Дар идомаи тағйироти кадрии имрӯз яке аз муовинони раиси Кумитаи телевизион ва радио ва роҳбари Академияи воситаҳои ахбори омма иваз шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилафрӯз Рустамзода “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мансаби муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод ва ба ҷояш Барно Соҳибзода таъйин шуд.
Барно Соҳибзода то ҳол дар Телевизиони “Ҷаҳоннамо” фаъолият дошт ва сармуҳаррири идораи таҳлилӣ буд. Ӯ номзади илм дар бахши телевизион аст.
Ҳамчунин, Саъдӣ Исматзода аз вазифаи директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон озод шуда, ба ҷойи ӯ Ҳақназар Каримзода таъйин шуд. Ҳақназар Каримзода то ҳол муовини директори Академияи ВАО буд.
https://pressa.tj/taghjiroti-kadre-dar-kumitai-tv-va-radio-va-rohbari-akademiyai-vao/