Зафар Саидзода, доктори илмҳои таърих ва сухангӯи пешини раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як номаи боз ба Эмомалӣ Раҳмон хост, ки вазъи рӯзноманигорон беҳтар ва амнияти иттилоотии кишвар таҳким бахшида шавад. Мо аз рӯзноманигорони тоҷик пурсидем, ки ба ин ташаббуси Саидзода чӣ назар доранд.
Дар ин муроҷиатнома, ки дар Фейсбук нашр шуд, Зафар Саидзода таъкид кард, ки имрӯз ниёз ба рӯзноманигорони касбӣ бештар аст. Аммо ба гуфтаи ӯ, кормандони расонаҳои давлатӣ ҳоло бо мушкилоте чун маоши паст ва набудани имтиёзу шароити мусоиди рушд даст ба гиребонанд.
Саидзода барои беҳбуди соҳа чанд пешниҳоди мушаххас ироа кард: таъсиси Бунёди раисҷумҳур барои дастгирии расонаҳо, зиёд кардани маоши рӯзноманигорон, додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди манзил (ипотека), бунёди маркази бозомӯзӣ ва қабули қонуни махсус барои дастгирии давлатии кормандони соҳа.
Инчунин, ӯ хост, ки унвони фахрии “Рӯзноманигори халқии Тоҷикистон” таъсис ёфта, барои кормандони каммаоши расонаҳои давлатӣ имтиёзҳои андозӣ дода шавад. Зимни таҳияи ин пешниҳод ӯ таҷрибаи давлатҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Ӯзбекистон ва Қазоқистонро ба назар гирифтаааст.
Зафар Саидзода баъдан дар суҳбат бо “Азия-Плюс” равшанӣ андохт, ки унвони “Рӯзноманигори халқии Тоҷикистон” бояд ба ҳама, новобаста аз ҷойи корашон (расонаи давлатӣ ё хусусӣ), дода шавад.

Ӯ гуфт, ҳарчанд барои давлат ВАО-и ҳукуматӣ дар авлавият меистанд, вале Бунёди раисҷумҳур барои дастгирии расонаҳо бояд бидуни истисно ба тамоми расонаҳо кумак кунад.
Саидзода ҳамчунин илова кард, ки ин номаро ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта фиристода буд ва ҳоло пешниҳоди ӯ дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.
Вале суоли аслӣ ин аст: худи аҳли қалам дар бораи ин ташаббуси сухангӯи пешини раисҷумҳури Тоҷикистон чӣ назар доранд?
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАМОТ) мегӯяд, ки аслан ғоя хуб аст, вале баъзе бахшҳои онро бояд такмил дод.
Ба андешаи ӯ, дар ин пешниҳод бештар ба расонаҳои давлатӣ таваҷҷуҳ шудааст, дар ҳоле ки кишвар ба як барномаи фарогире ниёз дорад, ки тамоми ВАО-ро, сарфи назар аз шакли моликияташон, дастгирӣ кунад.
Роҳбари АМВАМОТ таъкид кард, ки чунин зарурат дар тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) низ зикр шудааст.
Қаршибоев ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҳоло Вазорати фарҳанг лоиҳаи Стратегияи рушди расонаҳоро то соли 2030 омода кардааст, вале ба андешаи ӯ, ин ҳуҷҷат ҳам “камбудиҳое дорад”.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, қарор аст дар заминаи Стратегияи рушди расонаҳо то соли 2030 як силсила барномаву чорабиниҳои нав таҳия ва баргузор шаванд.
“Ман бовар дорам, ки ҳамаи ин ташаббусҳо бояд дар якҷоягӣ бо ҷалби коршиносони соҳа баррасӣ шаванд. Ин метавонист роҳи ҳалли муассиртар бошад”, – таъкид кард ӯ.
Қаршибоев мегӯяд, ки агар ин пешниҳодҳо дар шакли ҳозираашон қабул шаванд, ба ҷойи рушди тамоми соҳа, танҳо ба пурзӯр шудани таблиғоти давлатӣ кумак мекунанду бас.
“Ман пешниҳод дорам, ки баъзе бандҳоро аз нав дида бароем ва дигар паҳлӯҳои масъаларо низ ба назар гирем”, – илова кард ӯ.
Вале ӯ аз ироаи пешниҳодҳояш худдорӣ карда, дар бораи “дигар паҳлӯҳои масъала” ҳам чизе нагуфт.
Дар посух ба ин суол, ки чаро Саидзода бештар ба расонаҳои давлатӣ такя кардааст, Қаршибоев гуфт, ки шояд ӯ аз мушкилоти воқеии соҳа ва вазъияти душвори расонаҳои мустақил ба таври муфассал огоҳ нест.
Шаҳло Акобирова, роҳбари созмони ҷамъиятии “Хома” ҳам аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ карда, гуфт, ки “муроҷиати Зафар Саидзода дар мавриди дастгирии рӯзноманигорон бисёр саривақтӣ ва муҳим аст”.
Ба андешаи ӯ, таҷрибаи Саидзода ҳамчун сухангӯи раисҷумҳур дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле арзишманд аст, зеро ӯ ҳамеша дар канори рӯзноманигорон буд ва дарди соҳаро хуб медонад.
Шаҳло Акобирова таъкид кард, ки мо барои сохтани як бозори қавии расонаҳо хеле ақиб мондаем: “Ташаккули журналистикаи касбӣ, ки ҳам ба арзишҳои миллӣ содиқ бошаду ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифз гардад, ниёзи асосии имрӯзаи мост”.

