Табрикоти солинавӣ
     TJ RU EN
08:50 / 2026-01-02

Табрикоти солинавӣ

20251230 Tabrikoti NANSMITАссотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ҳамаи аъзоён, ташкилотҳои аъзо, бенефитсиарҳо, донорҳо ва шарикони худро ба муносибати фарорасии Соли нави 2026 самимона табрик менамояд.

Соли сипаришуда дар баробари баъзе нокомиҳо, барои рушди журналистикаи мустақил, таҳкими муҳити расонаӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим соли пурсамар буд. Натиҷаҳои ба дастомада маҳсули ҳамкории созанда, дастгирии пайваста ва эътимоди ҳар кадоми Шумо мебошанд. Мо ба саҳми ҳар як шарик, ҳамкор ва аъзои ҷомеаи расонаӣ арҷ гузошта, бовар ба онем, ки дар Соли нави милодӣ комёбиҳо афзун мегарданд.

АМВАОМТ умедвори он аст, ки соли 2026 барои ҳамаи Шумо соли имкониятҳои нав, муваффақиятҳои касбӣ, суботи созанда ва пешрафти минбаъда гардад. Ба Шумо саломатии бардавом, осоиштагӣ ва комёбиҳои тоза таманно дорем.

Бо эҳтиром,
Тими АМВАОМТ


Тақвим

<< < Декабрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима