Internews дар Тоҷикистон озмуни грантҳо барои гузаронидани маъракаи иттилоотӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷиратро эълон мекунад
     TJ RU EN
12:29 / 2024-12-20

Internews дар Тоҷикистон озмуни грантҳо барои гузаронидани маъракаи иттилоотӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷиратро эълон мекунад

InternewsИнтернюс дар Тоҷикистон озмуни кушоди грантҳо барои гузаронидани маъракаи иттилоотии умумимиллӣ оид ба пешгирии қочоқи одамон ва муҳоҷирати бехатарии дохилӣ ва хориҷиро эълон мекунад.

Дархостҳо то 31 октябри соли 2021 то соати 24:00 (бо вақти Душанбе) қабул карда мешаванд.

Кӣ метавонад дархост диҳад?

Интернюс дар Тоҷикистон аз ВАО (расонаҳои мустақил, студияҳои тавлидӣ) ва созмонҳои ҷамъиятие, ки ба мавзӯи муҳоҷират ва мубориза бо қочоқи инсон машғул ҳастанд, даъват менамояд, ки дар озмуни грантҳо барои маъракаи иттилоотии Internews дар Тоҷикистон иштирок намоянд. Ҳамаи ташкилотҳое, ки дар дархост нишон дода мешаванд, бояд дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд.

Воситаҳои ахбори омма бояд дар эҷоди муҳтавои босифат (намунаи корҳо ҳатмӣ ҳастанд) ва инчунин маҳоратҳои бомуваффақият татбиқ кардани маъракаҳои иттилоотӣ таҷриба дошта бошанд. Ҳамчунин, созмони ҷамъиятии шарик дар бораи мушкилоти савдои одамон, инчунин масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати бехавф фаҳмиши хуб дошта бошад.

Маъракаи иттилоотӣ бояд чӣ гуна бошад?

Ин маърака бояд бо ҳадафи баланд бардоштани огоҳии аҳли ҷомеа дар Тоҷикистон дар бораи савдои инсон ва хатарҳои эҳтимолии муҳоҷирати дохилию хориҷӣ бошад. Илова бар ин, тавассути маърака, шунавандагон бояд дар бораи қонунгузории ҳифзи қурбониёни савдои одамон ва созмонҳои мавҷуда, ки метавонанд ба қурбониён кӯмак ва дастгирӣ расонанд, иттилооти муҳим бигиранд.

Дар доираи маърака довталабон мақолаҳо, мусоҳибаҳо, кортҳо, видеоҳо ва муҳтавои дигарро ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ таҳия мекунанд, ки тавассути платформаҳои расонаӣ, аз ҷумла платформаҳои муштарак, шабакаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои радио-телевизионӣ ва конфронсҳои онлайнӣ паҳн карда мешаванд. Иштироккунандагони озмун метавонанд версияи шахсии худро оид ба татбиқи маъракаи иттилоотӣ пешниҳод кунанд.

Мухотабони лоиҳа бояд чӣ гуна бошанд?

Маъракаи иттилоотӣ бояд ҷаззобияти баланд дошта бошад, ки то ба ҳадди мумкин мухотабони бештареро, бо таваҷҷуҳ ба ҷавонон, муҳоҷирони эҳтимолӣ ва оилаҳои онҳо ҷалб кунад. Дар дархост бояд дар бораи аудиторияи маърака маълумоти муфассал дода шавад.

Арзиши лоиҳаҳо ва мӯҳлати татбиқ

Арзиши лоиҳа 10 ҳазор доллари амрикоиро бо пули миллии сомонӣ (бо қурби расмии Бонки Миллии Тоҷикистон) ташкил медиҳад. Буҷети эълоншуда бояд мувофиқ, асоснок ва бо доллари ИМА ҳисоб карда шавад. Илова бар ин, ба ҳар як ғолиби интихобшуда аз ҷониби кормандони Интернюс ва мутахассисони мубориза бо савдои инсон дастгирии коршиносӣ расонида мешавад.

Дар маҷмуъ, як лоиҳаи муштарак дастгирӣ карда мешавад.

Мӯҳлати амалӣ намудани маърака 6 моҳро ташкил медиҳад.

Интихоб чӣ гуна баргузор мешавад?

Интихоб дар ду марҳила сурат мегирад: марҳилаи аввал, пешниҳоди дархости онлайн (бо зикри созмони шарик), марҳилаи дуввум, интихоби беҳтарин дархостҳо. Ғолибони озмунро доварони мустақил аз ҳайати коршиносони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ муайян мекунанд.

Қарори ниҳоӣ аз ҷониби Internews то 15 ноябри соли 2021 қабул карда мешавад. Ғолибон бояд буҷети муфассали лоиҳа ва роҳҳои пешбурди тавлиди муҳтаворо омода кунанд.

Барои пешниҳоди дархост, лутфан варақаро аз линк пур кунед.

Дар ҳолати зарурӣ маълумотҳои иловагӣ пурсида мешавад.

Барои ҳама гуна саволҳо, лутфан, бо Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. тамос гиред.

https://media.tj/tj/internews-dar-to-ikiston-ozmuni-grant-o-baroi-guzaronidani-marakai-ittiloot-oid-ba-masala-oi-mu-o-iratro-elon-mekunad/?fbclid=IwAR1ZFD5uCCl-G9-0IfVKMNwBbxPKIKvUFYnUQ6nFFqKKLMQGCXFjldRdeho


Тақвим

<< < Октябрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима