Даври омӯзишӣ дар мавзӯи ҳуқуқӣ ва дурӯғпароканӣ дар Суғд
     TJ RU EN
04:06 / 2025-01-18

Даври омӯзишӣ дар мавзӯи ҳуқуқӣ ва дурӯғпароканӣ дар Суғд

TreningОё Шумо мехоҳед, фаъолияти касбиатонро дар муҳити бехатар муваффақона идома диҳед? Пас ин даври омӯзиш барои Шумост!

АМВАОМТ журналистон ва блогерони муқими вилояти Суғдро барои иштирок дар тренинги серузаи «Рушди малакаҳои ҳуқуқӣ ва тавонмандсозии журналистону блогерони ҷавон барои мубориза бо иттилооти бардуруғ”, ки 7-9 феврали соли 2025 дар ш. Хуҷанд, “Кохи матбуот” баргузор мегардад, даъват менамояд.

Дар даври омӯзиш масоили зерин баррасӣ мегарданд:

- Таъмини ҳимояи ҳуқуқии фаъолияти касбӣ;
- Шинохти маълумоти бардурӯғ ва таблиғот;
- Абзори далелсанҷӣ ва истифодаи онон;
- Омилҳои ахлоқию равонии фаъолияти эҷодӣ.

Бишитобед! Ҷойҳо маҳдуданд.

Дархостро то 31 январ фиристед: http://surl.li/fkqafr

Тренинг дар чаҳорчубаи лоиҳаи «Фароҳам овардани муҳити бехатар барои фаъолияти касбии рӯзноманигорон ва блогерон дар Тоҷикистон» бо дастгирии Комиссияи рушди демократияи Сафорати ИМА дар Душанбе баргузор мегардад.

Бахши мониторингии АМВАОМТ


Тақвим

<< < Декабрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима