АМВАОМТ мураббиёни коршиносро барои татбиқи Барномаи дастгирии ҳуқуқии ВАО, рӯзноманигорон ва блогерҳо дар Тоҷикистон меҷӯяд, ки дар доираи он як қатор чорабиниҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Мо ба мутахассисоне ниез дорем, ки донишу малакаҳои кофӣ:
- дар соҳаи ҳуқуқи ВАО ва рӯзноманигорон, аз ҷумла стандартҳои байналмилалии озодии сухан;
- дар соҳаи ҳуқуқи рақамӣ ва амнияти киберӣ;
- дар соҳаи шинохти иттилооти бардурӯғ, фактчекинг ва санҷиши аксҳо ва видеоҳо дошта бошанд.
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи ВАО ва ҳуқуқтатбиқкунӣ истиқбол карда мешавад.
ТАЛАБОТ БА НОМЗАДҲО:
- дорои таҳсилоти олӣ дар соҳаи журналистика ё ҳуқуқ, робита бо ҷомеа, илмҳои иҷтимоӣ, психология, маориф, сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ё соҳаи марбута;
- дорои на камтар аз 5 сол таҷрибаи кории дахлдор дар соҳаи ҳуқуқи ВАО, ВАО, робита бо ҷомеа, коммуникатсия, маркетинг дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва эҷоди мундариҷа;
- маҳорати муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- қобилияти доир намудани гуфтушунид ва ҳамкорӣ бо ҷонибҳои гуногуни манфиатдор аз қишрҳои гуногуни ҷомеа;
- донистани мӯтаво ва мундариҷаи ВАО дар Тоҷикистон;
- дорои қобилият ва устувории кори дастаҷамъона ва мустақилона;
- қобилияти кор кардан дар шароити норасоии вақт ва мӯҳлатҳои маҳдуд.
Хоҳишмандон метавонанд варақаи тарҷумаиҳолӣ ва тарҳи барномаи пешакиро (интихоби мавзӯъҳои пешбинишуда барои муҳокима дар тренинг) тавассути почтаи электронӣ фиристанд: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тими АМВАОМТ