Акобирова ҳушдор дод, ки “дигар набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, зеро ҳал накардани мушкилоти мавҷуда метавонад ба амнияти миллии кишвар хатар эҷод кунад”.
Роҳбари “Хома” бар ин назар аст, ки барои пешрафт бояд шароити бозорро тағйир дода, аққалан ба сатҳи кишварҳои ҳамсоя расем.
“Агар мо дар ҳақиқат хоҳем, ки расонаҳои мо касбӣ ва тавоно бошанд, бояд барои рушди онҳо шароити хуб созем ва соҳаи рӯзноманигориро ба як касби воқеӣ ва пешрафта табдил диҳем”, – гуфт Акобирова.
Шаҳло Акобирова илова кард, ки “дар аксари кишварҳои ҳамсоя ин раванд аллакай шакл гирифтааст ва барои мо ҳамчун як чолиши ҷиддӣ боқӣ мемонад”.
Дар ин робита, ба гуфтаи ӯ, “рақобати солим бояд асоси рушди соҳа гардад, имтиёзҳо бояд одилона, баробар ва шаффоф тақсим шаванд ва арзёбии фаъолияти ВАО – сарфи назар аз шакли моликият – дар асоси меъёрҳои касбии рӯзноманигорӣ сурат гирад”.
Хуршед Атовулло, рӯзноманигори шинохта, аз ин ташаббуси Зафар Саидзода истиқбол карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки сухани ӯ дар ҳукумат ва ба вижа дар назди раисҷумҳур арзишманд аст.
“Вақте афроде чун Зафар Саидзода чунин ташаббусҳоро пешниҳод мекунанд, суханони онҳо вазну аҳаммият доранд, зеро раисҷумҳури кишвар шахсан ӯро мешиносад ва эҳтиром мекунад”, – иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ пешниҳод дорад, ки номзадии Саидзода ба мақоми раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон баррасӣ шавад, то “обрӯи баъди фавти Акбари Саттор (раиси пешини Иттифоқи журналистон) рехтаи журналистика ва журналистони тоҷикро каме дар ҷомеа баланд бардорад”.
Ин рӯзноманигор таъкид кард, Саидзода баъди нафақа рафтан “як каме аз корхои давлатӣ фориғтар шудаву замони хидматаш ба журналистикаи тоҷик, ки аз он ному нон ёфтааст, расидааст”.
Гулнора Амиршоева, раиси Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон, аз пешниҳоди Зафар Саидзода ҷонибдор ва таъкид кардааст, ки дастгирии расонаҳои мустақил дар шароити имрӯз ниҳоят муҳим аст.
Ӯ зикр кард, ки бархилофи ВАО-и давлатӣ, расонаҳои хусусӣ бидуни кумакпулӣ фаъолият мекунанд ва бо мушкилоти сангине чун андозҳои баланд ва қимати иҷора рӯ ба рӯ ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, давлат метавонад бо дастгирии соҳа дар симои расонаҳои ғайридавлатӣ барои худ шарикони боэътимод пайдо кунад.
Ӯ пешниҳод кард, ки барои лоиҳаҳои иҷтимоӣ грантҳои давлатӣ ҷудо карда шаванд, имтиёзҳои андозӣ (махсусан барои расонаҳои хусусӣ) ҷорӣ ва монеаҳои маъмурӣ ҳангоми иҷозатномадиҳӣ коҳиш дода шаванд.
Амиршоева ҳамчунин таъкид кард, ки бояд дастрасии баробар ба иттилоот ва иштироки расонаҳои мустақил дар чорабиниҳои расмӣ дар баробари ВАО-и давлатӣ таъмин карда шавад.

Бино ба омори Вазорати фарҳанг, дар соли 2025 теъдоди рӯзномаҳои мустақил дар Тоҷикистон аз 68 ба 61 адад коҳиш ёфта, баръакс, нашрияҳои давлатӣ афзудаанд.
Ба гуфтаи коршиносон, дар даҳсолаи охир шумори расонаҳои хусусӣ дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфта, имрӯз аксари нашрияҳо минбари иттилоотии вазорату идораҳо ва созмону анҷуманҳои давлатӣ маҳсуб мешаванд ва шумори нашрияҳои воқеан мустақили фаъол ба 10 номгӯй ҳам намерасад.
Муқоиса бо соли 2012 нишон медиҳад, ки давоми 14 сол шумораи расонаҳои хусусӣ ба таври назаррас кам шудааст. Аз майдон рафтани нашрияҳое чун “Миллат”, “Нигоҳ”, “Озодагон”, хабаргузориҳои “Тоҷнюс”, “Озодагон” ва ба ҷойи онҳо рӯйи саҳна наомадани расонаҳои иҷтимоиву сиёсӣ вазъро ба гунае нишон медиҳад, ки ҳузури расонаҳои мустақили фаъол дар кишвар камранг аст.
Вазорати фарҳанг, ки мақоми ваколатдори соҳа аст, сабаби баста шудани баъзе нашрияҳоро ба камбудиҳои молиявӣ рабт дода, таъкид мекунанд, ки озодии баён бояд дар доираи қонун бошад.
Дар раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла сабаби асосии ин раванд маҳз саркӯби озодии баён, фишор ба рӯзноманигорон ва баста шудани расонаҳо дар чанд соли ахир ном бурда мешавад, аммо Вазорати фарҳанг ба ин омилҳо ҳеҷ ишора намекунад.
Дар ин муддат дар Тоҷикистон барои таъсис ёфтани ҳатто як шабакаи телевизионии хусусии умумиҷумҳурявӣ мусоидат нашуд ва талошҳое, ки ҳам дар ин росто сурат гирифт, ба нокомиҳо анҷомид.