ОЗОДИИ БАЁН: «Хатти кирмиз» барои журналист бояд конун бошад...
     TJ RU EN
02:59 / 2024-11-16

ОЗОДИИ БАЁН: «Хатти кирмиз» барои журналист бояд конун бошад...

Abdumalik QodirovЖурналист хар мавзуе, ки мехоҳад, метавонад дар доираи талаботи қонун онро матраҳ кунад. Зеро барои яке журналист "хатти қирмиз" бояд қонун бошад. Вале он чи мо вақтҳои охир мушоҳида мекунем, мақомоти давлатӣ, ба хусус онҳое, ки ҳаққи ҷазо доданро доранд, барои журналистон як чорчӯбае кашидаанд, ки агар инҳо аз он берун раванд, ҳатман ба сарашон балое хоҳад омад (новобаста аз он, ки мавзӯъ дар доираи қонун матраҳ шудааст ё не). Аҷобати кор ҳам дар он аст, ки ҷомеаи журналистӣ ин шартро ва ин ҳудудро қабул кардааст. Барои мисол дар Тоҷикистон, як журналист барои худ иҷозат намедиҳад, ки ҳаёту фаъолияти президент ва аҳли оилаи ӯро воқеъбинона инъикос кунад ё танқид кунад. Ин мавзӯъест, ки аз чорчубаи кашидаи мақомот берун аст ва метавонад барои муаллифаш хатарзо бошад. Ҳамчунин, журналистони мо кӯшиш мекунанд, ки аз инъикоси мавзӯи “ифротгароии дунявӣ” ё худ фишори давлат болои дину диндорон, ва ё тайёр намудани мавод аз ҳаёту фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои аз нуқтаи назари мақомоти тоҷик экстримистиву террористӣ аз ҷумла Ҳизби Наҳзат ва амсоли онҳо худдорӣ кунанд (албата ба шарте, ки нуқтаи назари журналист аз мавқеи ҳукумат фарқ кунад).

Як хусусияти дигари журналистикаи интиқодии имрузаи тоҷик дар он аст, ки мо ҳар қадар хоҳем, метавонем ягон соҳаро танқид кунем, вале бе гирифтани номи конкретии мутасаддии ҳамин соҳа ё гунаҳкори асосии ин ё он вазъияти рухдода. Вале, ҳамин, ки журналист номи конкретиро гирифт, ҳатман ба сараш балое мехезад ва аз суду судбозӣ безор мешавад. Чун ҳукумат, бо ҷазо додани ин ё он журналист, ба қавле, “алови чашм”-и дигаронро гирифтааст.

Абдумалик Кодиров
Котиби генералии МАТ


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима