Навгонӣ дар нишастҳои матбуотӣ
Тафовути асосии нишастҳои нимсола, дар он буд, ки нишастҳои матбуотии вазорату кумитаву оҷонсиҳои марказӣ бори аввал аз нишастҳои сохторҳои маҳаллӣ ҷудо карда шуданд. Ниҳодҳои марказӣ нишастҳои худро аз 6 то 22-уми июл баргузор карданд ва танҳо пас аз он, аз 23-юми июл нишастҳои раисони шаҳру навоҳӣ ва ниҳодҳо дар сатҳи вилоятҳо оғоз шуда, он то 14-уми август идома мекунад.
Қаблан, чунин набуд ва хабарҳои ниҳодҳои марказӣ хабарҳои музофотро “пахш” мекарданд ва имкони пушиши ҳамаи мавзуҳо набуд.
Камбудии асосӣ: канораҷӯӣ аз посухи мушаххас
Мушкили дигар, ки имсол ҳам рӯзноманигоронро думболагир буд, канораҷӯии мансабдорон аз посухи мушаххас буд. Роҳбарони чанд ниҳод кӯшиш карданд бо суханоне, ки ба моҳияти савол рабт надошт, худро аз ҷавоби дақиқ халос кунанд.

Масалан, дар нишасти Додситонии кулл вақте рӯзноманигоре пурсид, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 чанд сарбоз фавтидааст ва оё сабаби фавти онҳо тафтиш шудааст, додситони кулл ба ҷои рақами мушаххас омори умумии коҳиши ҷинояткориро пеш овард. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол масъалаи нигаронкунанда фавт ва даст ба худкушӣ зидан дар байни хидматчиёни ҳарбӣ аст, вале барои ин ҳам рақами дақиқи фавт ё худкушиии сарбозонро нагуфт.
Дар нишасти “Барқи тоҷик” низ роҳбари ширкат аз ҷавоби мушаххас ба саволе, ки оё имсол маҳдудияти интиқоли барқ ё худ “лимит” вуҷуд хоҳад дошт, худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки “нотавозунӣ боқӣ хоҳад монд”.
Вазири маориф ва илм ба саволҳо перомуни баланд бардоштани сифати омӯзиши хатти ниёгон ва шикоятҳо аз роҳпаймоии (маршировка) маҷбурии донишҷӯён посухи мушаххас надод ва дар посух ба саволи якум, танҳо гуфт, ки вазорат гурӯҳи корӣ таъсис додааст ва ба саволи дувум, чизе нагуфт.
Ҳадди ақал 5 роҳбар ҳузур надошт
Имсол ба рӯйхати “камбудиҳо” ҳузур надоштани роҳбарони бархе ниҳодҳо низ илова шуд. Аз ҷумла, дар нишастҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ роҳбарони аввал ҳузур надоштанд ва ба ҷои онҳо муовини аввал ё муовини роҳбар нишастҳоро гузарониданд.
Бархе ниҳодҳо ҳузур надоштани роҳбари худро ба сафари роҳбарашон бо раисҷумҳур ба вилояти Суғд шарҳ доданд. Раиси Кумитаи дин, ҳамроҳи раиси Шӯрои уламо тавре дар нишаст эълон шуд, дар сафаре дар Ӯзбекистон қарор дошт.

Дар ҳамин ҳол, дар нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотии нимсолаи аввали соли 2026, ки аз сӯи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон тасдиқ шудааст, зикр мешавад, ки “иштироки роҳбарони аввали вазорату идораҳо дар нишастҳои матбуотӣ ҳатмӣ” аст ва онҳо бояд рухсативу сафарҳои кории худро мутобиқи ин нақша ба танзим дароваранд.
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) гуфт, ки ҳузур надоштани роҳбарони аввали вазорату идораҳо халали ҷиддист, зеро бештари онҳо барои дастрасӣ ба иттилоъ маҳдудият эҷод мекунанд ва бидуни иҷозаташон зердастон иттилоъ намедиҳанд.
Рӯзноманигорон савол доранд, аммо вақт…
Тақсими вақт низ на ҳама ҷо баробар буд. Дар нишасти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, тақрибан 15 дақиқа варақаи иттилоотӣ хонда шуд, дар ҳоле, ки нусхаи чопиаш дар дасти рӯзноманигорон буд. Баъди як соати нишаст, муовини аввал, саволҳоро қатъ карда, гуфт, ки “вақти ҷудошуда ба анҷом расид”, ҳол он ки якчанд рӯзноманигор гуфтанд, ҳанӯз савол доранд.
Дар нишасти Бонки миллии Тоҷикистон барои баргузории нишаст як соат вақт муқаррар карда шуд. Раиси бонк 17 дақиқа варақаи матбуотӣ хонд ва баъди як соати посух гардонидан ба суолҳои рӯзноманигорон, аз онҳо пурсид, ки касе саволи дигар дорад ё не, баъди он ки аз сӯи журналистон посухе нашунид, нишасти матбуотиро ҷамъбаст кард.
Дар нишасти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) низ роҳбари он беш аз 30 дақиқа ба хондани варақаи матбуотӣ сарф кард. Дар Додгоҳи олии иқтисодӣ аз 35 дақиқаи умумии нишаст тақрибан 20 дақиқа ба хондани ҳисобот рафт. Дар нишастҳои Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Академияи миллии илмҳо ҳам роҳбари он, ба таври гуногун, гоҳо қариб ним соат варақаи матбуотӣ хонданд, ҳарчанд нусхаи чопиаш дар дасти рӯзноманигорон буд. Бо ин ҳол, ин нишастҳо беш аз як соат идома кард ва рӯзноманигорон саволҳои худро доданд.

Аз сӯи дигар, дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Вазорати саноат ва фанновариҳои навин, Оҷонсии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Оҷонсии ҳавонавардӣ бошад, умуман варақаи матбуотӣ нахонданд, ки рӯзноманигорон онро хуш пазируфтанд.
Рӯзноманигорон саволи мушаххас намедиҳанд…
Вазорати фарҳанг аввалин ниҳоде буд, ки мавсими нишастҳоро оғоз кард ва вазиру муовинонаш ба аксари саволҳо посухи то ҷое қонеъкунанда доданд.
Вақте хабарнигоре аз шикояти муаллифон дар бораи вуҷуди сензура дар нашриёти “Ирфон” (зерсохтори Вазорати фарҳанг) пурсид, роҳбари ин нашриёт ин ҳолатро комилан рад кард ва хост, ки мисоли мушаххас оварда шавад.
Дар ҳамин маврид, Нуриддин Қаршибоев гуфт, ки тибқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ, рӯзноманигор танҳо дар сурати талаби додгоҳ метавонад сарчашмаи иттилоъро ифшо кунад: журналист мушкили умумии ҷомеаро матраҳ мекунад, на масъалаи шахсиро.

Вақте рӯзноманигорон савол надоранд…
Дар муқобили нишастҳои пурбаҳс, нишасти Ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) намунаи баръакс дошт: ҳамагӣ 4 хабарнигор савол доданд, вале ба онҳо посухи лозима дода шуд ва нишаст, бо қироати варақаи матбуотӣ, тақрибан 40 дақиқа давом кард. Як масъули ин ниҳод дар охир нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт, ки онҳо “барои нишаст хеле омода” буданд, аммо саволҳо “кам ва суст” буданду дар мавзӯъҳои доғ саволе матраҳ нашуд.
Нишасти Оҷонсии зиддинашъа низ 40 дақиқа тӯл кашид: раис ҳамагӣ 10 дақиқа ҳисобот хонд ва боқимондаро ба саволу ҷавоб бахшид, ҳарчанд саволҳо кам буданд.
Аз маҳдудияти ҷой то буду набуди интернет
Мушкили дигари нишастҳои матбуотии нимсола пайвастшавии сусти интернет буд. Аз ҷумла, дар нишастҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмон рӯзноманигорон аз мавҷи сусти интернет шикоят мекраданд, ки натавонистанд иттилоъро сари вақт ба идора ирсол ё нашр кунанд.
