Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон 15-умин Муколамаи оиди ҳуқуқи инсонро 17 октябри соли 2025 дар Брюссел баргузор намуданд. Муколама имкон дод, ки табодули ошкоро ва созанда оид ба масъалаҳои асосии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқи занон, зӯроварии гендерӣ ва манъи табъиз баррасӣ шаванд. Дар ин росто, Иттиҳоди Аврупо талошҳои доимиро ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ истиқбол намуда, барои ба натиҷаҳои мушаххас табдил додани ин ӯҳдадориҳо амали устуворро ташвиқ кард.
Дар заминаи пешгирии шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибатҳои ғайриинсонӣ, инчунин ислоҳоти пенитенсиарӣ, ҷонибҳо чораҳои ҳалли камбудиҳо, зарурати таъсиси низоми мустақили мониторинг ва пайгирии муассири судиро баррасӣ карданд.
Диққати махсус ба ҳимояи озодиҳои асосӣ, бахусус озодии баён ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ дода шуд. Иттиҳоди Аврупо аз фазои кори рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронии ҷиддӣ изҳор намуда, аз мақомот даъват кард, ки сабти такрории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро, ки маҷбур шуданд фаъолияти худро қатъ диҳанд, фароҳам оваранд. Иттиҳоди Аврупо рӯйхати парвандаҳои мушаххаси ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносон зиндонишударо ба миён оварда, озодии фаврӣ ва бидуни шарти онҳоро дархост намуд. Иттиҳоди Аврупо аз набудани пешравӣ дар вазъи ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) изҳори Тоҷикистонро ба муколамаи созанда ва ошкоро бо ақаллияти помирӣ ташвиқ кард. Иттиҳоди Аврупо аз мақомот даъват ба амал овард, то стандартҳои байналмилалии мурофиаи одилона риоя карда шаванд.
Муколама оид ба ҳуқуқи инсон ба Иттиҳоди Аврупо имкон дод, то пешрафтро дар таҳияи қонунҳои марбут ба ҳуқуқи инсон эътироф карда, таъкид кунад, ки татбиқи самаранокии он калидӣ боқӣ мемонад.
Муколамаи мунтазам оид ба волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон ҳамчунон пояи асосии муносибатҳои дуҷониба боқӣ мемонад. Пешбурди эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, бахусус дар соҳаҳои гуногунандешии сиёсӣ, озодии баён, мустақили ВАО ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин замина, Иттиҳоди Аврупо таъкид кард, ки пешрафти назаррас дар ин соҳаҳо, бахусус дар робита ба озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва ҳифзи ақаллиятҳои этникӣ ва мазҳабӣ дар Тоҷикистон, барои қарори бомуваффақият оиди дархости GSP+, муҳим хоҳад буд. Пас аз парафгузории Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурда (EPCA) байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2025, Муколама оид ба ҳуқуқи инсон ӯҳдадории муштаракро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба тасдиқ кард. Иттиҳоди Аврупо таъкид кард, ки ҳамкориҳои бомуваффақияти иқтисодӣ дар доираи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурда аз ҷониби институтҳои қавии демократӣ ва пешрафти давомдор дар риояи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ пуштибонӣ хоҳанд шуд.
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон,
Душанбе, 22 октябри соли 2025