Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами изҳор дошт, ки рӯзноманигории мустақил дар ҷаҳоне, ки озодии баён босуръат коҳиш меёбад, аз ҳарвақта муҳимтар аст.
Ӯ ин нуктаро бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот зимни як ҳамоиш, ки 3 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён кард.
Ба гуфтаи ӯ, вақте барои расонаҳои касбӣ ва гуногунфикр муҳити мусоид фароҳам оварда мешавад, рӯзноманигорӣ рушд мекунад. Ин раванд ба ҷомеаҳо имкон медиҳад, ки барои пешгирии низоъҳо, муқовимат ба маълумоти нодуруст ва мусоидат ба рушди фарогир қудрати бештар пайдо намоянд.
https://pressa.tj/parvati-ramasvami-az-nakshi-kalidii-ozodii-bayon-dar-peshgirii-nizoho-guft/











