МУРОҶИАТИ АМВАОМТ БА ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ВА СУДИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН
     TJ RU EN
04:13 / 2025-01-25

МУРОҶИАТИ АМВАОМТ БА ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ВА СУДИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН

Brend NANSMITАссотсиасияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Точикистон (АМВАОМТ) ҷонибдории хешро ба таҳкими волоияти қонун дар кишвар иброз дошта, ҳамзамон, аз Прокуратураи генералӣ ва Суди Олии Тоҷикистон тақозо дорад, ки бинобар ошкор ва расонаӣ шудани ҳолатҳои нав дар қазияи ҷиноятии Аҳмади Иброҳим – сармуҳаррири нашрияи “Пайк” он мавриди бознигарӣ қарор бигирад. Муроҷиати Аҳмади Иброҳим ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ ва силсилаи маводи радиои “Озодӣ” ва вокуниши созмонҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи журналистон ба ин иқдом водор мекунанд.

Мусаллам аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танҳо ба суд ваколат додааст, ки инсонро аз озодӣ маҳрум созад, гунаҳгорӣ ва бегуноҳии шахсро муқаррар намояд, ҳаёт, қадру номус, моликият ва дигар ҳуқуқҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро ҳифз карда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро таъмин намояд. Мутаассифона,баъзе судяҳо дар вақти баррасии парвандаҳо беаҳаммиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд ва ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд., Чунин камбудиҳо дар ҷараёни тафтишот низ эҳтимолан ба назар расанд. Тавре, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат дар мулоқоти худ бо кормандони мақомоти судии кишвар таъкид намуданд, қисми зиёди муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба низоми судӣ, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ворид мешаванд, шикоят аз амалҳои судяҳо, кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо ва норозигӣ нисбат ба санадҳои судӣ мебошанд. Афзун гардидани шикояҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, ба унвони мақомоти олии қонунгузор аз коҳиши эътимоди мардум ба низоми судӣ ва мустақилияти он ишора мекунад.

Бинобар ин, аз Прокуратураи генералӣ, ҳамчун мақоми волои назоратӣ ва Суди Олии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш дорем, ки сару садоҳо ва ҳолатҳои нав пайдошударо дар робита ба қазияи ҷиноятии Аҳмади Иброҳим ҳамаҷониба таҳқиқ намоянд, то бо риояи усули эҳтимолияти бегуноҳӣ волоияти қонун ва адолати судӣ нисбат ба шаҳранд ва журналист татбиқ карда шавад.

Нуриддин Қаршибоев,
Раиси АМВАОМТ,
Душанбе, 24 январи соли 2024

 

Тақвим

<< < Декабрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима