SMM дар расонаҳои Тоҷикистон: Оё бозорёбӣ мешавад?
     TJ RU EN
10:43 / 2024-12-20

SMM дар расонаҳои Тоҷикистон: Оё бозорёбӣ мешавад?

SMMБо рушди фановариҳои иттилоотӣ имконоти фаровоне барои расонаҳо ба вуҷуд омадааст. Аз як сӯ, агар ин рушди бесобиқа рақибони наверо барои расонаҳои суннатӣ ба вуҷуд оварда бошад, аз сӯйи дигар баъзан ин “рақибон” шарики рушди расонаҳо низ мешаванд. Яке аз майдонҳои муҳиме, ки барои расонаҳо ва фаъолияти рӯзноманигорӣ имконоти васеъ фароҳам кардааст – шабакаҳои иҷтимоӣ ё расонаҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Албатта мо ба ин баҳс намепардозем, ки шабакаҳои иҷтимоӣ рақиби расонаҳои суннатӣ мебошанд ё шарикони онҳо дар роҳи рушд. Вале ба ҳар ҳол ин шабакаҳо ҳам мисли василаҳои дигари иттилоърасонӣ – матбуот, телевизион, радио ва маҷаллаву воситаҳои ахбори дигар канал ё василаи хубе барои расонидани иттилоъ ба ҷомеа (мардум) мебошанд.

Дар чунин шароит яке аз имконоте, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои муаррифӣ ва бозорёбии ҳама ниҳодҳои иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам кардаанд SMM (Social Media Marketing) бозорёбӣ тавассути расонаҳои иҷтимоӣ мебошад.

 

Албатта бозорёбӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ падидаи нав аст ва ҳоло дар дунё ҳама доираҳо аз ин хадамот фаровон истифода мебаранд. Аз ҷумла расонаҳо ё ширкатҳои расонаӣ ин имкониятро барои бештар муаррифӣ кардани матолибу муҳтавои худ ва зиёд кардани хонандаву аудиторияи худ фаровон истифода мекунанд. Дар Тоҷикистон вазъ чӣ тур аст? Дар ин матлаб талош шудааст, ки истифодаи расонаҳои Тоҷикистон аз SMM баррасӣ шавад. Матлабро Иршод Сулаймонӣ продюссери бахши нақди расонаии Internews дар Тоҷикистон ва Алимшоҳ Меҳрзода, хатмкардаи мактаби нақди расонаии Internews ва яке аз масъулони хадамоти SMM-и гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus навиштаанд.

Бозорёбии расонаҳои иҷтимоӣ чист?

Бозорёбии расонаҳои иҷтимоӣ як навъ бозорёбии интернетӣ аст ва асосан ду бахши муҳим дорад. Яке тавлид ё истеҳсоли матлабу муҳтаво барои худи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигаре ба иштирок гузоштан (share, поделиться)-и муҳтаво ва иттилои ширкату ниҳодҳои гуногун дар расонаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Ин корро ширкатҳо барои бозорёбӣ ё ба истилоҳи маъмул ҷалби муштарӣ ва мухотаб мекунанд.

SMM ҳоло яке аз хадамоти фарогир дар ҳама доираҳо ҳаст. Ҳам доираҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳам ниҳодҳои иҷтимоӣ, ҳам сиёсатмадорону идеологҳо ва ҳатто доираҳои ҷиноиву террористӣ аз он истифодаи зиёд мекунанд. Хадамоти SMM ҳоло фақат як масъул не, балки маҷмӯи мутахассисонеро дар бар мегирад, ки ба таблиғ, муаррифӣ ва тиҷорати ширкатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару кор мегиранд. Албатта баъзе корҳои содаи ин бахшро ҳоло дар бархе аз ширкатҳо ботҳо иҷро мекунанд, вале бахши муҳим ва кори асосӣ ба дӯши мутахассисон ё масъулони бозорёбии расонаҳои иҷтимоӣ аст.

SMM фаъолиятҳое чун нашри матн, акс, видео ва муҳатавои дигар, аз ҷумла stories ё достонҳо дар шабакаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад. Бидуни шак ин кор боиси афзоиши мухотаб (аудитория) ва муштарӣ мегардад.

Расонаҳои Тоҷикистон хадамоти SMM доранд?

Баъди фарогир шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо (мессенҷерҳо) тақрибан ҳама ниҳодҳои фаъол дар расонаҳои иҷтимоӣ саҳфаҳои худро боз карданд. Имрӯз душвор аст, сиёсатмадори фаъол ё раисҷумҳуреро пайдо кунем, ки дар Twitter-у Facebook ҳисоби корбарӣ (account) надошта бошанд. Инчунин, ситораҳои варзиш, футбол, санъату мусиқиро бе саҳифаи Instagram тасаввур карда намешавад. Барои мисол саҳфаи футболбози маъруф Роналду дар ин паёмрасон 472 миллион дунболкунанда (followers, подписчики) дорад. Оё расонаҳои Тоҷикистон аз имкониати технологӣ истифода мекунанд?

Бозорёбии расонаҳои иҷтимоӣ, ҳарчанд нав вориди журналистикаи тоҷик ё расонаҳои Тоҷикистон шуда бошад, вале бархе аз расонаҳо аз он ба шакли хуб ва муассир истифода мекунанд. Бархе расонаҳои дигари Тоҷикистон, ки мутаассифона шумораашон зиёд аст, аз ин имконият тақрибан истифода намебаранд.

Пеш аз ҳама бархе расонаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва расонаҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта хадамоти бисёр фаъоли SMM доранд. Бархе расонаҳое ҳастанд, ки танҳо бо Фейсбук қаноат кардаанду танҳо дар ин шабака матолибу мақолаву хабару гузоришҳояшонро ба иштирок мегузоранд ё бознашр мекунанд. Бархе расонаҳои дигар дар шабакаи Youtube низ канал боз кардаву барои аудиторияи худ матолиби видеоӣ ва гуфторӣ (аудиоӣ) пешниҳод мекунанд. Аммо бархе расонаҳои дигари Тоҷикистон имконоти бозорёбии расонаҳои иҷтимоиро фаровон ба кор гирифта, дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо саҳфаҳои фаъол доранд.

Аз рӯйи таҳқиқоти мо, дар ҳоли ҳозир аз расонаҳои Тоҷикистон ва расонаҳои фаъол дар Тоҷикистон Радиои “Озодӣ”, гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, ширкатҳои расонаии Your tj, “Вечёрка”, расонаҳои медиахолдинги “Оила”, хабаргузории “Авесто”, ҳафтаномаҳои “Фараж”-у “СССР”, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, АМИТ “Ховар”, Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои гуногуни он, радиои “Ватан” ба шаклу шеваҳои гуногун аз SMM истифода мебаранд.

Asia-Plus

Фаъолтарин хадамоти SMM ё бозорёбӣ тавассути расонаҳои иҷтимоиро дар миёнаи расонаҳои Тоҷикистон гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дорад, ки беш аз 10 сол мешавад онро ба роҳ андохтааст. Дар сохтори “Азия-Плюс” бахши ҷудогонаи хадамоти SMM мавҷуд аст, ки он мудир (директор) ва чандин коргар ё мутахассис дорад, ки тақрибан дар як шабонарӯз то 16-20 соат дар шабакаҳои иҷтимоии ин расона кор мекунанд. Ҳамчунин радиои “Азия-Плюс” бахши ҷудогонаи SMM-и худро дорад.

Ҳоли ҳозир дар миёни расонаҳои Тоҷикистон фаъолтарин хадамоти SMM марбут ба ин гурӯҳи расонаӣ мебошад, ки фаъолтарин ва серкорбартарин саҳифаҳоро дар Facebook, Telegram, Instagram, Youtube ва ҳатто Яндекс.Дзен, OK ва ВК дорад. Гузашта аз ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бахши русии “Азия-Плюс” ҷудогона ва бахши тоҷикии он саҳифаҳои ҷудогона доранд ва дар ҳар ду бахши хадамоти SMM мутахассиони хос кор мекунанд ва фаъолияти онҳоро пеш мебаранд. Аз рӯйи таҳқиқи мо маълум шуд, ки танҳо дар Youtube канали ҳар ду бахш муштарак асту халос.