Ҳатто дар нишасти Хадамоти алоқа низ рӯзноманигорон аз суст будани интернети мобилӣ шикоят доштанд. Вале ин ниҳод ҳампешагони моро бо Wi-Fi таъмин кард, ки бархеҳо аз раванди нишаст пахши мустақим карданд.

Зимнан, дар нишасти Хадамоти алоқа мушкили норасоии ҷой буд. Нишасти ин ниҳод дар толори хурд баргузор шуд, ки барои кори озодонаи рӯзноманигорон ва наворбардорон монеа эҷод мекард, ки ҳам ҳамкасбони мо ва ҳам масъулини Хадамот эрод гирифтанд.
Нуктаи дигар, ин ҷамъбасти бархе озмунҳо ва ё тақдими сипоснома барои “ҳамкориҳои судманд” дар нишастҳои матбуотӣ аст, ки нишастро ба маросими ҷоизасупорӣ табдил медиҳад. Ин кор чанд сол боз дар нишастҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва раиси вилояти Суғд ба назар мерасад.
Вақте аслан нишасти нимсола баргузор намешавад
Дар нимсолаи аввали соли 2026 Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ) ягона ниҳоде буд, ки нишасти матбуотӣ барпо накард. Аз ин вазорат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки минбаъд ин ниҳод нишастҳои матбуотии солона баргузор мекунад ва ин тасмим бо Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур мувофиқа шудааст. ВКХ солҳои пеш низ чунин таҷриба дошт.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол бошад, тибқи рӯйхати Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур бояд 20-уми июл нишаст мегузаронд, вале онро бо таъхир, рӯзи 28-уми июл баргузор кард. Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳамон рӯз Султон Раҳимзода, роҳбари ин ниҳод дар сафари корӣ дар Муғулистон буд ва бо мувофиқаи Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур вақти нишаст ба ҳафтаи дигар гузаронида шуд.
Нақши Дастгоҳи раисҷумҳур чист?
Дар ҳамаи нишастҳои нимсолаи аввал намояндагони Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ҳузур доштанд, аммо ҳарчанд вазифаи онҳо пайгирии иҷрои супориши раисҷумҳур ва мониторинги раванди нишаст буд, гоҳо ба ҷараёни он таъсир мегузошт.
Чанде аз онҳо ба нишастҳо дер расиданд: дар нишасти Ваколатдори ҳуқуқи инсон беш аз 5 дақиқа, дар нишасти Вазорати рушди иқтисод 5 дақиқа. Муносибати роҳбарони ниҳодҳо ба ин таъхир якхела набуд: дар Ваколатдори ҳуқуқи инсон роҳбар то омадани намояндаи Дастгоҳ нишастро оғоз накард, аммо дар Вазорати рушди иқтисод вазир мунтазир нашуду нишастро дар вақти муайян оғоз кард.
Дар нишасти Маркази тадқиқоти стратегӣ намояндаи Дастгоҳ, ки бояд танҳо нозир мебуд, як бор мустақиман ба раиси марказ гуфт, ки “ба саволи дигар гузаред”, дар ҳоле ки хабарнигор ҳанӯз мунтазири посухи комили саволи худ буд. Дар охири ҳамин нишаст, намояндаи дастгоҳ ба рӯзноманигори “Азия-Плюс” интиқодона пурсид: “Кӣ ба Шумо дарси этикаи рӯзноманигорӣ додааст?”. Ҳол он ки рӯзноманигор танҳо саволи худро, азбаски посух нагирифта буд, такроран матраҳ карда, ки ин таҷрибаи маъмулии касбӣ аст.

Нуриддин Қаршибоев ин ҳолатро чунин арзёбӣ мекунад: “Ҳар кас бояд рисолати худро иҷро кунад; риояи ахлоқи рӯзноманигориро Шӯрои воситаҳои ахбори омма назорат мекунад ва рӯзноманигор барои фаъолияти худ ҳам дар назди қонун ва ҳам дар назди виҷдони худ посух мегӯяд. Дахолат кардан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ худ хилофи қонун аст!”.
