Бо истинод ба иттилои АМИТ «Ховар», рӯзи 30 январ дар чанд вазорату идораҳои кишвар нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 баргузор мегарданд.
Тибқи маълумоти манбаъ, нахустин нишаст соати 08:00 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.
Соати 09:00 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии худро дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (кӯчаи академик А. Адҳамов, 11/2, рӯ ба рӯи Литсейи №4) баргузор менамояд.
Дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 10:00 оғоз меёбад.
Соати 11:00 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотии худро баргузор мекунад.
Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соати 13:00 муқаррар шудааст.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки масъулони вазорату идораҳо вақти баргузории нишастҳоро бо ин агентӣ мувофиқа менамоянд. Эълонҳои навшуда дар бораи ҷадвали нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи агентӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ва ҳамоҳангсозӣ рақамҳои зерин фаъол мебошанд: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.











