AI: Аз байн бурдани "лайк" кори дуруст буд, вале вазъ зиёд тағйир накард
     TJ RU EN
06:12 / 2026-04-21

AI: Аз байн бурдани "лайк" кори дуруст буд, вале вазъ зиёд тағйир накард

20.04.2026 ROДухтари Рухшона Ҳакимова ба акси модараш нигоҳ мекунад. Ин хабарнигор дар доираи парвандаи ба ном "талоши табаддулот" соли 2025 ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Созмони Афви байнулмилал (Amnesty International) мегӯяд, рӯйдодҳои ахир нишон медиҳанд, ки “ҷаҳон дар остонаи як аҳди нави хатарноке қарор дорад” ва ҳуқуқи байналмилаливу ҳуқуқи башар мавриди ҳамла қарор мегиранд.

Гузориши ин созмон бо номи “Вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон”, ки 21 апрел нашр шуд, равишҳои сиёсию ҳуқуқӣ дар 144 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро хулоса кардааст. Гузориши беш аз 400-саҳифаӣ аз ҳамлаи ИМА ва Исроил ба Эрону дар посух – интиқоми бебандубори Эрон танқид кардаву амалҳои Исроилро дар Ғазза – “наслкушии фаластиниҳо” номидааст, баҳое, ки Исроил бо он қотеона розӣ нест.

Афви байнулмилал ҳукумати Толибонро барои саркӯби озодии духтарону занон, Русияро барои идомаи ҷанг дар Украина ва ҳамлаҳои бебандубор ба сокинони мулкӣ интиқод кардааст.

Агнес Калламард, дабири кулли Афви байнулмилал дар изҳороти матбуотие гуфтааст, “фарқи ин марҳила аз гузаштаҳо дар он аст, ки ...мо шоҳиди ҳамлаҳои мустақим ба зербинои ҳуқуқи башар ва назму тартиботи қонунҳои байналмилаллӣ аз ҷониби бозигарони қудратмандтарин ҳастем, ки дар фикри назорат, беҷазоӣ ва манфиатанд”.

Гузориши нав ба таври ҷудогона вазъ дар Тоҷикистонро таҳқиқ карда, ба марги зиндониҳои сиёсӣ, ҳукмҳои тӯлонии сиёсатмадорон, ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ, дастрасии нокофии сокинон ба оби пок ва дигар мавзӯъҳо таваҷҷӯҳ кардааст.

Интихоботи бидуни нозирони беруна

Афви байнулмилал дар арзёбии таҳаввулоти Тоҷикистон дар соли 2025 нахуст аз роҳ наёфтани нозирони интихоботии САҲА ба интихоботи парлумонии моҳи март ёдовар шудааст. Ин нахустин ҳодисае дар таърихи интихоботҳои Тоҷикистон буд, ки коршиносони ин созмони ҳомии демократия натавонистанд аз ҷараёни раъйдиҳӣ назорат кунанд.

Дар изҳороте моҳи феврали порсол САҲА гуфт, "набуди кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи парвона ё аккредитатсияи нозирон" боис шуд, ки аз назорати интихоботи моҳи март даст кашад. Каме баъд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мушкилро бори худи созмон карда гуфт, нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА тартиби сабтиномро риоя накарда, кишварро тарк намуданд.

Марги зиндониҳои сиёсӣ

Бахши муҳими гузориши Афви байнулмилал ба вазъи зиндонҳову ҳабсҳои баҳсбарангез бахшида шудааст. Аз ҷумла, гузориш таъкид мекунад, ки “зоҳиран, шароит дар боздоштгоҳҳо, аз ҷумла, камбуди муолиҷаи муносиби тиббӣ сабаби марги чандин зиндонӣ гардидааст”. Гузориш мегӯяд, дар нимаи аввали соли 2025 дастикам ҳафт маҳбуси сиёсӣ, аз ҷумла панҷ фаъоли помирӣ дар дохили зиндон даргузаштанд. Инҳо: Қулмамад Паллаев, Боғшо Имматшоев, Аслан Гулобов, Музаффар Давлатмиров ва Эроншо Маҳмадраҳимов.

Афви байнулмилал мегӯяд, сабаби марги онҳо таҳқиқ нашуд. Зубайдуллоҳи Розиқ, собиқ узви аршади ҲНИТ, ки мӯҳлати 25-солаи ҳабсро пуштисар мекард, моҳи сентябр даргузашт.

Саидаъзам Раҳмонов дар муддати кӯтоҳи баъди бозгашташ аз Олмон боздошт шуд ва дар шадоити баҳсбарангез даргузашт

Афви байнулмилал инчунин аз марги Саидаъзам Раҳмонов як моҳ баъди боздошташ дар моҳи октябр хабар додааст. Гузориш бо ишора ба хешовандони Раҳмонов навиштааст, ки дар бадани ӯ нишонаҳое аз латукӯб ва захм аз расидани маводи барқӣ мушоҳида шудааст. Мақомот сабаби марги Раҳмоновро “худкушӣ” номидаанд.

Зимнан, мақомот дар Тоҷикистон зиёд будани ҳодисаҳои маргумир дар маҳбасҳоро тасдиқ мекунанд. 14 апрели имсол дар нишасти Кумитаи Созмони Милал барои мубориза бо шиканҷа дар шаҳри Женева вазири адлия Музаффар Ашӯриён аз 89 ҳолати марги маҳбусон дар соли 2025 хабар дод ва гуфт, ки аксари онҳо бар асари беморӣ ҷон додаанд.

Дар ин нишаст ҳам аз шароити номуносиби нигаҳдории зиндониҳо дар маҳбас интиқод шуд.

Аз байн бурдани ҷазо барои "лайк"

Денис Кривошеев, муовини мудири минтақавии Афви байнулмилал оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз байн бурдани ҷазо барои "лайк" шояд ягона хабари мусбати сол буд. Ӯ гуфт:

"Дар бораи озодии баён ҳам мо нигарониҳое дорем. Аз байн бурдани ҷазо барои “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ як ҳодисаи хурди мусбате буд, вале вазъи озодии баён зиёд тағйир накард, чун саркӯби ҷиддии озодии сухан андеша вуҷуд дорад. Хабарнигорону фаъолон таъқиб мешаванд. Дар натиҷа, иттилоот дар бораи вазъи ҳуқуқи башар ҳам дуруст инъикос намеёбад. Дарёфти чунин маълумот сахт аст ва мақомот ҳам аз ин чиз бисёр хуб истифода мекунанд".

 

Беҷазоӣ барои шиканҷа ва ҳабсҳои худсарона

Созмони Афви байнулмилал мегӯяд, ҳомиёни ҳуқуқ аз шиканҷаву бадарафтории кормандони ҳифзи қонун дар муассисаҳои ислоҳӣ, ба мисли латукӯб, рад шудани ёрии тиббӣ, манъи муошират бо наздикон шикояти зиёде кардаанд. Бо ин вуҷуд, мегӯяд гузориш, танҳо як афсар дар давоми сол барои шиканҷа ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Дар гузориши мақомоти Тоҷикистон дар ҳамон нишасти Женева, баръакс, аз шадидтар шудани ҷазо барои шиканҷа ситоиш ва таъкид шудааст, ки давоми панҷ соли гузашта бо гуноҳи шиканҷаву бадрафторӣ дар Тоҷикистон 13 парвандаи ҷиноӣ боз карда ва 11 нафарро паси панҷара фиристодаанд.

Афви байнулмилал парвандаи гурӯҳи чеҳраҳои саршиносеро, ки моҳи феврали соли 2025 бо иттиҳоми баҳсбарангези “талоши ғасби қудрат” ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шуданд, чун намунаи “ҳабси худсаронаву мурофиаи ноодилона” ёдовар шудааст.

Гузориш мегӯяд, мурофиаи сиёсатмадорон ва кормандони пешини ҳукумат, ки ба муддати то 27 сол маҳкум шуданд, “аз чашми ҷомеа пинҳон гузашт ва мақомот ҳеҷ далелеро дар бораи гунаҳгор будани онҳо пешкаш накарданд”.

Бузургмеҳр, Рухшона ва Аҳмади Иброҳим

Гузориш инчунин аз беэътиноӣ ба даъвати ҳомиёни ҳуқуқ барои озод шудани ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров ёдовар шудааст, ки аз ҷониби 12 созмони бонуфузи ҳуқуқи инсон нашр шуд. Ёров соли 2015 баъди изҳори омодагиаш барои ҳимояти ҳуқуқи боздоштшудаҳои узви ҲНИТ ба 23 соли ҳабс маҳкум гардид.

Ҳукмҳои тӯлонии Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар Кӯлоб ва Рухшона Ҳакимова, хабарнигорони таҳқиқгарро Афви байнулмилал чун намунаҳои саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон мисол овардааст.

Чун намунаи вуҷуди табъйиз гузориш аз вазъи помириҳои сокини ВМКБ мисол оварда мегӯяд, “забон, фарҳанг ва ҳуввияти динии онҳо бо маҳдудият рӯбарӯ аст”. Пешвову фаъолони ин ҷомеа дар паи эътирозҳои солҳои 2021 ва 2022 худсарона боздошт ва ҳабс шуда, ҳеҷ нафари онҳо ба барномаи бахшиши президент, ки моҳи марти порсол татбиқ шуд, ворид нашуданд.

Гузориш инчунин аз ихроҷи дастаҷамъонаи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз ҷониби кормандони КДАМ, ки дар Тоҷикистон ҷӯёи сарпаноҳ ва амният буданд, интиқод кардааст. Дар бахши хушунат алайҳи занон Афви байнулмилал аз мушкилоти мисли зӯроварӣ ва никоҳҳои барвақтии духтарон, афзоиши 15-дарсадии ҳодисаҳои хушунат нисбати занон дар нимсолаи аввали 2025 ёдовар шудааст.

Ҳуқуқ ба оби пок

Гузориш инчунин аз ҳуқуқи сокинон ба дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ ёдовар шудааст. Он мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон нақшаи сармоягузории 300 миллион долларро барои таъмини дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ қабул кард ва қисми калони ин маблағ қарор аст тавассути ёриҳои байналмилалӣ дастрас мешуд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки 59% аҳолии Тоҷикистон ба оби лӯлаҳои марказонидишуда дастрасӣ надоранд ва 8% умуман аз дастрасӣ ба манбаи об маҳруманд. Вазъ дар деҳот аз ҳама бад аст ва 85% аҳолӣ ба низоми обу корез пайваст нест.

https://www.ozodi.org/a/az-bayn-burdani-layk-kori-durust-bud-vale-vaz-ziyod-taghyir-nakard-afvi-baynulmilal/33736956.html


Тақвим

<< < Декабрь 2025 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        
 
Пайвандҳои лозима