Рӯзноманигорон ҳам “фаришта нестанд”
Дар баробари камбудиҳои мансабдорон, бояд иқрор шавем, ки худи хабарнигорон низ бе нуқс набуданд. Баъзеашон бе омодагии ҷиддӣ ба нишастҳо меомаданд, ба варақаи матбуотии пешниҳодшуда таваҷҷуҳ намекарданд ва саволҳои умумиву номушаххас медоданд, гоҳо саволҳои дақиқ намедоданд, саволи худро ташреҳ мекарданд ва ё ҳатто ба ҷои савол назари худро баён карда, вокуниши мансабдорро мепурсиданд.
Ҳолатҳои матраҳ кардани масъалаҳои шахсӣ низ ба назар мерасид. Аз ҷумла, дар нишасти Хадамоти гумрук рӯзноманигоре дар мавриди омори занҳо дар ин ниҳоди давлатӣ пурсида, дар ниҳоят иқрор кард, ки чаро ӯро дар хадамот ба кор напазируфтаанд.
Дар Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ ду рӯзноманигор дар мавриди обу корези Хуҷанду Кӯлоб ба такрор савол доданд, ки он бояд дар КВД “Обу корез” матраҳ мешуд; роҳбари оҷонсӣ ҳам ба таври истеҳзо гуфт, ки рӯзноманигорон бояд саволҳои ба ин ниҳод марбутро диҳанд.
Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ як рӯзноманигор чанд дақиқа дар мавриди “ба қадри ҳар як ваҷаб замин расидан” ҳарф заду дар ниҳоят саволе надод ва роҳбари кумита ҳам “бале, ҳамин тавр” гуфту монд.
Дар баъзе нишастҳо таърифу тавсиф ва ҳатто тамаллуқи ошкор нисбат ба мансабдорон мушоҳида мешуд. Ба нишастҳое, ки хӯроки нисфирӯзӣ ё “конверт” доранд, аз баъзе расонаҳо то 5 корманд меомаданд – ҳолате, ки солҳост идома дорад. Аксари рӯзноманигорони касбӣ ва ботаҷриба борҳо ин амалро накӯҳиш карда, онро “боиси забонкӯтоҳӣ” номидаанд ва аз худи вазорату идораҳо хостаанд, ки ба чунин кирдор роҳ надиҳанд.
“Бурди ягонаи ин нишастҳо танҳо дар он аст, ки баргузор мешаванд”
Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори Радиои Озодӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар маҷмуъ нишастҳои матбуотӣ, махсусан дар шароити сахти дастрасӣ ба иттилоъ, барои расонаҳо фурсати хубе мебошанд, аммо ин нишастҳо дар солҳои охир “қолабӣ” шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз ҷанбаҳои нохушоянд маҳдудияти вақт аст: гарчанде дар санади Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур дар бораи вақт чизе гуфта нашудааст, аксари ниҳодҳо худашон як соатро таъйин мекунанд ва баъд ҳамин “вақти таъйиншуда”-ро баҳона карда, ба саволҳо посух намедиҳанд.
“Баъзе ниҳодҳо ҳанӯз ҳам 20–30 дақиқаро сарфи хондани варақаи матбуотӣ мекунанд, ҳол он ки матни он пешакӣ дар сомонаҳояшон гузошта мешавад ва нусхаи чопиаш низ ба хабарнигорон дода мешавад”, – нигаронӣ крад ӯ.
Иршод Сулаймонӣ бохти аслиро дар он мебинад, ки рӯзноманигорон одатан саволҳои ҷиддӣ надоранд ва роҳбарони ниҳодҳоро ба чолиш намекашанд, балки бештар саволҳои ҷузъӣ медиҳанд. Сабаби асосии ин ҳам, ба назари ӯ, дар он аст, ки рӯзноманигорони ҳирфаӣ, сардабирон ё шахсони ботаҷриба дар ин нишастҳо иштирок намекунанд, аз ин рӯ, мансабдорон низ онҳоро ҷиддӣ намегиранд.
Дар ниҳоят, ба андешаи Иршод Сулаймонӣ, “бурди ягонаи ин нишастҳо танҳо дар он аст, ки баргузор мешаванд”.
Ҷониби дигар чӣ мегӯяд?
