мақомот даъват мекунам, ки чунин таъқибот қатъ карда шавад, то кормандони ВАО вазифаҳои касбии худро иҷро карда, аз рӯйдодҳои муҳими барои тамоми ҷомеа гузориш диҳанд." - гуфт намояндаи САҲА дар умури озодии ВАО.
Расонаҳо навиштаанд, ки рӯзи 17 май чанд нафари ношиноси дорои либоси шаҳрвандӣ аз мошинҳои кормандони “Настояҳее время” ва Радиои Озодӣ Анӯшервон Орипов, Насим Исомов, Муллораҷаб Юсуфӣ ва Барот Юсуфиро берун кашида, таҷҳизоти касбӣ, инчунин телефонҳои мобилии хизмативу шахсии онҳоро бо худ бурданд. Гуфта мешавад, ки Муллораҷаб Юсуфӣ ва Барот Юсуфӣ мавриди лату кӯб қарор гирифта, ба сар ва танаш чанд зарбаи сахт задаанд.
Кормандони расонаҳои хабарӣ мегӯянд, ки пас аз нооромиҳои шаҳрвандӣ дар ВМКБ рӯзи 16 май фишорҳо афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, рӯзи 17-уми май портали хабарии мустақил ва нашрияи «Азия-Плюс» эълон карданд, ки пас аз гирифтани ҳушдор аз мақомот пӯшиши рӯйдодҳои ВМКБ-ро қатъ мекунанд. Илова бар ин, аз 16 май инҷониб дар ВМКБ интернет ва алоқаи мобилӣ амалан дастнорас аст.
Дастрасӣ ба иттилоот барои ҷомеа, бахусус дар замони нооромиҳо муҳим аст, аз ин рӯ, ман аз мақомот даъват мекунам, ки барои ҳифзи озодии ВАО, таъмини амнияти тамоми кормандони ВАО ва барқарор кардани дастрасӣ ба тамоми воситаҳои иртибот тамоми кори аз дасташон меомадаро кунанд.”
Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО дар тамоми 57 кишвари узви САҲА таҳаввулоти расонаҳоро назорат мекунад. Он пешгирӣ аз нақзи озодии баён ва озодии васоити ахбори оммаро таъмин менамояд ва ба риояи пурраи ӯҳдадориҳои САҲА дар бораи озодии ВАО мусоидат мекунад. Маълумоти бештарро дар www.osce.org/fom, Twitter: @OSCE_RFoM ва www.facebook.com/osce.rfom пайгирӣ намоед.
https://www.osce.org/representative-on-freedom-of-media/518472