5 феврал як қатор кумитаҳо, агентӣ ва сохторҳои давлатӣ нишастҳои матбуотии худро оид ба натиҷаҳои фаъолияти соли 2025 баргузор менамоянд. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», нишастҳо дар чандин идораҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаанд.
Ин нишастҳои матбуотӣ барои пешниҳоди маълумоти расмӣ, тавзеҳи натиҷаҳои солона ва посух ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма равона гардида, ба боло бурдани сатҳи шаффофият ва ҳисоботдиҳии сохторҳои давлатӣ мусоидат мекунанд. Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳоро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намудаанд.
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ 5 феврал 2026
| Соат | Идора / Макон |
|---|---|
| 08:00 | Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| 09:00 | Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| 09:00 | Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
| 09:00 | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе) |
| 10:00 | Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| 11:00 | Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (кӯчаи Қаҳҳоров, 35, рӯ ба рӯи меҳмонхонаи «KANGURT») |
Тибқи иттилои манбаъ, эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо рақамҳои зерин дар тамос шавед:
Хадамоти могниторингиии АМВАОМТ