Вале Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҷиҳати мусбати нишастҳо дар он аст, ки иштирок, умед ва боварии хабарнигорон нисбат ба мансабдорони аввал рӯз то рӯз меафзояд ва иштироки фаъоли рӯзноманигорон худ далели равшани ин мегӯяд.
Аммо, ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати манфӣ дар он аст, ки аксари хабарнигорон то ҳол вазифа, функсия ва сохтори вазорату кумитаҳоро ба дараҷаи лозима намедонанд, аз ин рӯ, ҳангоми пешниҳоди савол огоҳии воқеӣ надоранд ва саволҳояшон бештар ба ҷузъиёт нигаронида шудааст, на ба масъалаҳои моҳиятан муҳим.

Икром Қадамов, сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар нишасти матбуотии ин ниҳод беш аз 30 хабарнигор аз матбуот, телевизион, радио ва оҷонсиҳои хабарӣ иштирок доштанд ва саволҳо маҳдуд набуданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳатто вақте рӯзноманигорони “Азия-Плюс” ва Радиои Озодӣ нисбат ба дигарон саволҳои бештар (аз 4 то 6 савол) пешниҳод карданд, аз сӯйи роҳбарияти ин ниҳод посух дода шуд ва маҳдудияте ҷой надошт.
Коршинос бар чӣ бовар аст?
Нуриддин Қаршибоев нишастҳои матбуотии нимсолаи аввали соли 2026 нисбат ба солҳои пеш “камрангтар” буданд ва ин ду сабаб дорад: аввал, муносибати саҳлангоронаи роҳбарони вазорату идораҳо ба нишаст на ҳамчун абзори дастрасӣ ба иттилоъ; дуюм, бе омодагии лозима ба нишаст ҳозир шудани намояндагони расонаҳо.
Қаршибоев камбудии аслиии нишастҳоро дар канораҷӯии мансабдорон аз посухи мушаххас мебинад. Ба гуфтаи ӯ, вақте мансабдор ваъдаи ҷавоби хаттӣ медиҳад, ин ваъдаро бояд пайгирӣ кард, то иҷро шавад: “Иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятиро бояд бидуни ҳар баҳона дар асоси қонун пешниҳод кунанд”.
Ба ҷойи хулоса…
Дар маҷмуъ, нишастҳои матбуотии нимсолаи аввали соли 2026 дар фазои нисбатан ором баргузор шуданд, фазое, ки нисбат ба солҳои пешин осудатар буд. Аксари роҳбарон ба бахши зиёди саволҳо посух доданд ва барои пешниҳоди маълумоти оморӣ омодагӣ доштанд; хабарнигорон имкони мустақиман савол доданро доштанд ва дар баъзе нишастҳо ба масъалаҳои муҳим низ ҷавоб дода шуд.
Вале мушкилоти куҳна боқӣ мондааст: дар мавридҳои ҳассос як гурӯҳ роҳбарон ҳамоно аз посухи мустақим канораҷӯӣ карда, суҳбатро ба мавзӯи дигар мебурданд ё ба ҷои рақами дақиқ ҷавоби умумӣ медоданд. Тақсими вақт низ на ҳама ҷо мутаносиб буд.
Коршиносон мегӯянд, роҳи ҳалли пешниҳодшуда содда аст: агар варақаи матбуотӣ пешакӣ ба хабарнигорон дастрас гардад, хусусан вақте он маълумоти зарурӣ надорад ва қисми асосии нишаст ба саволу ҷавоб бахшида шавад, чунин мулоқотҳо метавонанд муфидтару шаффофтар шаванд.

Аз 6 то 22-уми июли соли 2026 дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотии нимсолаи аввали соли равон баргузор шуд. Ҳоло дар минтақаҳо нишастҳои матбуотии раисони шаҳру навоҳӣ ва ниҳодҳои вилоятӣ идома дорад. Бо ҷамъбасти ин мавсим, “Азия-Плюс” мушоҳидаҳои худро дар бораи шеваи баргузории нишастҳои хабарӣ гирд овард ва бо назари рӯзноманигорон, сухангӯён ва коршинос бурду бохти нишастҳоро таҳлил кард.









