Мониторинги риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣдар Тоҷикистон» дар моҳҳои март – апрели соли 2016
     TJ RU EN
03:23 / 2024-11-24

Мониторинги риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣдар Тоҷикистон» дар моҳҳои март – апрели соли 2016

Нахуст: Мониторинги Шўрои ВАО таҷрибаи мусбат аст. Зеро, ҳарчанд он аз тарафи 1 нафар узви Раёсат гузаронида мешавад, (яъне субъективист), дар асл барои риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» журналистонро масъулиятшинос мекунад ва ҳам соҳибрасонаҳоро дар роҳи татбиқи ин меъёрҳо водор месозад.

Баъдан: Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки журналистони тоҷик торафт барои ба меъёрҳои байналмилалӣ расонидани журналистикаи тоҷик ва фаъолияти расонаҳо талош доранд, Ин ҳам яке аз омилҳои таъсири мусбати Мониторинг аст (ҳарчанд расман эътироф намекунанд).

 Чун пештара аз эҳтироми забони давлатӣ ва риояи Қоидаҳои имло шурўъ мекунем. То ҳанўз риоя нагардидани Қоидаҳои имло қариб дар ҳама расонаҳо идома дорад. Ин 2 сабаб дорад:

  1. Тез-тез тағйир додани Қоидаҳои имло
  2. Қоидаҳои имлоро надонистани аксари журналистони тоҷик

Эҳтиром нагардидани забони давлатӣ дар он зоҳир мешавад, ки дар расонаҳои тоҷикӣ безарурат дар номи сарлавҳаҳо ва дар дохили матнҳо калимаву ибораҳои забонҳои ғайр, аз ҷумла русӣистифода мешаванд. Ба гунаи мисол дар ҳафтаномаи «Фараж» (9 марти соли 2016) сарлавҳа бо номи «Одноклассники» омадааст. Дар баъзе матлабҳои интиқодӣ ишора ба мавзеъ дар сарлавҳаҳо махсус таъкид мешавад, ки то андозае ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣдар Тоҷикистон» созгор нест. Масалан дар нашрияи «Азия - плюс» хабар бо сарлавҳаи зерин омадааст: «Хатлонским проституткам преподадут «уроки нравственности»» («АП», 7 апреля 2016 г.). Ба андешаи инҷониб, ин гуна номгузорӣшудани хабар ба хотири ҷалби аудитория аст. Шояд барои баъзе нашрияҳое, мисли «Оила», «Муҳаббат ва оила» ин гуна сарлавҳаҳогузорӣҷойи айб набошад, аммо барои нашрияи бонуфузе чун «Азия - плюс» чунин сарлавҳагузорӣнамезебад. Зеро хонанда ин нашрияро на барои хабари ҳангомадор, балки ба хотири иттилои воқеї, таҳлилҳои касбӣва маҳорати баланди журналистонаш дўст медораду мехонад. Матлабе, ки нашрияи «Фараж» бо номи «Суғд: ҳаққи ношунавоёнро кӣмехўрад?» чоп кардааст, ба ҳамин мисоли боло монанд аст. Ин ҷо журналист номи маҳалро дар сарлавҳа махсус меорад ва ҳамчунин аз ин сарлавҳа оҳанги пешдоварӣмеояд, ки дар Суғд ҳаққи ношунавоёнро кадоме мехўрад. Инро хонандаи ҳушманд эҳсос мекунад. Нашрияи «Фараж», ки чун нашрияи касбӣва ҷиддӣшинохта шудааст, набояд аз чунин усулҳо кор гирад. Мисоли дигар. Ҳафтаномаи «Чархи гардун» (20 апрели соли 2016) чунин сарлавҳагузорӣ кардааст: «Чаро зани тоҷик бераҳм ва сустирода шудааст?» Ин ҷо низ оҳанги пешдоварї, яъне занони тоҷик имрўз бераҳм ва сустирода ҳастанд, эҳсос мешавад. Дигар ин ки журналистон дар навишта ва сарлавҳаҳои худ пешдоварӣ мекунанд. Масалан аз талаботҳое, ки риоя намешавад. Ё худ ба миллат ишора кардан яке аз одатҳои журналистони тоҷик гаштааст. Хуб аст, агар дар бораи воқеоти мусбат нависанду аз навишта оҳанги ифтихор у сарафарозӣояд. Мутаассифона, дар мо баръакс мешавад. Масалан ҳафтавори «Чархи гардун» (16 марти соли 2015) чунин сарлавҳагузорӣкардааст: «Алфонстоҷикон». Мефаҳмам, ки хуб нест аз ҳисоби зан зиндагӣкардан ва барои ҳар марди ҳақиқӣин нанг аст. Аммо наход ин одатро аз байн садҳо миллат танҳо тоҷикон дошта бошанд? Сарлавҳагузорӣба хотири ҳангома дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» низ дучор мешавад. Таваҷҷўҳ кунед ба ин сарлавҳа «Гурўҳи 24 дар Прокуратураи генералӣ» (13 апрели соли 2016). Дар дохили матн ин матлаб сухан дар бораи тамоман дигар мавзўъ меравад. Ҳол он, ки бо шунидани номи «Гурўҳи 24» сари хонанда дигар андеша меояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣдар Тоҷикистон» аз бисёр ҷиҳат ба иродаи роҳбари расона вобаста аст. Агар роҳбарони расонаҳо барори риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣдар Тоҷикистон» талош кунанд, он гоҳ зердастонашон низ ба ин талош ҳамроҳ мешаванд.   http://www.odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=567%3A-l-r-2016&catid=26%3A2013-08-14-05-15-04&Itemid=90&lang=tj

 


Тақвим

<< < Декабрь 2015 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима