Дар бораи мазмуну муҳтавои барномаҳои телевизионии кишвар чӣ дар доираҳои касбӣ ва чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо ба миён меоянд. Хоса, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои мустақил матолиб ва баҳсҳое пайдо мешаванд, ки зимни онҳо корбарон аз тамошо накардани барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мегӯянд ва аз муҳтавои барномаҳои он шикоят мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки шумораи шабакаҳои телевизионӣ дар кишвар афзудааст. То ин замон дар Тоҷикистон 13 шабакаи телевизионии сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад ва тибқи маълумоти расмӣ барои аксарияти аҳолии Тоҷикистон телевизион манбаи асосии иттилоот боқӣ мемонад.
Шабакаи телевизионии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки имрӯз дар борааш сӯҳбат хоҳем кард, 1 апрели соли равон ба фаъолият оғоз намуд.
Пешопеши фаъол шудани ин шабака, ки дар якҷоягӣ бо телевизиони “Илм ва табиат” ба фаъолият оғоз намуд, баҳсҳо зиёд буданд: як қисм аз сарфи беҳудаи пулу вақт мегуфтанду дигарон аз васеъ шудани ҷаҳонбинӣ ва дониш…
Вале Дилафрӯз Амирзода, мудири телевизони мазкур дар оғози фаъолияти ин телевизион дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳори боварӣ карда буд, ки бо беҳтар намудани сифати барномаҳо метавонанд дар ҷомеа мавқеъ пайдо карда, бинандаро ба самти худ ҷалб кунанд.
Ӯ гуфт талошашон ба ин мешавад, ки доираи бинандагонро афзоянд ва дар муаррифии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Инак аз байн 8 моҳ сипарӣ шуд. Гуфта мешуд барои шабакаи нав 143 воҳиди корӣ бо назардошти ҳайати хизматрасони техникӣ муайян гардида, барои онҳо шароити зарурии корӣ низ фароҳам шудааст. Ин барои таҳия ва пахши барномаҳои босифати телевизионӣ бояд мусоидат намояд.
Ҳоло бубинем, ки шабакаи телевизионии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чӣ барномаҳое барои бинанда ва мухлисони худ бо чӣ кайфияте пешниҳод менамояд…
Муаммои “Оби шӯр” ва лабчанг барои ЮНЕСКО
Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” соҳавӣ буда, бештар аз бурду бохт ва вазъи соҳаи сайёҳиву рушди ҳунарҳои мардумӣ барномаҳо нашр мекунад. Зимнан, аз рӯи мантиқ бояд барномаҳояшон бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ бештар бошад.
Аммо мушоҳидаи мо маълум намуд, ки бештари барномаҳо ҳоло бо забони тоҷикӣ нашр шуда, танҳо як – ду хабар бо забони англисӣ ва филмҳои мустанади хориҷӣ бо тарҷумаи русӣ пахш мешаванду халос.
Яке аз барномаҳое, ки ба тарғиб ва ташаккули соҳаи сайёҳӣ нигаронида шуда буду тақрибан соати 16:30-и рӯзи 18-уми декабр нашр шуд, “Чашмаҳо” ном дошт. Дар он доир ба таҳлилу таҳқиқ фаро гирифта нашудани “Оби шӯр”-и шаҳри Ваҳдат сухан мерафт, ки дар наздикии мавзеи “РомитРом” ҷойгир аст. Зикр мешуд, ки ҳарчанд “Оби шӯр”-и Ваҳдат ба чанд дард даво буда, боиси таваҷҷуҳи шаҳрвандони дохилӣ ва сайёҳон аст, вале он аз таваҷҷуҳи масъулини маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ дур монда, мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст.
Муаллифи барнома мегуфт, ки оби чашма дар ҷойи номувофиқ ҷойгир буда, гирду атрофи он пӯшида нест ва хатари аз байн рафтан, ё ифлос гардидинаш вуҷуд дорад.
Дар охири барнома аз масъулин даъват гардид, ки оби чашмаро таҳқиқ кунанд ва барои истифодаи самараноки он шароит фароҳам биёранд…
Дар идомаи барномаҳои “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳудуди 10 дақиқа ба муносибати қабул гардидани қатънома дар Маҷмаи Умумии СММ доир ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва сароғоз аз соли 2025 тасдиқ гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки рӯзи 14 декабри соли 2022 ба тасвиб расид, бо забони русӣ гузориш пахш шуд.
Ҳамин тариқ, ҳудуди 2-3 дақиқа дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ролики тарғиботӣ нашр гардид.
Расо соати 17:00 барномаи “Вести. Итоги недели” бо забони русӣ пахш шуд. Дар он мисли дигар шабакаҳои телевизионӣ, аввал аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, ки давоми ҳафтаи равон сурат гирифта буд ва мулоқоту вохӯрии ӯ бо роҳбарияти олии ин кишвар гузориш пешкаш гардид.
Баъд аз ин, гузориш аз иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки рӯзи 16-уми декабр таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе баргузор гардид, пахш шуд. Дар гузориш бештар он иттилое пахш гардид, ки онҳоро аллакай ҳамаи расонаҳои давлатӣ интишор карда буданд. Яъне чизи наве аз ин иҷлосия ба тамошобинон пешниҳод нагардид.
Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ифтитоҳи намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе”, ҷамъбасти намоиш ва озмуни “Китоби сол- 2022” аз гузоришҳои дигари ин шабака ба ҳисоб мерафт, ки хабараш ким – кай дар дигар расонаҳо ба нашр расида буд.
Хабарнигорони шабакаи телевизионӣ аз сафари губернатори вилояти Омски Россия Александр Бурков ба вилояти Хатлон ва ширкати ӯ дар Фестивали лимӯ, намоиши маҳсулоти саноатӣ низ гузориш пахш карданд. Дар мусоҳибаи Александр Бурков, ки хабарнигорони ин шабака гирифтаанд, зикр шуд, ки Омск 35-40 дарсади лимӯро аз кишварҳои дӯсти ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон ворид мекунад.
Барномаи ҷамъбасти ҳафта бо забони русӣ ҳудуди 37 дақиқа давом карда, аз корхонаҳои саноатии Исфара, сохтмонҳои шаҳри Хоруғ, аз ҷумла сохтмони бинои 14-ошёна дар ин шаҳр, сохтмони бинои фарҳангӣ дар ноҳияи Тоҷикобод, Намоиши китоб дар шаҳри Бохтар, ҳамоиш бахшида ба тарзи ҳаёти солим, ки дар Душанбе гузашт, нишасти вобаста ба иқтисоди рақамӣ, ки дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат сурат гирифт, ташкил ва истифодаи гармхонаҳо дар ВМКБ, ҳамоиш аз тақдими грантҳои раиси вилояти Суғд ба занони соҳибкор ва чакандӯзии занони Кӯлобу фарқияти чакани онҳо аз дигар минтақаҳо гузориш дода шуд.
“Нерӯи гулҳо” мустанади дигари идораи телефилми ин телевизион буд, ки аз забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр карданд. Дар он бештар дар бораи пайдоиши замину баҳр ва растаниҳои зериобӣ маълумот дода шуд. Барои бинанда маълум шуд, ки дар ҷаҳон 350 ҳазор растанӣ мавҷуд аст. Ин барнома то соати 18:30 давом кард.
Таърихи пайдоиш ва ташаккули лабчангнавозӣ дар Тоҷикистон аз барномаҳои дигари ин шабакаи телевизионӣ буд, ки ҳудуди 20 дақиқа давом кард. Воқеан, ин яке аз барномаҳои вижа ва ба фаъолияташ муносиби ТВ “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба ҳисоб меафт. Дар он сӯҳбат аз тарзи сохтани лабчанг ва истифодаи он мерафт. Рӯзноманигор бо мутахассисон ва навозандагони ин асбоби мусиқӣ суҳбат карда, дар бораи суруду оҳанг ва ҷойи истифодаи он маълумот дод.
Ҳамин тариқ, чанд суруд ҳам, ки дар он лабчанг ба таври васеъ истифода мешуд, садо дод. Яке аз ҷанбаҳои фарқкунандаи ин барнома он буд, ки дар он субтитри англисӣ мерафт ва тавре баъд маълум шуд, барнома бо дастгирии чанд созмони байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО омода гардидааст.
Гузориши 10 дақиқагӣ аз мусобиқаи Ҷоми ҷаҳони футболи 2022 аз дигар барномаҳои кӯтоҳи ин телевизон буд.
Соати 19:00 ахбори ҷамъбасти ҳафта бо забони англисӣ оғоз шуд. Он ҳудуди 30 дақиқа давом карда, тақрибан такрори барномаи ҷамъбасти ҳафта бо забони русӣ буд. Дар ин барнома ҳатто симои наттоқ пайдо намешуд. Ӯ танҳо дар пушти он кадрҳое, ки аллакай дар барномаи ҷамъбасти ҳафтаи русӣ истифода шуда буданд, бо забони англисӣ гузориш мехонад.
“Раҳ ба раҳ”: Аз Душанбе то Кӯлоб муаллиф чиро дид?
Билохира соати 19:30 як барномаи муаллифии хабарнигори телевизонии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳти уновони “Раҳ ба раҳ” оғоз гардид. Дар ин барнома журналист Садриддини Сироҷиддин аз Душанбе то ба Кӯлоб сафар кард ва аз гӯшаҳои деҳқон, нонвойхона, чойхона ва гӯшаҳои сайёҳӣ, ки дар сари роҳҳо ташкил шудаанд, гузориш дод.
Барнома аз дохили телевизиони мазкур оғоз гардид ва то ба Кӯлоб давом ёфт. Рӯзноманигор раҳораҳ аз баромадгоҳи пойтахт ба як нонвойхона ворид шуд ва барои худу ҳамроҳонаш тӯшаи роҳ гирифт. Баъди ин ба мағозаи хӯрокворӣ даромад ва ишора кард, ки ташкили мағозаҳо ва нонвойхонаҳо дар сари роҳ на танҳо ба сайёҳон имкони дастрас намудани маҳсулоти лозимиро фароҳам месозад, балки ба аҳолии маҳаллӣ низ имкони даромади молӣ медиҳад.
Дар шаҳри Ваҳдат муаллифи барнома парчам ва майдони онро ба тамошобин “муаррифӣ кард”, ҳарчанд ин чизҳо солҳо боз дар ин шаҳр қомат афрохтаанд.
Дар даромадгоҳи нақби “Шар-шар” Садриддини Сироҷиддин аз “Гӯшаи деҳқон” дидан кард ва аз надоштани либоси ягонаи фурӯшандаҳову бетартиб ҷой гирифтани онҳо изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ гуфт, ки ин ҳама бояд ба тартиб дароварда шавад, чунки чунин тарзи хидматрасонӣ ба сайёҳон хуш намеояд ва табъашонро хира мекунад.
Рӯзноманигор ҳамина тариқ, ба шаҳри Норак ворид шуд ва ба чойхонаи “Сайёҳ”, ки дар он тақрибан мизоҷе набуд, баъди хӯрдани хӯрок аз ин чойхона ситоиш кард ва гуфт ки сайёҳон метавонанд аз он истифода кунанд. Ситоиш аз анорҳои Норак ва суҳбат бо фурӯшандагон, таваҷҷуҳи сайёҳон ба анор ҷузъи дигари барнома буд.
Муаллифи барнома ҳамчунин, роҷеъ ба як чойхонаи дигар дар ин шаҳр, ки дар сари роҳ бо тарзу усули кандакорӣ бунёд шудааст, суҳбат кард. Вай аз фаъолият надоштани он чойхона изҳори нигаронӣ намуд ва гуфт хуб мешуд, агар мақомот сари ин масъала андеша кунанд.
Дар ноҳияи Данғара танҳо аз заминҳои кишти васеъ ва хӯшаи гандум, ки рамзи ноҳия аст, ишора карду гузашт. Ҳамин тариқ, ба ноҳияи Восеъ ворид шуд ва дар бораи Қалъаи Ҳулбук маълумот дод. Бо як сайёҳ ҳам, ки гуфта мешуд ба ВМКБ сафар дорад, суҳбат кард. Дар зимн, ӯ аз меҳмоннавозиву табиати Тоҷикистон ва хидматрасониҳое, ки барои сайёҳон пешниҳод шудааст, ситоиш кард.
Барнома дар ин ҷо ба поён расид, ки муаллиф ба дарвозаи шаҳри Кӯлоб наздик шуд. Соат 20.00 –ро нишон медод ва гуфта шуд, ки дар барномаҳои дигар масири боқимонда намоиш дода мешавад.
Намоишҳои бе реклама мехоҳед? Дорем!
Як шикояти бинандагон аз фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ дар он аст, ки рекламаи зиёд намоиш дода мешавад. Аммо бинандагони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ин ҷиҳат метавонанд осуда бошанд. Ҳадди ақал замоне, ки мо барномаҳои ин шабакаро пайгирӣ мекардем, танҳо як маротиба реклама пахш шуд.
Дар идома, ҳудуди 10 дақиқа ба муносибати қабул гардидани қатънома дар Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва сароғоз аз соли 2025 тасдиқ гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бо забони тоҷикӣ ролики тарғиботӣ пахш гардид.
Ниҳоят барномаи ахбори ҷамъбасти ҳафта бо забони тоҷикӣ ҳам пахш шуд. Он низ аз ахбори ҷамъбасти ҳафта, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳод шуда буданд, фарқ надошт. Манзур мӯҳтавост. Ҳарчанд гузоришҳои тоҷикӣ каме муфассал ва бо назари қаҳрамонон ва масъулин пешниҳод мешуданд.
“Тақвим” барномаи 3 дақиқагии дигари ин шабакаи телевизионӣ буд, ки оид ба санаҳои таърихии он рӯз (18-уми декабр) маълумот медод.
Барномаи “Мӯд”, ки аз ҷониби журналист Руқияи Боймаҳмад омода гардида буд, дар бораи ҳамоиши либосҳои миллӣ ва заргарӣ, ки дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” барои меҳмонони хориҷӣ ва сокинони пойтахт омода шуда буд, нақл мекард.
Баъди ин як барнома доир ба чеҳранигорӣ дар қаҳрамонони адабиёти классикӣ пахш шуд.
Дар анҷоми барномаҳои худ “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” филми мустанади таърихӣ-археологӣ дар бораи иероглифҳо дар рӯи заминро бо тарҷумаи русӣ намоиш дод.
Тоҷикистонро бо ин сифат муаррифӣ кардан нашояд!
Шоми 21-уми декабр бошад дар ин шабакаи телевизионӣ барномаи муаллифии “Эҷод” пахш гардид, ки ба ҳунарҳои мардумии занони ноҳияи Айнӣ бахшида шуда буд. Онҳо дар бораи намадбофӣ, гулдӯзӣ ва дигар ҳунарҳое, ки хоси ин минтақаанд, нақл карданд. Ин барнома ҳудуди як соат давом кард.
Баъди ин гузориш аз давраи 5-уми озмуни “Илм фурӯғи маърифат” нишон дода шуд, ки ҳудуди 30 идома дошт.
Ҳамин тариқ, мисли рӯзи 18-уми декабр барномаҳои телевизион бо филми мустанади тарҷумаи русӣ аз забони англисӣ ба охир расид. Ин бор дар бораи пайдоиши ҳашарот, мисли мӯрчаву кирм, шабпарак ва ғайра, тарзи зисту зиндагонӣ ва фоидаи онҳо ба замин маълумот дода шуд.
Тавре маълум шуд, на танҳо барномаҳои муаллифии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” камтар аст, ҳатто барномаҳои шабакаҳои телевизионии хориҷӣ, ки ба сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудаанд, камтар пахш мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ин шабакаи телевизионӣ бояд яке аз муаррифгарони маконҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми Тоҷикистон ба ҷаҳониён бошад.
Ҳамчунин, сифати пасти пахши барномаҳо ба назар мерасад. Тавре маълум шуд, ҳоло он ба “HD” пайваст нашудааст. Шояд яке аз сабабҳои камтамошобин будани ин шабака дар ҳамин бошад.
Зимнан, телевизион дар шабакаи mediabay.tv, ки ҳамаи телевизионҳои кишвар саҳфаи худро доранд, вуҷуд надорад. Хуб мешуд, ки он дар ин платформа ҷой карда шавад, то ҷаҳониён тавонанд, ба воситаи ин телевизион оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардуми тоҷик шинос шаванд.