ТАТБИҚИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ ТАҚОЗОИ ЖУРНАЛИЗМИ БОСИФАТ АСТ
     TJ RU EN
10:47 / 2024-12-19

ТАТБИҚИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ ТАҚОЗОИ ЖУРНАЛИЗМИ БОСИФАТ АСТ

EthicsРӯзноманигорон меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро ҳамчун воситаи мониторинги сифати мундариҷаи ВАО эътироф мекунанд, аммо мегӯянд имрӯз он меъёрҳо дар расонаҳои хабарӣ чандон риоя намешаванд.

“Яке аз қонунҳои асосии журналистика...”
Дар натиҷаи назарсанҷие, ки вобаста ба эътироф ва риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ аз ҷониби АМВАОМТ гузаронида шуд, маълум гардид, ки 99 дарсади журналистон муҳим будани риояи меъёрҳои ахлоқиро тасдиқ намуданд. Дар назарсанҷӣ зиёда аз 60 нафар рӯзноманигорон ва коршиносони масоили ВАО иштирок намуданд.

Таҳлил нишон дод, ки қариб тамоми рӯзноманигорон меёърҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро ҳамчун “яке аз қонунҳои асосии журнализм ” меҳисобанд. Ба андешаи онҳо назорати иҷрои ҳатмии меъёрҳои ахлоқӣ барои намояндагони ВАО масъалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Гуфта мешавад, зарурияти вуҷуд доштани механизми таъсирбахш ба вайронкунандагони меъёрҳои ахлоқӣ пеш меояд. Бархеи дигар қайд намудаанд, ки ҳатто муҳтавои расонаҳои машҳур низ имрӯз “зард” шудааст ва барои беҳтар шудани сифати мундариҷаи ВАО зарур аст, мониторинги доимӣ амал кунад.

“На ҳама расонаҳо меъёрҳои ахлоқиро риоя мекунанд”
Рӯзноманигор Ёқуб Ҳалимов мегӯяд, меъёрҳои ахлоқӣ барои ВАО ва журналистон мисли оина ҳастанд ва ҳамвориву ноҳамвории фаъолияташонро рӯзноманигорон дар оинаи ҳамин меъёрҳо мебинанд.

“Дар мақолаву гузоришҳои расонаҳои мо меъёрҳои ахлоқӣ чандон риоя намешаванд. Ба назари ман, на ҳамаи ҳамкасбони мо зарурати риояи меъёрҳои ахлоқиро дарк кардаанд”- такид кардааст Ҳалимов.

Ба андешаи рӯзноманигор Неъматулло Мирсаидов риояи меъерхои ахлоқӣ пеш аз ҳама ба худи рузноманигор ва расона вобаста аст ва барои таъмини амнияти рузноманигор, обрӯ ва эътибори вай дар назди ҷомеа хеле муҳим аст. Ба андешаи ӯ меъёрхои ахлоқӣ бояд хангоми омузиши касби журналистӣ чӣ дар донишгоҳ, чӣ дар курсҳои кутоҳмуддат ва чӣ дар тренингу семинарҳо бояд дар мадди аввали назар бошанд ва ҳамаҷониба, бодиққат омӯхта шаванд.

“Меъёрҳои одоби журналистӣ ин худи талаботи журналистика аст. Афсус, онҳо имрӯз на ҳамеша риоя мешаванд. Агар дар рафти омӯзиш ба баъзе талаботи журналистика диққат дода шавад ҳам, меъёрҳои одоби журналистони Тоҷикистонро, ки маҳсули заҳмати бисерсолаи созмонҳои журналистӣ ва фаъолони соҳа аст, то ҳол аксар расонаҳо, рӯзноманигорон, баъзан рӯзноманигорони касбӣ ҳам риоя намекунанд. Ва риояи ин меъёрҳо бешубҳа бояд яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ дар рафти таҳлил ва баҳогузории фаъолияти рузноманигор ва расонаҳо бошад”.

Мирсаидов мегӯяд, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки меъёрҳои ахлоқиро танҳо якчанд расонаҳои касбӣ риоя мекунанду халос. Ба гуфтаи ӯ беш аз ҳама дар маводи журналистӣ сареҳият, далелҳои раднопазир, мувозинати назарҳо намерасад.

“Шояд сабаб дар он бошад, ки дар кишвари мо имруз дастрас намудани маълумоти дақиқ хеле душвор гардидааст. Ва рузноманигорон маҷбур мешаванд манбаҳоеро истифода намоянд, ки онҳо имконияти маълумоти саҳеҳ ва дақиқ пешниҳод карданро надоранд. Ё худ натиҷаи риоя нашудани қонунҳои кишвар дар соҳаи матбуот бошад, ки онҳо пеш аз ҳама аз ҷониби мансабдорон иҷро намешаванд ва аксар вақт поймол ҳам мешаванд”- афзуд ӯ.
Ҷомеаи иттилоотӣ ба татбиқи шаклу усулҳои гуногуни меъёрҳои ахлоқӣ ниёз дорад.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон соли 2009 аз ҷониби намояндагони ВАО, коршиносони дохилию байналмиллалӣ таҳия ва қабул гардида, татбиқи риояи онро Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бар душ дорад. Он аз 17 банд иборат буд ва замони таҳия ҷанбаҳои фаъолияти журналистонро мутобиқ ба замони таҳияаш фаро мегирифт. Мушоҳида ва таҷриба нишон дод, ки пешрафти босуръати илму техника ба фаъолияти журналистӣ низ таъсири худро гузошта, самтҳои нав ба миён овард ва ё самтҳои мавҷударо такмилу тақвият бахшид. Аз ин рӯ, зарурати бозбинии Меъёрҳои ахлоқи фаъолияти рузноманигорӣ ба миён омад ва ниҳоят он соли 2021 аз ҷониби коршиносони миллӣ ва хориҷӣ аз нав коркард гардида ба он бандҳои нав ворид карда шуд. Айни ҳол он 7 боб ва беш аз 50 бандро дар бар мегирад.

Ҳамзамон, бинобар рушди расонаҳои нав ва шабакаҳои иҷтимоӣ фурсати баррасии на фақат меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ, балки сухан дар бораи ахлоқи расонаӣ бояд гуфт. Ба андешаи Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ зарарати татбиқ ва рушди шакл фа усулҳои гуногуни худтанзимкунии расонаҳо дар ҷомеаи иттилоотии кишвар расидааст, то сифати журналистика боло ва эҳтиёҷоти мардуми кишвар ба иттилои сареҳ, алтернативӣ ва ботавозун қонеъ карда шавад.

Рухшона Ҳакимова,
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима