28 июл Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ нишасти матбуотиро соати 08:30 дар Кумитаи мазкур (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3, собиқ бинои Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи ҶТ) доир менамояд.
Нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 09:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе доир мешавад.
Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотиро соати 10:00 дар Маркази тадқиқоти стратегӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 89) баргузор менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.