2 феврал кадом мақомоту идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд?
     TJ RU EN
08:29 / 2026-02-03

2 феврал кадом мақомоту идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд?

Press-conference 1Рӯзи 2 феврал дар чандин вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 баргузор мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаи мазкур, ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ чунин аст:

  • Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон — соати 08:00;
  • Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон — соати 08:00;
  • Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — соати 09:00;
  • Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов — соати 09:00;
  • Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») — соати 10:00;
  • Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — соати 11:00 (нишаст дар Донишкадаи исломӣ баргузор мешавад);
  • Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ — соати 14:00.

Гуфта мешавад, ки масъулони вазорату идораҳо вақти баргузории нишастҳоро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд. Эълонҳои иловагӣ дар бораи ҷадвали нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи агентӣ нашр мешаванд.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ва ҳамоҳангсозӣ рақамҳои зерин фаъол мебошанд: 238-54-23888-08-34-04946-04-00-00.


Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2025 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31        
     
    Пайвандҳои лозима