"Хатти қирмиз" барои журналист куҷост?
Дар кишвар бозтоби мавзуҳои амниятӣ, сиёсӣ ва ҳатто дар баъзе мавридҳо иқтисодӣ ҳам мушкил аст. Чунки мақомот дар ҳеҷ маврид розӣ намешаванд, ки масъаларо шарҳ диҳанд ва ё кучактарин маълумотро пешниҳод намоянд. Бар замми ин коршиноси ҳирфаӣ ҳам кам дорем ки дар ин мавзуҳо шарҳи коршиносӣ диҳанд.
Воқеаҳои ВМКБ ва марзӣ бори дигар собит намуданд, ки мақомот ба ҳеҷ ваҷҳ омода нестанд ки бо журналистон ҳамкорӣ кунанд ва масъаларо шарҳ бидиҳанд. Масалан, дар масъалаи ҳаводиси марзӣ то 20-30 маротиба ба ниҳод ва ё шахсони масъул муроҷиат мекардам. Онҳо телефонашонро намебардоштанд ва агар ҳам мебардоштанд, “мо чизе гуфта наметаовнем” ва ё “баъдан дар АМИТ Ховар ё сомонаамон изҳорот нашр мекунем бигиред”, гуфта телефонро хомуш мекарданд. Хело кам иттифоқ меафтад ки шахсони масъул ҳаводисро шарҳ диҳанд. Дар ин сурат мо бештар маҷбур мешудем, ки аз номи манбаъҳо ва ё сокинони маҳаллӣ маводи худро омода кунем. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар масъалаҳои марзӣ ҷониби Қирғизистон аз вазиру кабир то оддитарин корманди ниҳодҳо дастрас буданду онҳо ҳар дақиқа як ё ду хабару гузориш ва мавқеи кишваррашонро нашр мекарданд.
Дар масъалаи ҳаводиси ВМКБ вазъ бадтар буд. Мақомот чизе намегуфтанд ва баъди он ки хабар нашр мешуд, баъзе ниҳодҳо даъво мекарданд ки хабару гузоришро яктарафа нашр кардед. Дар ҳоле ки мо барои ҳар як хабар кушиш мекардем, назари онҳоро гирем. Вақте муваффақ намешудем, дар хабар дарҷ мекардем, ки “мо кушиш ардем назари мақомотро дар ин масъала бигирем, вале мақомот ҳозир нашуданд ки ин масъаларо шгарҳ диҳанд”.
Аслан бояд барои журналист "хатти кирмиз" вуҷуд надошта бошад. Вале баъзе мавзуъҳое ҳастанд ки бо фишори мақомот намешавад, ки ба онҳо даст зад. Ин мавзуҳо пеш аз ҳама ба роҳбари аввали кишвар ва наздикони он рабт дорад, ки журналистон вақти навиштан дар бораи онҳо бо эҳтиёт кор мегиранд.
Мазҳаб Ҷумъа
Рузноманигор