“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
     TJ RU EN
01:30 / 2024-12-03

“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст

20241120 APИн рӯзноманигори тоҷик дар додгоҳ ҳама иттиҳомро рад кардааст.

Мурофиаи додгоҳии Аҳмади Иброҳим, муассиси ҳафтавори “Пайк” ва рӯзноманигори тоҷик, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Кӯлоб паси дарҳои баста баргузор гардидааст ва барои алайҳи ӯ баёнот додан дастикам 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 мансабдор ба додгоҳ даъват шудаанд.

Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар дода, менависад, ки дар раванди тафтишот наздик ба 100 мансабдори ҳозира ва собиқ, ки давоми 5 соли охир ба ҳисоби бонкии нашрияи “Пайк” пул гузарондаанд, бозпурсӣ шудаанд.

“Тафтишот талош кардааст, аз равобити молии Аҳмади Иброҳим бо ин афрод “ҳолатҳои ҷиноӣ” пайдо кунад. Аммо аксари онҳо гуфтаанд, ки қонунӣ ба ҳафтаномаи “Пайк” обуна шуда, барои саҳм гузоштан дар корҳои фарҳангӣ китоби ӯро харидаанд”, - аз забони манбаъаш менависад расона.

Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот гуфтааст, дар муносибати онҳо ва рӯзноманигор тамаъҷӯйӣ мушоҳида мешавад, вале тақрибан касе ба зидди Аҳмади Иброҳим баёнот надодааст.

Дар ҳамин ҳол, ба мурофиаи додгоҳии Аҳмади Иброҳим, ки паси дарҳои баста ва дар Боздошгоҳи Кӯлоб баргузор гардид, дастикам 20 мансабдор даъват ва бозпурсӣ шудаанд.

Номи мансабдороне, ки дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат кардаанд ва бояд ширкат кунанд, дастраси ин расона шудааст.

Худи Аҳмади Иброҳим дар додгоҳ иттиҳоми тамаъҷӯиро рад карда, онро туҳмат донистааст.

Як мансабдори маҳаллӣ, ки бозпурсӣ шудааст, рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ӯро зери фишор қарор додаанд, то алайҳи Аҳмади Иброҳим дар додгоҳ суҳбат кунад.

“Аҳмади Иброҳим бароям мисли бародар аст. Ман фақат барои обуна шудан ба “Пайк” ба ҳисоби бонкияш пул гузарондаам. “СМС”-ҳое, ки миёни мову ӯ ҳамчун далел пешниҳод шудааст, ҳеч ҷойи тамаъҷӯӣ надорад. Аҳмади Иброҳим маро маҷбур накардааст. Агар маҷбур мекард, ҳамон замон ба мақомот хабар медодам. Бовар кун, додар, зери фишорам. Таҳдид ҳам шудем, ки агар дар додгоҳ иштирок накунӣ, худатро парванда мекунем. Ман маҷбур иштирок мекунам, вале зидди ӯ баёнот намедиҳам”, - гуфтааст ин мансабдор.

Бояд гуфт, ки Аҳмади Иброҳим моҳи августи соли ҷорӣ аввал бо гумони “пешниҳоди пора” ба корманди КДАМ боздошт шуд ва дертар нисбаташ бо иттиҳоми “ифротгароӣ” ва “тамаҷӯъӣ” низ айб эълон гардид. Ба парвандааш “мӯҳри махфӣ” заданд.

Пештар ҳам Аҳмади Иброҳим ҳама иттиҳомотро қабул накардааст, ҳамзамон иттиҳоми “ифротгароӣ”-ро “хандаовар” хонда буд.

Аҳмади Иброҳим 62-сола аст. Ӯ соли 2012 нашрияи “Пайк”, ягона ҳафтаномаи мустақил дар вилояти Хатлонро номнавис кард, аммо дар бештар аз 10 соли охир кори ин расона ҳамвор набуд. Гоҳе барои танқиду тундгӯӣ ба баҳс кашида шуда, гоҳе ба сабаби душвории молӣ аз чоп мондааст.

Дар ҳоле ки созмонҳои байналмилалӣ аз сарнавишти Аҳмади Иброҳим изҳори нигаронӣ мекунанд, ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон дар ин маврид сукут ихтиёр кардааст.

Сурат: Аҳмади Иброҳим, аз саҳифаи фейсбуки "Пайк"

https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20241121/besh-az-100-mansabdor-bozpurs-va-20-nafarashon-ba-dodgo-davat-shudand-murofiai-amadi-ibroim-ooz-shudaast


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима