Рухшона Ҳакимова бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аст
Додситон ба рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова 17 сол зиндон талаб кардааст.
Ҳакимоваи 31-сола, бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, аст.
Мақомот ӯро дар доираи парвандаи маъруф ба "табаддулот" ба "хиёнат ба давлат" (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад медонанд. Рухшона Ҳакимова ва вакили мудофеаш барои шарҳи масъала дастрас нестанд.
Талаби додситон нисбат ба Рухшона Ҳакимова рӯзи 8-уми январ дар мурофиаи паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳ садо додааст. Радиои Озодӣ тасдиқи хабарро рӯзи 22-юми январ гирифт.
Як манбаи наздик ба тафтишот дар нимаи моҳи октябри соли 2024 парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дод. “Баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он пурсиш назар додаанд,” – афзуд ӯ.
Дар бораи назарпурсӣ ва суолҳояш манбаи мо изҳори бехабарӣ кард. Вай гуфта натавонист, ки ба ҷуз пурсиш дар мавриди нуфузи Чин қазияи Рухшона Ҳакимова ба парвандаи “талоши табаддулот” иртиботи дигаре дорад ё не.
Инчунин, ошкор нест, ки оё ин пурсиши афкор вокуниши тарафи Чинро ба миён овардааст ва чаро он бояд заминаи парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” шуда бошад.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ба далели кӯдаки ширхора доштан Рухшона Ҳакимова ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст, вале шиносномааш мусодира шуда, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодист.
Рухшона Ҳакимова хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ дар Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва баъзе аз созмонҳои рӯзноманигорӣ кор кардааст. Соҳиби ду фарзанд.
Парвандаи маъруф ба “табаддулот” дар моҳи июни соли 2024 боз шуд. То кунун дар доираи он 8 кас боздошт гардида, муҳокимаашон дар ҳоли анҷомёбист.
https://www.ozodi.org/a/talabi-17-sol-zindon-ba-rukhshona-hakimova/33284997.html