Чӣ тавр метавон лоиҳаро шинохтаву сермуҳокима кард? Маслиҳатҳо аз Маҳпора Киромова
     TJ RU EN
10:17 / 2024-11-15

Чӣ тавр метавон лоиҳаро шинохтаву сермуҳокима кард? Маслиҳатҳо аз Маҳпора Киромова

20230725 NRКасе, ки лоиҳае омода мекунад, мехоҳад тарҳи ӯ шинохтаву маъруф гардад, мехоҳад, ки дар бораи он нақл кунанд ва он маъруфият пайдо карда, ҳамзамон хотирмон бошад. Дар лагери IdeaCamp2023 Маҳпора Киромова, мустанадсоз ва сторителлер доир ба омода кардани лоиҳаи муваффақ ва сермуҳокима ҷаласа гузаронд. Дар он коршинос маслиҳатҳо пешниҳод карда, аз таҷрибаи кории худ мисолҳо овард.

“Хабарнигори муосир” чанд нуктаи муҳими ин ҷаласаро ҷамъ овард:

Барои амалисозии лоиҳаи худ як ҷойгоҳи муносиб пайдо кунед:

Албатта, вақте ҷойгоҳи ишғолношуда мегӯям, дар назар надорам, ки мавҷудияти рақобати кам кори шуморо осон мекунад. Сифати баланди кори шумо ҳамоно муҳимтарин талабот дар истеҳсолот боқӣ мемонад. Он кафолати 90% муваффақ шудани лоиҳаатонро дода метавонад. Ман ин суханҳоро ба шумо ҳамчун як истеҳсолкунандаи муҳтаво бо 10 сол таҷрибаи корӣ мегӯям. Барои амалисозии лоиҳаи худ “180 градусов” ман ҳам, албатта, аз чунин усул кор гирифтам: дар навбати аввал бозори расонаиро омӯхтам ва муайян кардам, ки барои мо кадом намуди муҳтаво намерасад. Маълум шуд, ки теъдоди матлабҳои видеоии касбӣ, аз қабили филмҳои мустанад, фотофилмҳо ва мусоҳибаҳои калон хеле каманд. Дар лоиҳаи худ ман маҳз ба истеҳсоли чунин формати матлабҳо оғоз кардам. Намунаи беҳтарин метавонад филми “Мардикор” бошад, чунки аз нахустнамоиши он ду сол сипарӣ шуд, аммо онро то ҳол тамошо мекунанд – дар маҷмуъ филмро то имрӯз дар платформаҳои Ютюб ва Фейсбук аз миллион маротиба бештар тамошо кардаанд. Аҷобати кор ин аст, ки “Мардикор” то ҳол ба ман пайгиркунандагони (подписчики) навро меорад. Ва ин далели он аст, ки пайдо кардани ҷойгоҳи худ ва риояти касбият метавонад натиҷаҳои хуб диҳад. Ман ин воқеъиятро бо нашри ҳар як матлаби нав пай мебарам.

Қобилияти хоси худро пайдо карда, онро фаъолона истифода баред:

Ҳар яки мо дар ин ё он самти истеҳсоли матлаб қобилияти хоси худро дорем, ки дар рафти роҳандозии як лоиҳа метавон аз он фаровон истифода бурд. Шояд яке дар наворбардорӣ беҳамтост, дигарӣ – дар танзим. Аммо ман аз он чизе, ки дар худ мушоҳида кардам, ин аст, ки хеле содаву осон метавонам як нафарро ба гап гирам ва аз мусоҳиб тамоми маълумоти заруриро бе мушкилӣ берун орам. Ин аст, ки мусоҳибони ман ҳангоми гуфтугӯ худро аслан дар интервю ҳис намекунанд ва ҳатто эҳсосҳояшонро хеле роҳат нишон медиҳанд: агар оби дидаашон омад, мегирянд ва агар хостанд аз таҳти дил биханданд, худдорӣ намекунанд. Барои ҳамин дар филмҳои ман қаҳрамонҳо ҳамеша хеле табиианд. Ҳамкасбонам дар ин росто зиёд суол мекунанд, ки чӣ тавр ман тавонистам ба як нафари бегона эҳсоси озодӣ ва эътимод диҳам. Ин, ба назарам, қобилияти хоси ман аст ва ман дар лоиҳаи худ аз он фаровон истифода мебарам.

ИН АСТ, КИ МЕГӮЯМ, ҲАНГОМИ РОҲАНДОЗИИ ЛОИҲААТОН, БА ҚОБИЛИЯТҲОИ ХОСИ ХУД АҲАМИЯТ ДИҲЕД, ЧУН ОНҲО МЕТАВОНАНД ШУМОРО БА МУВАФФАҚ ШУДАНИ КОРАТОН ЯК ҚАДАМИ ДИГАР НАЗДИКТАР СОЗАНД.

Платформаи заруриро интихоб кунед, то мухотабони мақсаднок зудтар шуморо пайдо кунанд:

Аксари журналистон фикр мекунанд, ки агар матлаб дарвоқеъ ҳирфаӣ, пурмазмун ва ҷолиб бошад, ҷойи нашраш муҳим нест. Дар ҳар ҷо хонанда пайдо мекунад. Ин, албатта, фикри дуруст аст, аммо вақте имкони дарёфти хонанда ва тамошобини бештар ҳаст, чаро аз ин имконият набояд истифода кунем? Интихоби платформаи дуруст барои нашр метавонад теъдоди хонанда ва тамошобинро якчанд маротиба бештар кунад.

Ба ҷуз ин шумо наметавонед талаботи аудиторияи ин ё он платформаро нодида гиред. Масалан, дархости истифодабарандаи фаъоли Фейсбук аз дархости истифодабарандаи Инстаграм хеле фарқ дорад. Онҳо на танҳо аз руйи дидгоҳҳояшон, балки аз руйи синну сол ва мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳашон фарқ доранд.

Барои ҳамин ҳангоми интихоби платформаи нашр бояд ба ин мавзуъ аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Баъдан талаботи техникии платформаҳо ҳам гуногунанд. Масалан, як филми мустанадро дар Ютуб аз Инстаграм дида хубтар тамошо мекунанд.

ҲАРЧАНД НУКТАҲОЕ, КИ БА ОН ДАР РОҲАНДОЗИИ ЛОИҲА БОЯД АҲАМИЯТ ДОДА ШАВАД, БЕШТАРАНД, АММО АГАР БА ҲАМИН СЕ НУКТАИ АСОСӢ ТАКЯ КУНЕД, БЕШАК МАВОДАТОН СЕРХОНАНДА, СЕРТАМОШОБИН ВА МУВАФФАҚ МЕШАВАД.

Ҷаласаи Маҳпора Киромова дар доираи лагери панҷрӯзаи ҷавонони IdeaCamp2023 баргузор гардид. Ин лагер дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) доир шуд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Internews амалӣ мегардад.

Маҳпора Киромова, акс аз Internews Taj

https://newreporter.org/tj/2023/07/24/chjj-tavr-metavon-loiharo-shinoxtavu-sermuhokima-kard-maslihatho-az-mahpora-kiromova/


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Июль 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима