Дар сурати вуҷуди мушкил дар робита ба истифода аз интернет аз сокинони Тоҷикистон даъват кардаанд, ки аз хидматрасонҳо тавзеҳот талаб кунанд, чун ҳангоми харидории симкорт бо онҳо шартнома мебанданд
Дар Тоҷикистон шикоятҳо аз суръати пасти интернет афзудаанд. Дар ин бора муовини роҳбари Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, бо дастури раҳбарияти Хадамоти алоқа ва бо иштироки намояндагони ширкатҳо барои омӯзиши вазъ дар тамоми минтақаҳои кишвар гурӯҳи корӣ таъсис шудааст.
Номбурда гуфт, паст шудани сифати интернет аз омилҳои гуногун вобаста аст ва тибқи супориш, дар ду моҳ вазъ ислоҳ хоҳад шуд.
Ин намояндаи хадамот афзуд, дар Тоҷикистон суръати интернет дар се сол афзоиш ёфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар соли 2019 суръати интернет дар кишвар аз 20 гигабит дар як сония зиёд набуд, ҳоло ба 70 гигабит расид ва ба қарибӣ дар назар аст, ки ба 100 гигабит бирасад.
Атоев таъкид кард, дар ин самт мушкилоти ҷиддие вуҷуд надорад ва мутахассисон барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта талош мекунанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳоло дар кишвар дар умум 4,2 миллион нафар истифодабарандаи интернет аст.
Гуфта мешавад, то кунун шумораи умумии муштариёни алоқаи мобилӣ дар кишвар ба 8 миллион мерасад, ки аз он наҳдик ба 5,5 миллионаш фаъол аст.
Сатҳи пасти интернет дар Тоҷикистон на танҳо аз сӯйи сокинон, балки аз тарафи мансабдорон низ интиқод мешавад.
Ахиран Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ аз ширкатҳо барои интернети пастсифаташон интиқод карда гуфт, ки таблиғашон аз корашон зиёдтар аст.
Ӯ ба масъулини соҳа муҳлат дода буд, ки камбудиҳоро ислоҳ намоянд.
https://sputnik-tj.com/20220131/internet-pastsifat-khadamot-atoev-shokoyat-1045346421.html