Ҳамасола дар сеюми май Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот таҷлил мешавад, ки дар ҷомеаи мо ба унвони Рӯзи байналмилалии озодии баён низ маъруф аст/
Дар ин рӯз ва ҳамчунин аввалин рӯз аз шуруи кори торнамои “Ойина” тасмим гирифтем, мусоҳибае дошта бошем бо Раҷаб Мирзо, журналисти матраҳи тоҷик дар ин хусус. Бо изҳори ташаккур аз эшон барои ҳамкорӣ, ҳамчунин бо табрики кулли қаламкашони кишвар ва тамоми афроде, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон арҷ мегузоранд, ҳамакнун, хонандаи гиромӣ, ин мусоҳибаро дар хидмати Шумо қарор медиҳем.
“Ойина”: Ҳамасола озодии сухан дар Тоҷикистон аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ, агар нармтар бигӯем, номуносиб арзёбӣ мешавад, аммо мақомот ба далели ин ки теъдоди расонаҳои ғайриҳукуматӣ дар кишвар бештар аз расонаҳои ҳукуматӣ ҳастанд, назари созмонҳои хориҷиро такзиб мекунанд ва бо мисол овардани қонунҳои марбут ба ВАО иддао доранд, шароити озодии сухан фароҳам аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин мехостам назари Шуморо дар ин маврид бипурсам. Яъне кадоме аз инҳоро бовар кунем?
Раҷаб Мирзо: Дар бораи сатҳи озодии сухан ва матбуот ченакҳои гуногун вуҷуд доранд. Ҳар ҳукумат, хоса агар мавриди интиқод қарор мегирад, ба ҳар навъе худро сафед мекунад. Аммо созмонҳои байналмилалӣ меъёрҳои худро доранд, ҳарчанд ҳоло гуфтан мумкин нест, ки меъёрҳои интихобии онҳо низ далелҳои воқеиро фаро мегираду натиҷа беғаразона аст. Мутаассифона, солҳои охир мебинем, ки баъзан баҳодиҳии онҳо низ таҳти идеологияҳои барояшон таъсиргузор сурат мегирад...
Аз баҳсҳои сиёсиву идеологӣ бигзарем, барои инҷониб муҳимтарин ченаки баҳои сатҳи озодии сухану матбуот як сухани медиамагнати амрикоӣ ба номи Ҳерст аст, ки замоне гуфта буд: “Мехоҳед сатҳи озодии сухан ва матбуотро дар ин ё он кишвар фаҳмед? Ба теъдоди нашри (тиражи) матбуоташ назар кунед!”.
Дуруст аст, ки ҳоло ҷойгоҳи нашрияҳои чопӣ дар тамоми дунё тағйир ёфтааст. Аммо мешавад, ба ҷойи ченаки “теъдоди нашри матбуот”, бархӯрди ҳукуматҳоро ба фанновариҳои навину интернет дид ва хулоса кард, ки сатҳи озодии сухан дар ин кишвар чӣ гуна мебошад.
Мутаассифона, на аз ҳисоби теъдоди нашри матбуот (албатта, обунаи маҷбурии нашрияҳои ҳукуматӣ ва на танҳо онҳо ҳисоб нест, чун ин обунасозии маҷбурӣ маънии хонандадор будани онҳоро надорад) ва на имконоти интернет гуфта наметавонем, ки Тоҷикистон чизе барои ифтихор дорад.
“Ойина”: Тайи чанд соли ахир иқдомоте дар ростои фароҳам овардани замина барои тавсеаи озодии сухан дар Тоҷикистон, аз қабили ҳазфи моддаи марбути туҳмат аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, судури фармони №622-и раисҷумҳур, таҳияи Қонуни нави матбуот, муваззаф кардани мақомот барои баргузории нишастҳои матбуотӣ сурат гирифтанд. Аммо чаро ин иқдомот дар ростои таъмини ҷомеа бо иттилоъ камранг шудаанд?
Раҷаб Мирзо: Албатта, ин ҳама дар назари аввал хеле хушҳолкунанда ва ҳатто иқдомоти ҷиддӣ менамоянд. Аммо биёед, ба ин иқдомот дар алоҳидагӣ баҳо бидиҳем. Ҳазф шудани бандҳои марбут ба таҳқиру туҳмат, ки дар садсолагии матбуот (соли 2012) ба он вокуниши сиёсӣ сурат гирифт, аввалан, пурра аз байн нарафтааст. Ҳоло танҳо барои шаҳрвандони оддӣ ин меъёр бекор шуд, аммо барои таҳқиру туҳмати намояндаҳои давлат ва хоса президенти Тоҷикистон (ва акнун пешвои миллат ҳам) ҷазои сахти ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми дунё тақозо мешавад, маҳз дар ҳолати вобаста ба мансабдорони давлатӣ ин банди қонун ҳазф гардад.
Назари шахсии ман дар ин масъала чунин аст, ки дар сурати мавҷуд будани ниҳодҳои таҳқиқиву тафтишотӣ ва суди мустақил ҳич зарурати ғайриҷиноӣ кардани ин банди қонун вуҷуд надорад. Ин баръакс масъулияти журналистро меафзояд. Шахсан ман на касеро таҳқиру туҳмат мекунам, на аз рӯ ба рӯ шудан бо ин гуна ҳолат тарс дорам. Тарс фақат аз якчист: вақте додситонию додгоҳ мустақил нестанд, онҳо метавонанд бо супориши ҳар нафар ҳар чизи барояшон нофорамро таҳқиру туҳмат унвон кунанду муҷозот намоянд.
Аммо вобаста ба таҳқиру туҳмат мо мушкил дорем. Шукр, дар байни журналистони ҷавон ин ҳолат камтар аст, аммо “журналистони номӣ”-е дорем, ки ҳарфи берун аз таҳқиру туҳмат надоранд. На танҳо ба мақомоти давлатӣ, балки дар нисбати шаҳрвандони қаториву ҳамкасбони худ низ таҳқиру туҳматро раво мебинанд: бо ҳама берӯию беҳаёӣ. Ва ин рафтори худро ба демократияву озодии сухан рабт доданӣ мешаванд. Фикр мекунам, муҷозот шудани чунин афрод ҳатман масъулияти касбиро дар дигарон рушд медиҳад.
Дар мавриди пайдоиши Фармони №622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” бошад, борҳо гуфтаам, ки агар бархӯрд ба фаъолияти журналистӣ тибқи қонунҳои фаъол сурат мегирифт, зарурати пайдоиши он пеш намеомад. Аз ҷониби дигар мантиқан фикр кунем, агар журналист ва расонаи хабарӣ бо маълумоти зарурӣ таъмин бошад, чӣ ҳоҷат ба вокуниш боқӣ мемонад?
Масалан, дар расонаҳои хабарии давлатҳои пешрафтаву қонунманд нашр кардани вокуниш кори андак нест ва хеле кам вомехӯрад. Журналистон омодаанд, ки бо мансабдорон баҳси судӣ намоянд, аммо аз нашри вокуниш, ки дар бисёрии ҳолат инкор кардани маълумоти журналистон аст, худдорӣ мекунанд. Зеро инро як навъ аз даст додани эътимоди мухотабонашон меҳисобанд, ки барои онҳо ин меъёри аз ҳама муҳим аст. Барои таҳияи чунин матлаб бояд журналист, албатта, бо маълумоти кофӣ таъмин гардад ва бештар аз ин расонаи хабарӣ қолаби пешниҳоди матлаби касбиро бо фарогирии ҳамаи меъёрҳои журналистикаи касбӣ риоя намояд.
“Ойина”: Оё ҳамаи расонаҳои хабарии мо ин меъёрҳоро риоя мекунанд?
Раҷаб Мирзо: Ба ин суол, мутаассифона, посухи мусбат надорам. Сабабҳои риоя нашудани ин меъёрҳо, фикр мекунам, ба ду омили асосӣ вобастаанд:
– камии маоши журналистон, ки онҳоро ба касбӣ таҳия кардани матлаб чандон шавқманд намесозад. Масалан, хабарнигорони “Озодӣ” ё ВВС, аз расонаҳои дохилӣ, масалан, “Азия плюс” барои он дар Тоҷикистон аксаран хабарсозанд, ки журналистонашон маоши хуб мегиранд ва барои ба даст овардани ҳар иттилое тамоми талошро анҷом медиҳанд. Дар натиҷа маълумоти муҳимро ҳам маҳз онҳо соҳиб мешаванд. Зимнан агар журналист матлабро дар заминаи меъёрҳои касбӣ таҳия накард, он пазируфта намешавад ва ҳамкасбон аз маош мемонанд;
– аз ҳад идеологӣ тасаввур кардани нақши журналистика. Мутаассифона, ҳоло, махсусан дар журналистикаи ҳукуматии мо, ҳатто аз қолабҳои замони шӯравӣ ҳам бадтар журналистикаро ба абзори пропагандаи худ табдил дода, дар натиҷа мухотабонашонро хеле кам кардаанд.
Тавре ба назар мерасад, баҳси асосӣ таъмин намудани журналистон бо маълумоти барои ҷомеа муҳим аст. Чанд сол қабл ҳолате пеш омад, ки вазъи нохубро бадтар ҳам мекард. Гап сари дастуре меравад, ки мехостанд ҳар иттилои расмиро танҳо пас аз нашраш дар хабаргузории ҳукуматии “Ховар” ба дигарон пешкаш намоянд.
Ин гуна баррасиҳо дар ҳолест, ки моддаи 162–и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон” ном дошта, барои ин гуна ҳолат “ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то ду сол” ҷазо муқаррар кардааст. Мутаассифона, ин банди Кодекси ҷиноятӣ то ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.
“Ойина”: Дар ҳоле ки нерӯҳои сиёсии кишварҳо, чӣ ҳукуматӣ ва чӣ мухолиф аз расонаҳо истифода мекунанд, чаро мақомоти мо аз он мегурезанд?
Раҷаб Мирзо: Воқеан ҳам, як рукни таъмини ҷомеаи демократӣ ин ҳузури нерӯҳои воқеии мухолиф аст, ки тавозун дар таҳияи қарорҳо ба маҳзи вуҷуди онҳо таъмин мешавад. Онҳоро дар ҷомеашиносӣ “гурӯҳҳои фишор” ҳам меноманд. То чанд сол пеш, агар шароити беҳтаре дар самти озодии сухан ва матбуот доштем, маҳз бо ҳузури нерӯҳои нисбатан фаъоли сиёсии мухолиф буд. Дар бораи аҳзоби фаъоли сиёсие, ки ҳоло дорем, намешавад гуфт, чизеро тағйир дода метавонанд. Хомӯшии аксари онҳо як тарафи масъала, бар илова ҳич кадомашон ҳатто як нашрияи ҳизбӣ надоранд. Яъне модоме “дар Бағдод оромист”, ҳукумат худро хеле роҳат ҳис мекунаду ба журналистон ҳам чизи мегуфтанӣ нахоҳад дошт. Онҳо гапи гуфтании худро “дар боло” доранд ва инро муҳим мешуморанд. Яъне мақомот мисле ки аз ҷомеа ҳич вобастагиро эҳсос намекунанд ва онро муҳим ҳам намешуморанд. Ин “гурехтанҳо” он гуна ки “марказгароӣ”-аш номиданӣ мешаванд, нест, балки сарфи назар кардани қонун, талаботи рӯз ва меъёрҳои демократии як ҷомеае аст.
“Ойина”: Дар робита ба “корзор”-и иттилоотие, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад, баъзе соҳибназарон мегӯянд, мо дар ин “корзор” бозандаем ва ин бохтро рабт медиҳанд ба равобити номунтазами мақомоту расонаҳо. Ба назари Шумо магар чунин аст?
Раҷаб Мирзо: Дар масъалаи марзӣ ман ҳам то чанд сол пеш мегуфтам, ки ҷанги хабариро бохтаем. Аммо ҳоло ба хулосае омадам, ки он чӣ дар Қирғизистон бо номи “корзор”-и иттилоотӣ ном бурда мешавад, аслан бемасъулиятии он ҷониб ва бозиҳои пасипардагии гурӯҳҳои фурсатталаби дохиливу хориҷии ин кишвар аст. Дар ин “корзор” мо дидему мебинем, онҳо чӣ қадар дурӯғи маҳзу фоҳишро ҳамчун “далели муътамад” истифода мекунанд. Албатта, ин маънои сафед кардани мақомоти тоҷикро надорад, ки дар бахши таъмини маълумот мушкил доранд. Фикр мекунам, онҳо ҳатто як шеваи дурусти истифодаи маълумоти муътамадро ё намедонанд ё моҳияташро намефаҳманд. Дуруст аст, ки марказгароии ҳукумат дар ин ҳолат мусбат аст, ки аз иғвои гуногун пешгирӣ мешавад. Журналистони тоҷик принсипи “зарар нарасон!”-ро хуб мефаҳманду ба он устуворанд. Аммо баъзан аз ҷониби ҳукумат ё гурӯҳҳои наздик ба он ангушти ишора ба ҳамкасбони мо карданӣ мешаванд, ки чаро ба “ҷанги хабарӣ” намебароянд. Ин дур кардани худ аз масъулият ном дорад. Хулоса, дар Тоҷикистон шояд “коркарди иттилоъ”-ро, ки аз ҷузъҳои муҳими сиёсати ҷаҳонист, сарфаҳм нарафтаанд. Вагарна имконоти зиёде дорем...
“Ойина”: Магар камранг шудани иҷрои қонунҳо ва фармонҳои марбути дастрасии иттилоот дар ин раванд нақше дорад?
Раҷаб Мирзо: Дар ин бора аллакай гуфтем.
“Ойина”: Оё барои шахси Шумо пеш омадааст ҳолате, ки мақомоти амниятӣ ва ё дигар ниҳодҳои давлатӣ барои расонидани иттилоъ ба ҷомеа ё дастрасӣ ба иттилоъ ва ё ҳатто сирф ба хотири фаъолияти рӯзноманигорӣ фишор оварда бошанд ё дар ҳар замоне хостанд, пурсуҷӯ кунанд? Ва агар ҳа, пас вокуниши Шумо чӣ гуна буда?
Раҷаб Мирзо: Агар ҳамин як соли ахирро бигирем, ҳамагӣ як бор иттифоқ афтод, ки аз ман хостанд, дар он масъала чизе нанависам. Ин боз ҳам мавзуи баҳси марзӣ буд ва ман воқеан чизе нанавишатам он замон. Аз ин пеш бошад, ҳолатҳое ҷо дошт, хоса соли 2020 – замони зуҳури COVID-19. Ҳатто хеле талошҳое буд, ки нисбатам парвандаи ҷиноӣ боз кунанд, ҳарчанд аз ҳамон намунаҳои гирифтаашон, фикр накунам, далели ҷиддие ёфта метавонистанд. Шояд маҳз ба хотири фишори равонӣ чунин тасмим шуда буд.
“Ойина”: Оё иттифоқ уфтодаанд мавориде ки бинобар зери фишор қарор гирифтан ҳузури Шумо “дарди дил” карда бошанд?
Раҷаб Мирзо: Ман, албатта, ҳолати онҳоеро, ки дар шароити аз ҳама ҷиҳат душвор, ҳам иҷтимоиву ҳам молӣ, фаъолият мекунанд, дарк мекунам. Вале вақте дар бораи мафҳуми “фишор” суҳбат мешавад, бояд як чизро дуруст бояд фаҳмид. Масалан, бо журналист баҳси ҳуқуқиву судӣ намудани мақомотро ман фишор ҳисоб намекунам, балки ин ҳолати муқаррарии корист. Оё дар ИМА ва Аврупо ин гуна ҳолатҳо нест? Шояд тақрибан моҳе набошад, ки чандин чунин ҳолат пеш наояд. Мушкил боз ҳам бармехӯрад ба он, ки мо то куҷо мақомоти тафтишотиву судии мустақил дорем ва ҳукумати қонун таъмин аст. Ана, ин масъала аст ва метавонад журналистро бегуноҳ паси панҷара барад ё муҷозоти дигар бидиҳад. Вагарна ман ҳич тарс надорам, ки бо ҳар касу мақомоте баҳси додгоҳию ҳуқуқӣ дошта бошам.
“Ойина”: Боз ҳам бармегардем сари шароити дастрасӣ ба иттилоъ. Нишастҳои матбуотӣ дар солҳои охир дар ҳоли табдил шудан аз суолмеҳвар ба ҳисоботмеҳваранд. Ин равишро маҳдудият барои дастрасӣ ба иттилоъ медонед ё омилҳои дигар ҳам вуҷуд доранд?
Раҷаб Мирзо: Дар ин раванд танҳо мақомоти давлатӣ нақш надоранд. Шӯрои ВАО дар мавсими гузаштаи нишастҳои матбуотӣ мавқеи худро дар ин бора гуфт. Ман ҳамчун аъзои раёсати ин шӯро ба он чизе изофа кардан намехоҳам.
“Ойина”: Имрӯз минбарҳои дигаре ҳам мавсум ба шабакҳои иҷтимоӣ пайдо шудаанд, ки дар шароити Тоҷикистон дар ҷиҳати ироаи назари ҷомеа нақши бештаре аз расонаҳо доранд. Афзоиши нақши ин шабакаҳои иҷтимоӣ бар пояи бемасъулиятии расонаҳои мо дар баррасии мушкилоти ҷомеа аст ё худи ҷамъият бештар фаъол шудааст?
Раҷаб Мирзо: Аслан ин гуна андеша ҳам ҷо дорад, ки интернет дар муқобили сензураи ҳукуматҳо ба матбуот пайдо шуд. Ҷои баҳс надорад, ки он нақши бештар аз расонаҳои хабариву матбуот касб кардааст. Дар кишварҳои абарқудрат ва пешрафта ба нақши шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиром қоиланд, чун диданд, ки онҳо ҳатто дар интихоботи президентҳо нақши муҳим бозиданду натиҷаро тағйир доданд. Хеле аз кишварҳои мутамаддин ҳам акнун департаментҳои махсуси робита бо шабакаҳои иҷтимоиро доранд. Дар мо бошад ,онҳоро “сарфи назар” карданӣ мешаванд ва ҳатто бархе журналистонамон менависанду мепиндоранд, ки беҳтар аст, ин шабакаҳо набошанд ва масдуд шаванд. Дар асл гуфтан мумкин аст, ки ин ҳамкасбони муҳтарамамон дар симои шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса “Фейсбук” рақиби қавии худро диданду бо он рақобат карда наметавонанд. Яъне заъфи худро ҳамчун “хатари давлатӣ” талаққӣ карданӣ мешаванд. Магар Тоҷикистон бо имконоти маҳдуди худ дар муқобили равандҳои ҷаҳонӣ буда метавонад? Ҳоло мебинем, кишварҳои абарқудрате чун Русия ин имконро надоштаанд...
“Ойина”: Ин расонаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои ҷиддие низ доранд, аммо мебинем, ки дар аксари ин маворид чунин баҳсҳо ба таҳқиру тавҳини афрод мунҷар мешавад. Ба назари Шумо чӣ сабаб мешавад, ки баҳсҳо идомаву хулосаи солим надошта бошанд: сатҳи нокофии ташаккули андеша, адами таҳаммули андешаи мухолиф ё...?
Раҷаб Мирзо: Дар саргаҳи ин гуна шакл гирифтани равандҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фикр мекунам, бархе “ҳамкасбони озодидӯсту демократ”-и мо истодаанд. Вақте дигарон мебинанд, ки як “шахсият” ба худаш ҳама чиро иҷозат медиҳад, шояд фикри “озодии мутлақи пурҳақорат” дар сари онҳо низ пайдо шавад. Аз ҳамин хотир ин гунаҳоро бояд ба қатори ифротиҳои дунявӣ дохил кард. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои ҳирфаие ҳастанд, ки одамони касбиву дар касби худ усторо фаро гирифтаанд. Ҳамчунин гурӯҳҳое дорем, ки фаъолияташонро ба таҳаммулпазирӣ равона сохтаанд.
“Ойина”: Ахиран Абдусаттори Пирмуҳаммадзода, яке аз рӯзноманигорони тоҷик, ки ба блогерӣ гузашта буд, маҳз бар пояи ҳамин гуна мавзеъгирии мухотабон эълон кард, ки тарки блогерӣ кардааст. Фикр мекунед, чунин бархӯрдҳо бо рӯзноманигрон тарҳрезӣ шудаанд ё адами дарки рисолати рӯзноманигорӣ аз тарафи мухотабон ин шароитро ба вуҷуд меорад?
Раҷаб Мирзо: Ман чанд моҳ қабл бо Абдусаттори Пирмуҳаммадзода суҳбати ютубӣ доштам ва ҳич гуна фишорро нисбати ӯ он замон эҳсос накардам. Агар чизе пас аз он иттифоқ афтода бошад, намедонам. Зимнан блогерҳое дорем, ки назар ба мавзуъҳои Абдусаттор ҷиддитаранд ва мухотабони бештарро фаро мегиранд, аммо ҳамоно фаъоланд.
“Ойина”: Бо чунин вазъ дурнамои фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
Раҷаб Мирзо: Мутаассифона, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё дурнамои журналистика номаълум аст. Бархе онро дар маҷмуъ ба ҷумлаи касбҳои зудмиранда дохил мекунанд, баъзеи дигар мегӯянд, шеваҳои кори он тағйир меёбад. Дар Тоҷикистон байни ҳамкасбони мо чунин баҳсҳои касбиву ҷиддиро анқариб эҳсос намекунем. Талошҳои ҷиддӣ ҳам намебинем. Бархеҳо бо шӯхӣ мегӯянд, ки мо аз дунёи пешрафта 30 сол қафомондаем, яъне воқеиятҳо то ба мо мерасад, ки дигарон сари равандҳои пешомада фикре хоҳанд кард. Ин танҳо як шӯхӣ нест. Маънии онро дорад, ки мо ҳамеша аз дунболи дигарон ва аз рӯйи инертсия рафтаем, на чизеро худамон пешкор будаем. Шояд барои ҳамин ҳамеша мустақилем нестем...
“Ойина”: Барои суҳбати самимӣ сипос ва Рӯзи озодии баён ба Шумо муборак бод!