Шарҳи ҳуқуқшинос: Қонунгузории Тоҷикистон майлонҳои нави рӯзноманигорӣ ва блогнависиро танзим карда наметавонад
     TJ RU EN
11:44 / 2024-12-19

Шарҳи ҳуқуқшинос: Қонунгузории Тоҷикистон майлонҳои нави рӯзноманигорӣ ва блогнависиро танзим карда наметавонад

2022111101 FarajДар робита ба мушкилоти ахири ба сари журналистону блогнависони тоҷик омада ва бархӯрди мақомоти кишвар мавзуи терроризим ва экстремизми сиёсӣ, динӣ, миллатгароӣ, низоъҳои навин ва моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ бо ҳузури рӯзноманигорон ва блогнависон рӯзҳои 28-30-юми октябр таҳлил ва ба баррасӣ гузошта шуд.

Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор ва медиатренери тоҷик, гуфт, ба сифати субъекти терроризми сиёсӣ аксаран ҳизбҳои сиёсии радикалӣ, гурӯҳҳои алоҳидаи дохили ҳизб ё иттиҳодҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти экстремистӣ баромад мекунанд.

“Терроризми сиёсӣ бо истифода аз таҳдид ҷомеаро ба ҳолати моҷарогароӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа ҷудоӣ ва бесарусомонӣ хоси он ҷомеа мегардад”, – афзуд Раҷаб Мирзо.

Ба гуфтаи ӯ, терроризми динӣ ва миллӣ гоҳҳо дар муқобили сиёсати ҷаҳонишавӣ аз худ дарак медиҳанд.

“Ҷаҳонишавӣ давлатҳои ҷаҳонро дар як “хонаи бузург” муттаҳид кардан мехоҳад ва ин ба фаъолияти баъзе ҳаракатҳои ифротӣ авҷ медиҳад”, – гуфт Раҷаб Мирзо.

Ранжет Ятимов, ҳуқуқшинос тоҷик, баҳсҳо ва бархӯрдҳои ахири ба сари журналистону блогнависони тоҷик омадаро дар ин баробар таҳлил намуда, моддаи 307-и Кодекси ҷиноятиро шарҳ дод.

Ӯ мушкилоти ҳуқуқии рӯзноманигоронро бозгӯӣ намуда, дар ҳамин ҳол, омили дигари сахт бархӯрд дидани журналистону блогнависонро дар доираи қонун муайян нагардидани фаъолияти онон ҳисоб кард.

“Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки агар фаъолияти блогнависони тоҷик дар доираи қонун дар кишвар муайян мегардид, албатта, бархӯрдҳо низ комил дигаргуна мешуданд”, – гуфт ҳуқуқшиноси тоҷик.

Ранжет Ятимов дар ин баробар гуфт, Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” дигар ҳама трендҳои муосир ва намудҳои нави фаъолияти рӯзноманигорӣ ва блогнависиро дар чаҳорчӯбаи қонун дароварда наметавонад.

Ӯ зарур донист, ки қонунгузории миллӣ бояд таҷдид шавад, то равандҳои навинро дар чаҳорчӯбаи қонун дароварда тавонад.

Ҳамин тавр, Набӣ Юсуф ва Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигорон ва соҳибрасонаҳои тоҷик дар ин робита аз таҷрибаҳои худ дар ин чорабинӣ ҳарф заданд.

Бояд гуфт, ин барнома аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар доираи рӯзноманигорон, блогнависон ва мутахассисони бозорёбӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки мушкилоти ахиран ба сари блогнависон ва рӯзноманигорони тоҷик омада, ҷомеаи журналистӣ ва шаҳрвандии кишварро нигарон намудааст ва донистани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ беш аз пеш зарур ҳисоб мешавад.

https://farazh.tj/habari-ruz/sharhi-huquqshinos-onunguzorii-tojikiston-majlonhoi-navi-ruznomanigory-va-blognavisiro-tanzim-karda-nametavonad/


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима