Jom.tj силсиламатолиби ҷолиберо дар мавзӯи саводи расонаӣ омода кардааст. “Хабарнигори муосир” ин силсиламатолибро тарҷума ва адаптатсия намуд, бо нияти он, ки муфидтарини онро бо шумо мубодила намоем ва шуморо аз фиреби қаллобон эмин дорем. Ин мавод яке аз ин силсиламатолиб аст. Давраи комилро бо ин линк дидан мумкин аст.
Маълумоти шахсӣ – маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ҳаёти субъекти маълумоти шахсӣ, ки ба айнияткунонии шахсияти ӯ имкон медиҳад. (моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”).
Ҳифзи маълумоти шахсиро қонунгузорӣ кафолат медиҳад. Бинобар ин, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумот дар бораи шахсони алоҳида, дастрасӣ ё истифодаи маълумот дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе иҷозати ӯ манъ мебошад.
Оё медонед, ки маълумоти шахсӣ чист?
Маълумоти шахсӣ иттилоотест, ки ба шахси мушаххас алоқаманд аст.
Масалан:
Ичунин номгӯе аз маълумоти шахсӣ ҳасос ҳисобида мешаванд, оё инро медонистед:
Ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумот дар бораи шахсони алоҳида, дастрасӣ ё истифодаи маълумот дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе иҷозати ӯ манъ аст. Оё медонед, ки дар сурати ифшои маълумоти шахс чӣ паёмади ҳуқуқӣ дорад?
Маълумоти бештар дар эксплейнер.
Акс аз Интернет