Озмун барои хизматрасонии аудитӣ
     TJ RU EN
01:57 / 2026-08-07

Озмун барои хизматрасонии аудитӣ

OzmunТашкилоти ҷамъиятии "Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахори оммаи мустақили Тоҷикистон" (ТҶ "АМВАОМТ") дар доираи лоиҳаи "Эҷоди муҳити бехатар барои фаъолияти касбии рӯзноманигорон ва блогерҳо дар Тоҷикистон" (рамзи CFI: M2HOM2710) барои аудити лоиҳаи дар боло зикршуда тендер эълон мекунад.

Маблағи умумии грант 46,953 евроро ташкил медиҳад.

Мӯҳлати амалисозии лоиҳа аз 1 майи соли 2026 то 30 апрели соли 2027 мебошад.

Аз ҳамаи ташкилотҳои манфиатдор ва шахсони дахлдор хоҳиш карда мешавад, ки пешниҳодҳои тиҷоратии худро барои пешниҳоди хизматрасонии аудит то 1 августи соли 2026 ба суроғаи зерин пешниҳод кунанд: хиёбони Рӯдакӣ, 137, ошёнаи 5, офиси 527, Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Телефон: +992 21 37 11; +992 935 06 30 13; +992 907 70 35 45.

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Лоиҳаи "Эҷоди муҳити бехатар барои фаъолияти касбии рӯзноманигорон ва блогнависон дар Тоҷикистон", дар доираи лоиҳаи Horizons Medias ("Ҳамкории расонаӣ ва мубориза бо иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ"), ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Фаронса тавассути ташкилоти Агентии рушди ВАО Вазорати корҳои хориҷии Фаронса (CFI – Media Development (Канали байналхалқии Фаронса)), мувофиқи Созишномаи грантии GRANT AGREEMENT No. 600-ACH-011714, Media Horizons project No. M2HOM2710 (CFI/NANSMIT) маблағгузорӣ мегардад.

Маъмурияти ташкилоти ҷамъиятии "АМВАОМТ"


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2025 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31        
     
    Пайвандҳои лозима