ҲУКУМАТИ РАҚАМҲО ё чаро маълумоту арқомро ҳоло “асъори демократия” меноманд?
     TJ RU EN
11:07 / 2024-12-20

ҲУКУМАТИ РАҚАМҲО ё чаро маълумоту арқомро ҳоло “асъори демократия” меноманд?

Rajabi MirzoЯк нигоҳи сарсарӣ ба атрофу акноф кифоя аст, ки дарк кунем: дунё рақамӣ мешавад! Ин воқеият аст, ки агар асри ХХ-ро ҳамчун “садсолаи иттилову ахбор” мешинохтанд, қарни ХХ1 ин маъноро боз мушаххастар кард. Ба ҳар сурат дар дунёи иттилоотиву фановариҳои ҷадид, ки зиндагӣ дорем, бе ахбору маълумоти дақиқу дастрас як қадам гузоштан имкон надорад. Аз ин ҷост, ки ҳоло мегӯянд, иттилоъро фақат маҳсулот донистан иштибоҳ аст, чун он акнун мол ҳам ба ҳисоб меравад. Зимнан, маълумоту арқомро асъори (валютаи) демократия ҳам мегӯянд.

Воқеан, имрӯз бахше вуҷуд дорад, ки истифодаи фановариҳои (технологияи) рақамӣ дар он эҳсос нашавад?

Сар карда аз масоили содатарини оилавӣ ва рӯзгор, варзиш, фарҳанг, дину ибодат, иқтисод, тиҷорат, то масоили муҳимтарини иҷтимоӣ – сиёсӣ ба гунае ба фановариҳи нав иртибот мегирад. Одамон тавассути фановариҳои навин, дониш меомӯзанд, тиҷорат мекунанд, табобат мегиранд, хӯрокпазиву корҳои зиндагиро аз худ мекунанд, ё таҷрибаи пешинашонро такмил ё нав менамоянд, ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ машғул мешаванд, ҳуқуқҳои худро меомӯзанд. Гуфтан мумкин, ки мо ба дунёи наве ворид мешавем, ки 25 – 30 сол қабл бароямон афсона менамуд…

Ҳоло ҳатто муоширати байни одамон мисле, ки бештар тавассути технологияҳои нав сурат мегирад. На танҳо бо онҳое, ки дар хориҷаи дуру наздик зиндагӣ доранд, ҳатто бо онҳое ҳам, ки дар ҳамсоягӣ ва бештар аз ин дар як хонаву ҳавлиамон ба сар мебаранд. Аз ин ҷост, ки бахше аз мардум гоҳҳо шӯхиомез ва аммо дар аслу воқеӣ мегӯянд, ки онҳо дар дунёи маҷозӣ зиндагӣ доранд ва ҷаҳонро як “деҳкадаи хурд” меноманд.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Умрилло Меликов, ки дар самти ҳуқуқи рақамӣ пажӯҳиш анҷом додааст, мегӯяд танзими ҳуқуқии ин раванд хеле муҳим аст. Зеро:

– Дар технологияҳои нав барномаҳои хос муҷаҳҳаз шудааст, ки тавассути онҳо мо аз маводҳои рақамӣ ва хизматрасониҳои гуногун истифода мебарем. Хусусан, тавассути телефонҳо ва компютерҳо мо аз почтаи электронӣ ва сомонаҳо истифода мебарем, хариду фурӯши онлайнӣ баргузор менамоем, маблағҳоро интиқол ё қабул менамоем. Ин амалҳо дар фазои маҷозӣ сурат мегиранд, ки он дар заминаи технологияҳои рақамӣ рушд ёфта истодааст. Ин яке аз намудҳои нисбатан оддитари технологияҳои рақамӣ мебошад, ки бо он ҳамарӯза мо кор менамоем. Илова ба он, боз технологияҳои мураккабтари рақамӣ инкишоф ёфта истодааст: технологияе, ки тавассути он маълумоти зиёд коркард карда мешавад (big data); нейротехнология; роботҳо ё технологияҳое, ки дар асоси зеҳни сунъӣ сохта шудаанд; занҷирафеҳрист (блокчейн); технологияҳои квантӣ; интернет-ашёҳо; технологиҳое, ки дар асоси онҳо фазои маҷозӣ сохта мешавад; технологияҳои сенсорӣ ва ғайра.

Истилоҳи “рақамӣ” аз куҷо пайдо шуд?

Чунин раванд маълум аст, ки муносибатҳои нави ҷамъиятиро ба вуҷуд меоранд. Барои ҳамин, дар аксари кишварҳои пешрафта қонунгузории худро ба шароити нав созгору мувофиқ мекунанд, ки онро ба таври рамзӣ “ҳуқуқи рақамӣ” ном мебаранд.

Ҳуқуқшинос Умрилло Меликов низ ба ин назар аст, ки “ҳуқуқи рақамӣ” айни ҳол дар шакли комил рушд накардааст:

– Яъне, ҳоло дар мавриди соҳа ё зерсоҳаи ҳуқуқ, соҳаи қонунгузорӣ будани он ҳарф задан каме барвақт аст. Зеро, на танҳо маводҳои илмию таълимӣ дар ин масъала хеле кам матраҳ шудааст, инчунин, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва таҷрибаи татбиқи ҳуқуқ ҳам акнун ташаккул ёфта истодааст. Дар қонунгузорӣ вобаста ба зарурат тағйиротҳо ворид шуда истодаанд, ки тибқи онҳо истифодаи технологияҳои рақамӣ таҳти танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта истодааст. Аз ҳамин хотир ҳоло муаллифон ибораи “танзими ҳуқуқии истифодаи технологияҳои рақамӣ”- ро истифода бурда, дар бораи “ҳуқуқи рақамӣ” шартан ҳарф мезананд. Бо ин ҳама, фаромӯш намекунем, ки ҳоло маҳз ҳуқуқҳое пайдо шудаанд, ки онҳо дар натиҷаи рушди технологияи рақамӣ пайдо шуда, ба истифодабарии онҳо рабт доранд. Масалан, пайдоиши технологияи рақамӣ сабаб шуд, ки қонунҳои пахши рақамии барномаҳои телевизион, пулҳои рақамӣ ва ҳуқуқҳои рақамӣ пайдо шаванд.

Умрилло Меликов мегӯяд, ташаккулёбии иттилоот тавассути технологияи рақамӣ заминаи асосӣ барои ба вуҷуд омадани ҳуқуқи рақамӣ гардид. Сабаби “рақамӣ” номидани ин фановариҳои навинро бошад, чунин шарҳ додааст:

– Дар миёни рақамҳо 0 ва 1 нақши калидӣ доранд, зеро маҳз дар асоси ҳамин ду рақам ва комбинатсияҳое, ки дар асоси он сохта мешаванд, калимаҳо ва баъдан ҷумлаю матнҳо таҳия мегарданд. Ҳар калима, ҷумла ва матне, ки мо дар компютер мехонем, онҳо дар зерманзари компютер маҳз тавассути ҳамин ду рақам навишта мешаванд. “Рақамӣ” номидани технологияи ҳозира ҳам аз ҳамин сарчашма мегирад. Баъдан ниёз ба истифодаи қонунии технологияи рақамӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки атрофи ҳуқуқи рақамӣ фикр намоянд ва ҳуқуқҳое, ки барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ доир ба истифода, ҳифз ва муомилоти технологияҳои рақамӣ равона шудаанд, ҳуқуқи рақамӣ меноманд.

“Ҷазо барои лайк” оё хос танҳо барои Тоҷикистон аст?

