Хадамоти алоқа сабаби суст шудани суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистонро гуфт
     TJ RU EN
03:15 / 2026-01-30

Хадамоти алоқа сабаби суст шудани суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистонро гуфт

20260129 SputnikСуръати интернет дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафтааст.

Дар ин бора Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, суръати интернети статсионарӣ то соли 2025 аз 30 Мбит/с то беш аз 40 Мбит/с афзоиш дода шуд. Ӯ инчунин таъкид кард, ки суръати интернети симӣ дар ду соли оянда то 100 Мбит/с боло бурда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, яке аз сабабҳои асосии суст будани суръати интернет дар Тоҷикистон афзоиши даҳкаратаи талабот будааст.
Дархостҳои пайвастшавӣ дар панҷ соли охир аз 3 ГБ то 30 ГБ афзоиш ёфтаанд.
Ин боиси афзоиши сарборӣ дар истгоҳҳои асосӣ шудааст, гуфт раиси ин Хадамоти.

Исфандиёри Саъдулло инчунин хабар дод, ки Тоҷикистон маблағгузорӣ барои рушди шабакаҳои соҳаи алоқаро дар соли 2025 барзиёд иҷро кардааст.

Тибқи гузориши хадамоти дахлдор, дар соли 2025 ба ҷои 855,1 миллион сомонӣ ба соҳа 856,7 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ дар соли 2025 ба маблағи 5,5 млд сомонӣ даромадж гирифтаанд нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 16,6% зиёд мебошад.

Ҳамзамон, аз ҳисоби ин даромадҳо ба буҷети давлат андозҳо ба маблағи 1,7 млрд сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2024 254,7% зиёд мебошад.

Ин ниҳод инчунин қайд кард, ки мессенҷери миллии "Ориз" айни замон дар Тоҷикистон бо 130 ҳазор корбар дар ҳолати санҷишӣ фаъолият мекунад.

https://sputnik.tj/20260129/khadamoti-aloqa-surati-interneti-mobili-tojikiston-1074860177.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2025 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31        
     
    Пайвандҳои лозима