Ташкилоти ҷамъиятии "АМВАОМТ" рӯзноманигорон, блогерон ва донишҷӯёни факултетҳои журналистикаро аз шаҳри Бохтар ва манотиқи атрофи он барои иштирок дар тренинги серуза дар доираи лоиҳаи "Эҷоди муҳити бехатар барои фаъолияти касбии рӯзноманигорон ва блогерон дар Тоҷикистон" даъват менамояд.
Дар чорабинӣ суолҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт:
- Вазъи рӯзноманигорӣ дар кишвар.
- Мубориза алайҳи иттилооти бардурӯғ.
- Пешниҳоди кӯмаки ҳуқуқӣ.
- Саводи расонаӣ.
- Далелсанҷӣ.
- Амнияти рақамӣ.
- Риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми истеҳсоли муҳтаво.
Макони баргузорӣ: шаҳри Бохтар
Муҳлати қабули дархостҳо: то 22 июл.
Барои иштирок, лутфан ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунед:
✅ Резюме (CV);
✅ Номаи ангеза.
Ҳуҷҷатҳои худро ба яке аз суроғаҳои зерин фиристед:
- Email
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
- Telegram +992 93 504 3013;
- WhatsApp +992 93 504 3013.
Мо дархостҳои шуморо интизорем ва бо камоли хушнудӣ шуморо дар байни иштирокчиёни чорабинӣ хоҳем дид!
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