Дар айни ҳол канали ютубии “Азия-Плюс” 166 ҳазор обуначӣ дорад, ки дар миёни шабакаҳои ютубии расонаҳои расмии Тоҷикистон аз ҳама зиёд мебошад. Шабакаи бахши русии он дар Телеграм наздик ба 38 ҳазор ва бахши тоҷикии он ҳудуди 8 ҳазор дунболкунанда доранд. Дар фейсбук саҳифаи русии ин расона 200 ҳазор ва саҳифаи тоҷикияш 12 ҳазор обуначӣ доранд. Ба ҷуз саҳифаҳои расмӣ бахшҳои тоҷикӣ ва русии “Азия-Плюс” ҳамчунин дар фейсбук гурӯҳҳои худро доранд, ки дар ин гурӯҳҳо ҳам ба таври фаъол матолибу муҳтавои худро нашру паҳн мекунанд. Саҳифаи русии ин расона дар Instagram 256 ҳазор ва саҳифаи тоҷикияш 58 ҳазор дунболкунанда доранд.

Бояд гуфт, ки агар аксари расонаҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар он матолиберо бознашр мекунанд, ки дар сайтҳо ё дар нашрияҳояшон ба табъ расидааст, аммо “Азия-плюс” ҳам ин гуна матолиби бахшҳои тоҷикиву русӣ ва баъзан инглисии худро нашру паҳн мекунад ва ҳамчунин барои саҳифаҳояш дар расонаҳои иҷтимоӣ матлабу хабару гузоришҳои хос таҳия менамояд. Дар бештари маврид аксари хабарҳои ин расона дар каналҳои тоҷикиву русии телеграми он ба таври фаврӣ нашр гардида, баъдан тафсилот ва ҷузъиёти бештараш дар қолаби хабар ё гузоришу мақола ва форматҳои дигар дар сайт ва саҳифаҳои шабакаҳояш пайдо мешаванд.

Ҳамчунин хадамоти SMM ин расона аз имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ фаровон истифода карда, барои ҷалби муштариёни зиёд ва гарм нигоҳ доштани бозори худ ҳар гуна бозӣ, stories, назарсанҷӣ, суолу ҷавобро роҳандозӣ мекунад. Аз сӯйи дигар, барои нашри матолиб дар ҳар шабакаи иҷтимоӣ формат ё қолабҳои ба ҳар шабакаи иҷтимоӣ хосро ҷудогона истифода мекунад.

Бино ба таҳқиқи мо, “Азия-Плюс” дар миёни расонаҳои Тоҷикистон ягона расонаест, ки аз саҳифаҳои иҷтимоияш monetization (монетизация) ё касби даромад мекунад. Ин расона саҳифаҳои пуркорбараш дар шабакаҳои иҷтимоиро барои рекламадиҳандагони гуногун пешниҳод мекунад ва аз ин ҳисоб даромад ба даст меорад.

SMM расонаҳои дигар

Аз рӯйи таҳқиқи мо, дигар ҳеҷ расонаи Тоҷикистон хадамоти SMM ҳамчун бахши ҷудогона дар сохтори редаксияашон надоранд. Аз ҷумла хабаргузории давлатии “Ховар” дар Facebook ва Twitter саҳифаҳои расмии худро дорад, ки дар он ҷо танҳо матолиби дар сайташ нашршударо бознашр ва паҳн мекунад. Ин расона барои шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби хос омода намекунад. Дар Телеграм “Ховар” саҳифаи расмии худро надорад, аммо бо номи ин расона чандин канале дар ин паёмрасон мавҷуд аст, ки аз 100 дунболкунанда зиёд надоранд. “Ховар” дар Youtube ҳам канал надорад.

“Ҷумҳурият” нашрияи расмии ҳукумат ва президенти Тоҷикистон аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар Фейсбук саҳифа ва дар Youtube канали расмӣ дорад. Аммо шумораи обуначиёни ин расона зиёд нест: 2000 дар фейсбук ва 349 дар Ютуб. Дар Фейсбук танҳо матолиби нашрия бознашр мешаванд. Барои барномаи “Фонус”-и “Ҷумҳурият” дар ютуб матлабу барномаҳои хоси видеоӣ таҳия мешавад, ки бинандаи зиёд надоранд. Қариб навад дар сади ин матлабҳои видеоӣ аз 500 бинанда камтар доранд. Пурбинандатарин матлаби видеоии ин расона бо ном “Артиши миллӣ ва тартиби нави хизмати ҳарбӣ” як суҳбат бо чанд масъули Вазорати дифоъ аст, ки онҳо тартиби нави хидмат, аз ҷумла хидмати пулакиро мефаҳмонанд, ки 10,7 ҳазор бинанда дорад.

Pressa.tj ё нашрияи “Тоҷикистон” дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар фейсбук (16,3 ҳазор обуначӣ), телеграм (342 обуначӣ) ва ютуб (113 ҳазор обуначӣ) саҳифаҳо дорад. Ин расона ҳам дар фейсбуку телеграм хабару матлабҳои сайт ва нашрияро бознашр ва паҳн мекунад. Аммо барои ютуб матлабҳои ҷудогона ва хос таҳия мекунанд. Ҳамчунин нашрияи “Оила”, ки дар баробари “Тоҷикистон” ва сайти он марбут ба холдинги ҶДММ “Оила” мебошанд, канали худро дар Ютуб дорад, ки дорои 164 ҳазор обуначӣ аст ва яке аз каналҳои серкорбари расонаҳои расмӣ дар ин шабака мебошад.

Нашрияи “Фараж” ҳам дар фейсбук (2,2 ҳазор обуначӣ), ютуб (13 ҳазор), инстаграм (588 нафар) ва твиттеру телеграм (198 обуначӣ) саҳифаҳои худро дорад. Аммо тавре аз шумораи обуначиёни саҳифаҳои иҷтимоии ин расона дида мешавад, кори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд фаъол нест. Албатта ба истиснои ютуб, ки барои канали худ дар ин шабака матолиби ҷудогона ва ҳатто барномаҳои хос таҳия мекунанд. Дар дигар расонаҳои иҷтимоӣ, умдатан матлабҳои сайт ва нашрия бознашр ва паҳн карда мешаванд.

Нашрияи “СССР” аз шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо дар фейсбук (наздик ба 3 ҳазор обуначӣ) ва ютуб – СССР ТВ (5,4 ҳазор обуначӣ) саҳифа дорад. Дар саҳифаи расмии фейсбукияш нашрия матолиби сайт ва ҳафтаномаро бознашр ва паҳн мекунад. Барои фейсбук масъулони нашрия матолиби хос омода намекунанд. Аммо дар шабакаи ютубии худ матолиби ҷудогона, аз қабили мусоҳибаҳо, нашрҳои зинда, матолиби дигари видеоӣ аз нишасту маҳфилҳо ва рӯзҳои қабули шаҳру ноҳияҳо омода ва нашр мекунад.

Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои гуногуни он – “Фарҳанг”, “Овози тоҷик”, “Садои Душанбе” аз миёни шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳама беш дар телеграм ва фейсбук фаъоланд ва саҳфаву каналҳои расмӣ доранд, аммо шумораи обуначиёни онҳо зиёд нест. Масъалан канали худи радио дар телеграм ҳамагӣ 198 обуначӣ, аз радиои “Фарҳанг” 111 ва аз шабакаи “Овози тоҷик” 13 обуначӣ доранд. Шумораи обуначиёни ин расонаҳо дар фейсбук зиёдтар аст. Аз ҷумла Радиои Тоҷикистон дар Фейсбук 11 ҳазор ва дар ютуб бештар аз 6 ҳазор обуначӣ дорад.

https://newreporter.org/tj/2022/08/25/smm-dar-rasonahoi-tojikiston-oyo-bozoryobjj-meshavad/


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима