Риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми инъикоси низоъи марзӣ
     TJ RU EN
12:08 / 2024-12-20

Риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми инъикоси низоъи марзӣ

Informatsionnaya voynaТайи чанд соли охир дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон тез-тез низоъ сар зада, боиси задухӯрди мусаллаҳона миёни марзбонони ду кишвар мегардад.

Санаи 16 сентябри соли равон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди шадид сар зад ва талафоти зиёди моливу ҷониро бар ҷо гузошт. Аз лаҳзаи аввал ҳар ду ҷониб ҳамдигарро ба оташкушоӣ муттаҳам карданд.

Аз таҳқири роҳбарони давлат то даъват ба ҷанг ва паҳн намудани маълумотҳои бардурӯғ
Ин навбат инъикоси низоъи марзӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ куллан дигаргуна сурат гирифт. Агар дар низоъҳои гузашта ВАО ҳангоми инъикоси ин масъала то ҷое меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва стандартҳои байналмиллалиро риоя мекарданд, ин даъфа қариб пурра нақз намуданд. Ба назар мерасид, ки ҳатто журналистони алоҳида ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ҳарду кишвар ба ҷои паҳн намудани маълумоти саҳеҳ ва замина гузоштан ба муътадил шудани вазъият аз таҳқиру таҳдид истифода мебурданд.

Дар сегменти интернетии Қирғизистон аксҳои роҳбарияти Тоҷикистон бо шиори “Аз мардуми осоиштаи Қирғизистон даст бардоред”, “Агрессияи низомиёни Тоҷикистон нисбати мардуми осоиштаи қирғиз” ва даҳҳо шиорҳои дигар бо видеоҳои таҳқиромезу сохта паҳн мегардиданд. Чунин маълумотҳои таҳқиромезро ҳатто баъзе аз сомонаҳои хабарӣ ва саҳифаҳои расмии ин сомонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд. Намояндагони ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ҷониби Қирғизистон постҳои таҳқиромез ва хабарҳои бардурӯғро дидаву дониста паҳн менамуданд, ки боиси шадидтар шудани ҷанги иттилоотӣ ва зиёдтар пайдо шудани хабарҳои фейкӣ гардид.

Дар ҳақиқат ҷониби Қирғизистон низ ҳангоми инъикоси муноқишаи марзӣ ҳама гуна меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқиро пушти по заданд. Мо ба се наафр коршиноси расонаии Қирғизистон муроҷиат кардем, ки ин аъмоли рузноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиашонро шарҳ диҳанд, онҳо аз ин кор худдорӣ намуданд.

Бархе аз воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон низ дар инъикоси низоӣи марзӣ аз шеваи таҳқир ва таҳдид кор гирифтанд. Истифодаи сарлавҳаҳои таҳқиромез зиёд ба назар мерасид. Баъзе аз журналистон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ навиштаву наворҳои фейкиро паҳн мекарданд, ки боиси ба таҳлука афтодани мардуми осоишта мегардид. “Шумо қирғизҳои беақлро роҳбарони ҷинояткор роҳбарӣ мекунанд”, “Қирғизҳои беномус”, “Ҳатто Гурдофаридҳои тоҷик тайёранд ба ҷанг раванд” ва садҳо чунин навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтиомӣ аз ҷониби баъзе аз журналистон паҳн мегардиданд.

“Ҷанги иттилоотӣ низ қоидаҳои худро дорад”
Коршиносон низ ба ин назаранд, ки ин даъфа баъзе аз журналистон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар навиштаҳояшон аз шеваи таҳқиру таҳдид кор гирифтанд ва меъёрҳои ахлоқиро нақз намуданд.
Ҳуринисо Ализода, Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мегӯяд, бархе аз журналистон меъёрҳои ахлоқиро ё намедонанд ё қасдан дар инъикоси масъалаи мазкур нақз намуданд. “Аз оғози низоъ даъват намудем, ки аз постҳои таҳқиромезу таҳдидомез худдорӣ кунанд ва ба эҳсосот дода нашаванд, аммо бенатиҷа буд. Боз аз ҳамон алфози нафратомез (“hate speech”), ҳақорат ва таҳкир кор гирифтанд”.

Ҳуринисо Ализода мегӯяд, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бошанд ягон меъёрҳоро риоя накарданд. Ба гуфтаи ӯ баъзеҳо фикр мекунанд, ки агар ҳарчӣ бештар ҳақорату таҳдидро истифода баранд, ҳамон қадар меҳру муҳаббати зиёд нисбати Ватан ифода меёбад.

“Ҷанги иттилотӣ низ қоидаҳои худро дорад. Бисёриҳо намедонанд, ки силоҳи ҷангӣ ин факту далел ҳисоб меёбад. Гап сари ин ки ҷониби Қирғизистон ин меъёрҳоро ҷиддитар нақз намуд. ”

Рустам Гулов фаъоли ҷомеаи шаҳрванлӣ мегӯяд, танҳо баъзе мутахассисони алоҳида ва редаксияҳо ба нақзи меъёрҳои ахлоқӣ роҳ надоданд. Аммо истифодабарндагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ аз байни журналистон ва чӣ аз байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ҷомеаи илмӣ маълумотҳои носаҳеҳро паҳн намуда, ҳам меъёрҳои ахлоқиро нақз карданд ва ҳам ба амалиёти таҷовузкоронаи ҳарбӣ даъват менамуданд. “Ин ҳолат аз ҳарду ҷониб мушохида гардида, ба ҷои зудтар ҳал шудани низоъ баръакс байни халқҳои ҳар ду кишвар адоватӣ нажодӣ барангехт”

Коршиносони соҳа мегӯянд, низоъи марзӣ мавзӯи ҳассос аст ва журналист бояд ҳангоми инъикоси чунин масъалаҳо аз принсипи “зарар нарасон” кор бигирад.

 

Рухшона Ҳакимова, журналист

Мавод дар доираи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори АМВАОМТ тавассути таҳияи «Харитаи роҳ» оид ба рушди ассотсиатсия, инчунин тарғиби ахлоқи расонаӣ ва механизмҳои худтанзимкунӣ дар матбуот» бо дастгирии Филиали Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима