Рӯзноманигорони Тоҷикистон бо стресс чӣ гуна муносибат кунанд
     TJ RU EN
12:18 / 2024-11-16

Рӯзноманигорони Тоҷикистон бо стресс чӣ гуна муносибат кунанд

Наргис психолог-minНаргис Тоймастова, равоншинос, роҳбари маркази психологии “Алифбои шахсият”, дар вебинарии махсуси Интернюс дар Тоҷикистон, рӯзи 25 июн дар бораи тарзи рафъи стресс, ки дар ҷараёни иттилооти манфӣ ба вуҷуд меояд ва чӣ гуна эҳсосоти изтироб пайдо шуда, бо он чӣ бояд кард нақл кард.

Стресс (изтироб) – ин ҷавоби организм ба таъсири муҳит (рӯйдод, одамон, муносибат ва ғ) аст. Феълан замони пандемия аст ва ин ба психологияи ҳад одам ҳар гуна таъсир мерасонад. Аз оғози пандемияи COVID-19, рӯзноманигорон дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, маҷбур шуданд, ки ҳамарӯза бо иттилооти зиёд дар бораи ин беморӣ кор кунанд. Онҳо пешгӯиҳои мутахассисонро пайгирӣ мекунанд, бо духтуроне, ки дар шӯъбаҳои бемориҳои сироятӣ кор мекунанд ё бемороне, ки ин маризиро аз сар гузаронидаанд, суҳбат мегиранд. Дар аксар маврид ин маълумот характери манфӣ дорад ва кори ҳамарӯза бо он ба ҳолати стресс оварда мерасонад.

Чӣ гуна дарк кард, ки инсон стресс дорад?

Агар ба ингуна ҳолатҳо дучор омада бошед, стресс гирифтаед:

  • Вақти аз хона баромадан, фаромӯш кардани чатр;
  • Фаромӯшхотирӣ;
  • Гӯш кардану дарк накардани маълумот.

Организми инсон якхел сохту фикрронӣ дорад ва стресс ҳам барои ҳама якхел мегузарад. Вале стресс барои рӯзноманигорон дорои якчанд хусусият аст:

  • Вобастагӣ аз иттилооти дақиқ (иттилооте, ки аз тарафи рӯзноманигор пешниҳод мешавад бояд дақиқ ва ҳаматара санҷида шуда бошад).
  • Ҷавобгарии баланд оид ба иттилооти пешниҳодшуда (барои маводи пешниҳодшуда аудитория якхел ҷавоб намегӯяд. Пайдо мешаванд, касоне, ки ҷавоби манфӣ мегӯянд ва ин ҳам метавонад рӯзноманигорро ба ҳолати стресс биёрад).
  • Шароити иқтисодию ҳукуқии ҷойдошта (феълан ин ҳолат аз ҳама бештар сабаби ба стресс дучор омадани рӯзноманигорон аст. Чун аз сабаби сар задани пандемия бисёр редаксияҳо ва корхонаҳо аз кор бозмонда истодаанд).

Рӯзноманигорони Тоҷикистон бо стресс чӣ гуна муносибат кунанд

Ҷавоби инсон ба стресс аз чӣ вобаста аст ва ё ин ки мо нотакрорем

Ҳар як кас нотакрор аст ва ин маънои онро надорад, ки ҳама ба стресс як намуд ҷавоб мегӯянд. Ҳангоми таваллуд инсон як варақи сафед аст. Дар ҷараёни зиндагӣ бошад, он варақи сафед аз тарафи дигар одамон пур карда мешавад. Ҷавоби инсон ба стресс вобаста аст:

  • Фикрҳои маҳдудкунанда аз овони кӯдакӣ: Мешавад ҳолатҳое, ки падару модар амалеро иҷро карда наметавонанд. Ва хоҳиши зиёд доранд, ки он орзуи худро ба тариқи кӯдаконашон амалӣ гардонанд. Дар ин вақт кӯдак фикри худро озодона баён карда наметавонад ва ин ҳолати аз кӯчак будан ҳолати гирифтор шудан ба стресс мегардад.
  • Бахши дарки ақл: Касони зиёд бо рӯйдодҳои бади гузашта зиндагӣ мекунанд. Барои ояндаашон метарсанд ва тарсу ваҳми гузашта ҳамавақт таъсири худро барои пеш бурдани зиндагӣ мерасонад.
  • Корбарӣ ба мафкураи худ (одатҳои нав): Ҳаёти имрӯзаи мо ҳаракату фикррониҳои гузаштаи мо аст. Ин аслан аз одати фикри бад, ғайбат кардан оғоз мешавад. Ҳар кас бояд дарк кунад, ин одатҳои бад барои пешравии ӯ монеа мешаванд. Барои ҳамин дар зиндагиаш одатҳои нави мусбат пайдо кунад.

Асос ин қабули қарори мустақилонаи ҳар шахс оид ба иҷро, фикр кардан аст.

Сохти стресс ва худидоракунӣ

Ҳар чизе, ки омӯхта шудааст, идоракунии он мушкил нест. Агар сохти стрессро ҳам омӯхтӣ идоракунии он мушкил намегардад. Сохти стресс иборат аст аз:

  • Рӯйдод (пандемия, махкам шудани ҷойи кор, даргузашти шахси наздик);
  • Фикр (ҳангоми беморӣ – фикри фавтидан, ҳангоми махкам шудани ҷойи кор — фикри тарс аз бекорӣ);
  • Эҳсосот (-,+) (ҳангоми стресс бештар сухан дар бораи эҳсосу фикрҳои манфӣ меравад. Эҳсосоти манфӣ бештар қувваи инсонро мегирад ва барои пешравии руҳӣ монеаҳо эҷод мекунад. Ҳамзамон бадани инсон ҳам аз ин эҳсосот азият мекашад. Барои мисол:
    • арақ кардани кафи даст;
    • сурхшавии рӯй;
    • дарунравӣ;
    • гум шудани иштиҳо
    • ларзиши дасту по ва ғ);
  • Ҷавоби инсон (пас аз ин ҳолатҳо инсон ҳамавақт хабарҳои манфӣ меҷӯяд);
  • Натиҷа (баъдан кас дорои ҳолати стресс шуда, агар бемор бошад, 1 ҳафта не балки 1 моҳ идома меёбад).

Барои пешгирӣ ва худидоракунӣ аз стресс якчанд машқҳои мушаки майнаи инсон ҳаст. Инсон бояд ҳамавақт фикрҳои худро идора кунад. Бояд ба организми худ фармон дода тавонист. Нагузошт, ки фикр аз болои инсон идора кунад.

Пасояндҳои стресс

  • ПсихосоматикаМушкилиҳои муносибатдорӣТарбияи насли носолим
  • Депрессияи вазнин ва касалиҳои равонӣ
  • Пас аз гирифтани стресс ҳатман барқарор бояд шуд. Агар ҳолати барқароршавӣ сурат намегирад, инсон ба бемориҳои хроникӣ гирифтор мешавад ва табобати он бисёр душвор ва ғайриимкон мегардад.

Яке аз роҳҳои барқароршавӣ ин муроҷиат кардан ба коршиноси соҳа – равоншинос аст. Ҳангоми муроҷиат яке аз қисмҳои муҳим ин дуруст пешниҳод кардан аст. Барои мисол, кадом саволҳо:

  • Фикри манфии (маҳдудкунандаи) ман боз чанд вақт идома меёбад?
  • Ин гуна фикрронӣ ба чӣ оварда мерасонад?
  • Оё ин ба ман лозим аст?
  • Оё дар ҳолати ҳозира ягон чиз аз ман вобаста аст ё не?
  • Ба чӣ ман таъсир карда метавонам?
  • Аз шароити ҷойдошта ман чӣ фоида гирифта метавонам?

Агар шахс қобилияти идоракунии фикрронии худро надошта бошад, фикр ин қобилиятро ба дасти худ мегирад. Инсон наметавонем рӯйдодро дигар кунад, вале метавонад муносибати худро нисбати он дигар созад. Стрессҳо дар ҳаёти инсон ҳамавақт пайдо мешаванд.Чунки он қисми ҳаёти аст. Ҷавоби инсон ба стресс – қарори шахсии ӯст.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.


https://newreporter.org/tj/2020/07/01/r%d3%afznomanigoroni-tojikiston-bo-stress-chjj-guna-munosibat-kunand/


Тақвим

<< < Апрель 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  
 
Пайвандҳои лозима