Талаби ҳафтуним сол зиндон ба Хуршед Фозилов
Додситон ба рӯзноманигор Хуршед Фозилов 7 солу 6 моҳ зиндон талаб кард. Вакили мудофеъ Анвар Бобохонов иттиҳоми зидди ӯро беасос номид ва хост, аз толор озод кунанд. Муҳокимаи парвандаи Хуршед Фозилов рӯзи 25-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар Хуҷанд гузашт.
Хушбахт Фозилов, бародари Хуршед Фозилов, ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз талаби додситон ва суханронии вакили мудофеъ баҳс ба миён омада, ӯ ва модарашро пас аз ду соат интизорӣ ба макони мурофиа роҳ доданд.
"Судя пурсид, ки Хуршед воқеан рӯзноманигорӣ мекард ё не. Гуфтам, узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аст ва дар телевизиони маҳаллӣ кор мекард. Масъули сомонаи бахши идораи обу ҳаво дар ноҳия аст. Гапҳои маро сабт карданд," – нақл кард ӯ.
Аз Азиза Нуъмонова, модари рӯзноманигор, пурсидаанд, ки оё Хуршед Фозилов ӯро нигоҳубин мекард ё не. "Суол доданд, ки кумаки молӣ менамуд? Гуфтам, фарзандамро бо нони ҳалол калон кардам, ки дар ин рӯзҳо дастамро гирад. Бо туҳмат ӯро ба инҷо овардаанд, сахт дар ташвишам," -- гуфт Амина Нуъмонова.
Аз Хуршед Фозилов ду вакили мудофеъ – Дилафрӯз Самадова ва Анвар Бобохонов – ҳимоят мекунанд. Интизор меравад, вакил Дилафруз Самадова рӯзи 26-уми май хулосаашро бигӯяд.
Хуршед Фозилов дар аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд. Вай бештар дар масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус мушкили мардуму камбуди мақомот менавишт. 37-сола ва падари се фарзанд аст.
Муфаттишони идораи амнияти вилояти Суғд рӯзи 10-уми майи имсол таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозиловро ба поён расонданд.
Ӯ ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад аст. Худаш рад кардааст. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз панҷ то ҳашт соли зиндонро дар назар дорад.
Дар як соли охир дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва аз 7 то 21 сол зиндонӣ шуданд.
Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва намояндагони кишварҳои ғарбӣ ҳукуматро ба фишори афзоянда ба хабарнигорон танқид карданд.
DPF
25.05.2023 17:06
83
Дар бораи мо