27 январ дар кадом ниҳодҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад?
     TJ RU EN
12:20 / 2026-03-04

27 январ дар кадом ниҳодҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад?

Press-conference tj27 январ дар як қатор вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва сохторҳои давлатӣ нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 баргузор мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, нишастҳо дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология, Маркази миллии тестӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ (27 январ)

СоатВазорату идора
08:00 Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
08:00 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
09:00 Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
09:00 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур
10:00 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
10:00 Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон
11:00 Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
14:00 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо рақамҳои зерин дар тамос шавед: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ.

 


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2025 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31        
     
    Пайвандҳои лозима