Маърупов Ҷамшед Баҳромович
     TJ RU EN
11:41 / 2024-11-16

Маърупов Ҷамшед Баҳромович


JMB"Ҳамеша ҷонибдори ҳақиқат ҳастам, новобаста аз он ки онро кӣ мегӯяд..."

Журналист, медиа-тренер, роҳбари ТҶ “Расонанигор”
Хатмкардаи шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Муҳаррири сомонаи Factcheck.tj
Фаъолияти эҷодиашро соли 2007 дар рӯзномаи “Суғд” оғоз намуда, минбаъд дар АИ “Озодагон”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, АИ “Tojnews”, радиои “Пайванд” идома додааст.
Соли 2021 ТҶ “Расонанигор”-ро таъсис дод ва то ҳол онро роҳбарӣ менамояд.
Барандаи ҷоиза ва ғолиби озмунҳои:
- «Инсон, замон ва ҷомеа» бахшида ба 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, дипломи дараҷаи II барои беҳтарин маводи журналистӣ (2014);.
- Диплом барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзўйи бемории сил ва доғгузорӣ (2016);
- Дипломи дараҷаи I барои беҳтарин маводи радиоӣ дар озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2016» ;
- Дипломи дараҷаи 2 дар номинатсияи беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар соли 2016;
- Ҷоизаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба номи Ҷумъа Толиб (2017);
- Дипломи дараҷаи аввал барои силсилаи мақолаҳо ва мусоҳибаҳо оид ба сабабҳо ва мушкилоти мубориза бо радикализатсия дар вилояти Суғд дар озмуни «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои ҳуқуқи инсон, озодии дин ва мубориза бо радикализатсия» дар номинатсияи «Васоити чопӣ/онлайн», / IWPR (2018);
- Ғолиби озмуни вилоятии “Хомаи созанда” (дипломи дараҷаи 2, Хуҷанд, 2018).


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима