Дар Алмато тренинг оид ба AI‑журналистика барои мутахассисони расонаии Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад
     TJ RU EN
11:35 / 2025-12-23

Дар Алмато тренинг оид ба AI‑журналистика барои мутахассисони расонаии Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад

20251223 AGILEАз 9 то 11 феврали соли 2026 дар шаҳри Алмато тренинг оид ба AI‑журналистика барои рӯзноманигорони мустақил ва блогерҳо аз Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор мегардад. Омӯзиш дар доираи лоиҳаи AGILE — Advancing Global Innovation and Learning Effectively, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ мешавад, роҳандозӣ гардида, ба таҳкими устувории расонаҳои мустақил равона шудааст.

Иштирокчиён истифодаи этикӣ ва бехатари абзорҳои зеҳни сунъӣ, усулҳои фактчекинг, кор бо додаҳо ва таҳияи лоиҳаи шахсии расонаиро меомӯзанд. Дар поёни барнома 13 иштирокчӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои худ грантҳои 3000‑еврогӣ мегиранд.

Иштирок ройгон аст.Барои иштирокчиён аз дигар шаҳру минтақаҳо будубош ва роҳкиро пардохт карда мешавад. Мӯҳлати охирини қабули дархостҳо — 6 январи соли 2026, натиҷаҳои интихоб — то 13 январ. Дархостро метавонед аз ин ҷо пешниҳод намоед.

AGILE — барномаи байналмилалӣ оид ба таҳкими расонаҳои мустақил ва дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Лоиҳа дар 10 кишвари Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ амалӣ шуда, аз декабри соли 2024 оғоз ёфтааст ва барои 4 сол пешбинӣ шудааст. Буҷаи он 10,5 миллион евро буда, ташаббус аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва консорсиуми таҳти роҳбарии Internews Europe онро иҷро мекунад.

Маълумоти муфассалтарро дар бораи тренинг метавонед аз ин ҷо дастрас намоед.

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ


Тақвим

<< < Декабрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима