6 феврал дар кадом ниҳодҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад?
     TJ RU EN
05:31 / 2026-02-13

6 феврал дар кадом ниҳодҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад?

Press-conference tj6 феврал дар як қатор вазорату идораҳои давлатӣ нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 баргузор мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, нишастҳо дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод баргузор мешаванд.

Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ (6 феврал)

СоатВазорату идора
09:00 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
09:00 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод
10:00 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
10:00 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун
11:00 Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
14:00 Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо рақамҳои зерин дар тамос шавед: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ.

 


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2025 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31        
     
    Пайвандҳои лозима