14 июл оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи якуми соли 2022 Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб соати 08:00 дар Палатаи ҳисоб баргузор мешавад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо соати 10:00 дар вазорати мазкур нишасти матбуотиро барпо менамояд.
Нишасти матбуотии Кумитаи андоз соати 11:00 дар Кумитаи андоз (кӯчаи Неъмат Қарабоев, 42/2 ) гузаронида мешавад.
Суди Олӣ нишасти матбуотиро соати 15:00 дар Суди Олӣ доир менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.