Дар Тоҷикистон инъикоси масъалаҳо ва рӯйдодҳои ҳассос барои журналистон ба мушкилӣ даст медиҳад. Мешаванд баъзе лаҳзаҳое, ки журналистон аз инъикоси ин хабарҳо даст мекашанд, чун манбаҳо намехоҳанд, ки бо журналист ҳамсуҳбат шаванд. Метавон муноқишаҳои марзӣ ва воқеаҳои Бадахшонро ба ин гуруҳ шомил кард.
“Хатти қирмиз"" барои рӯзноманигорон дар ҳама кишвар вуҷуд дорад, вале он солҳои охир дар Тоҷикистон босуръат тангтар мешавад. Рӯйдодҳои ҳассосе ҳастанд, ки он барои журналист дарди сар меорад. Масъалан, инъикоси воқеаҳои ахири Бадахшонро метавон, ки сарҳади ниҳоии фаъолияти журналистӣ номид. Ҳатто миёни рӯзноманигорон гуфтугӯе низ буд, ки як расонаро барои инъикоси он таҳдиди бастан низ кардаанд. Дар оғози ин рӯйдодҳо расонаҳо фаъолона онро инъикос карданд, вале баъд аз муддате аз нашри хабару мақолаҳои ба ин рӯйдод марбут даст кашиданд. Яъне инро низ метавон “хатти қирмиз" барои рӯзноманигорон ва расонаҳо гуфт.
Ҳамчунин танқиди фаъолияти элитаҳои болоӣ низ ба рӯзноманигорон дарди сар аст ва метавон онро низ "хатти қирмиз" номид.
Мусо Бобоҳочиев,
рузноманигор