Ин ҷои баҳс надорад, ки тавассути санаду қонунҳои нав муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар бахшҳои мухталиф танзим ва идора мегардад, ки кори одамонро хеле осон мекунад. Аммо дар кишварҳое, ки ба ин раванди муҳими ҷаҳонӣ бархӯрди сазовор сурат намегирад, мушкилоти нави ҷамъиятӣ пеш меояд. Мисолҳои зиёдеро овардан мумкин, ки одамонро тавассути муносибатҳои интернетиву маҷозӣ фиреб додаанд, таҳқиру ҳақорат намудаанд, маблағашонро бо фиреб аз худ кардаанд. Ҳолатҳое ҳам ба назар мерасад, ки одамонро барои ин гуна аъмол муҷозот намудаанд. Таъбири “ҷазо барои як лайк” дар мо низ роиҷ аст. Ин гуна бардошт дар ҳоле пайдо мешавад, ки ё одамон аз санаду қонунгузориҳои хос огоҳ нестанд, ё воқеан ҳам ин ҳолатҳо танзимшуда, ё мушаххасан танзим нашудаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар кишварҳои аврупоиву ғарбӣ ин гуна аъмол танзими ҳуқуқии худро пайдо кардаанд. Дар ин кишварҳо барои чунин ҳолатҳо санаду қонунҳо таҳия шуда, мӯҳлат барои шарҳу постҳо муқаррар шудааст.

Масалан дар Олмон платформаҳо муваззаф шудаанд, ки контенти хавфнокро маълум намуда, дар муддати аз як то ҳафт шабонарӯз нисбати он тадбир андешанд. Ширкатҳои вобаста ба ин гуна фаъолият вазифадоранд, ки ҳамасола ду бор ба Вазорати адлияи Олмон ҳисобот диҳанд. Дар сурати иҷро нашудани бандҳои қонунгузорӣ ба онҳо то 5 миллион евро ҷарима таҳдид мекунад.

Дар Фаронса низ матолиби “яқинан ғайриқонунӣ” дар фосилаи 24 соати шикоят аз болои онҳо бояд ҳазф шаванд.

Дар Австрия бошад ҳамаи онлайн – платформаҳо, ки тавассути онҳо паёми матнӣ, тасвирӣ ё наворӣ паҳн мешаванду на камтар аз 100 000 корбар дар ин кишвар доранд, ё даромади солонаашон баробар ба 500 000 евро аст, ба гурӯҳи шабакаҳое дохил мешавад, ки қонун ба онҳо иртибот мегирад. Дар қонунгузории ин кишвар аз 15 намуди ҷиноятҳое ном бурда мешавад, ки таҳти назорати ин қонун қарор мегиранд. Аз ҷумла, забони адоват, водорнамоӣ, таъқиб ва таҳқири гароишҳои мазҳабӣ. Барои муҷозоти корбароне, ки ба ин гуна қонуншиканиҳо даст задаанд, платформаҳо бояд дар муддати аз 24 соат то 7 рӯзи пас аз шикоят аз болояшон мавқеи худро маълум намоянд.

Тоҷикистон мисли аксари кишварҳои дигар вобаста ба равандҳои “ҳуқуқӣ рақамӣ” қадамҳои аввалини худро мегузорад. Хоса дар бахши вобаста ба мубориза ба терроризм ва ифротгароӣ.

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки пас аз таъсис ёфтани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ дар бахши вобаста ба “ҳуқуқи рақамӣ” ҷиддитар хоҳанд шуд. Ташкил намудани ниҳоди мазкурро президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири солонаи худ масъалагузорӣ намуд. Аммо дар бораи таъсиси он то ҳанӯз хабаре нест.

Дар натиҷа коршиносон ҳоло ҳамчун соҳаи ҳуқуқ, ё соҳаи қонунгузорӣ гуфтани “ҳуқуқи рақамӣ”-ро барвақт медонанд. Зеро санадҳои ҳуқуқии кифоя дар ин соҳа қабул нашудааст, таҷрибаи судӣ ҳам ташаккул наёфта, маводи илмӣ низ мукаммалу устувор нестанд. Аммо нодида гирифтани ин раванд, ба гуфтаи онҳо, метавонад мушкилоти навро ба вуҷуд биёрад.

Раҷаб МИРЗО

https://farazh.tj/sahifai-asosy/hukumat/ukumati-ra-am-o/


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима