Ба тренинг ШИТОБЕД!
     TJ RU EN
01:47 / 2024-12-03

Ба тренинг ШИТОБЕД!

20241126 Obyavlenie treninga RWBАМВАОМТ қабули иштирокчиёнро барои тренинги серӯза дар мавзӯи «Рушди малакаҳои ҳуқуқӣ ва рақамӣ ҳамчун кафолати фаъолияти бехатари журналистону блогерҳо дар Тоҷикистон», ки рӯзҳои 13-15 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбебаргузор мегардад, эълон менамояд. Макони баргузорӣ: кӯчаи Бухоро, 78, меҳмонхонаи «Гулистон».

Ҳадаф аз баргузории ин тренинг такмили маҳорати рӯзноманигорону блогнависони ҷавон дар самти дифоъи ҳуқуқӣ ва муқовимат ба маълумоти бардурӯғу таблиғот мебошад.

Дар рафти чорабинии таълимӣ ҷанбаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:

  • Чӣ тавр худсензуриро бартараф кардан мумкин аст?
  • Низоми худмудофиаи ҳуқуқиро чӣ гуна бояд ташкил ва татбиқ кард?
  • Шинохтани маълумоти бардурӯғ ва таблиғ;
  • Санҷиши далелҳо ва мавод (дурӯғпароканӣ);
  • Саволҳои дигар дар асоси ниёзҳои иштирокчиён.

Оё шумо мехоҳед, ки ба худ боварии комил дошта бошед ва ҳамчун муттахассиси касбӣ дар соҳаи ВАО кор кунед?

Пас ин тренинг барои шумост!

Шитобед, ҷойҳо маҳдуданд.

Хароҷоти иштирокчиёни беруназшаҳрӣ аз ҷониби ташкилкунандагон ҷуброн карда мешавад.

Дархостро то 5 декабри соли 2024 дар ин ҷо пешниҳод кардан мумкин аст: https://forms.gle/3GM8z7UgJcorzxk17

Тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи "Таҳияи механизми дастгирии тадбирии ҳуқуқии рӯзноманигорон ва блогерҳо дар Тоҷикистон"  бо кӯмаки молиявии созмони байналмилалии "Хабарнигори бидуни марз" амалӣ мегардад.

Тими АМВАОМТ 

 

Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима