ПЕШНИҲОДИ КӮМАКИ ҲУҚУҚӢ БА РУЗНОМАНИГОРОНУ БЛОГНАВИСОН
     TJ RU EN
11:53 / 2024-12-24

ПЕШНИҲОДИ КӮМАКИ ҲУҚУҚӢ БА РУЗНОМАНИГОРОНУ БЛОГНАВИСОН

20241122 NANSMITИмрӯзҳо ташкилоти ҷамъиятии "Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон" (АМВАОМТ) лоиҳаи "Таҳияи механизми дастгирии ҳуқуқии бармаҳал ба рӯзноманигорон ва блогерон дар Тоҷикистон"-ро амалӣ менамояд.

Яке аз самтҳои асосии лоиҳаи мазкур - расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба рӯзноманигорон ва блогнависони кишвар ҳангоми фаъолияти касбии онҳо мебошад. Ин лоиҳа ҷузъи барномаи фарогири ҳуқуқии АМВАОМТ аст.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои лоиҳавӣ АМВАОМТ таҷрибаи қабули дархостҳои рӯзноманигорон ва блогерҳоро таҳия ва роҳандозӣ намудааст, истифодаи чанд канали иртиботро дар назар дорад.

Рӯзноманигорон ва блогнависоне, ки таҳти фишор ва таъқиботи ҳуқуқӣ ё дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доранд, метавонанд бо истифода аз яке аз роҳҳои зерин маслиҳати ҳуқуқӣ гиранд:

- тавассути равзанаи машварат (меню/барнома)-и сомонаи АМВАОМТ;

- тавассути равзанаи чат дар сомонаи АМВАОМТ;

- тавассути саҳифаи АМВАОМТ дар Telegram (https://t.me/nansmittj);

- тавассути саҳифаи расмии АМВАОМТ дар Instagram (https://www.instagram.com/nansmit.amvaomt/profilecard/?igsh=M2F1dXZjZTZzNHhj);

- тавассути саҳифаи АМВАОМТ Facebook (https://www.facebook.com/share/15kKy1rt72/);

- тавассути яке аз почтаҳои расмии АМВАОМТ ( Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ).

Онҳо инчунин метавонанд бо рақами +992 93 504 3013 дар тамос шуда, барои машварати ҳузурӣ (рӯ ба рӯ) номнавис шаванд.
Лоиҳаи "Таҳияи механизми дастгирии ҳуқуқии тадбирии рӯзноманигорон ва блогерон дар Тоҷикистон" бо дастгирии молии ташкилотибайналмилалии «Гузоришгарони Бидуни Марз» амалӣ мегардад.

Тими АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима